Рустами Эмомалӣ ва Абдулфаттоҳи Ғоиб якдигарро иваз карданд

© Sputnik / Амир ИсаевРустами Эмомалӣ. Акс аз бойгонӣ
Рустами Эмомалӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи судури як қатор фармону қарорҳои президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Хадамоти гумрук, раиси Оҷонсии фасод, раиси Кумитаи телевизион ва радио аз мақомҳояшон барканор шуданд.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки то ин дам раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон буд, рӯзи 16 март ба курсии раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишаст, менависад сомонаи расмии президент.

Бо қарори раиси ҳукумати Тоҷикистон, Абдулфаттоҳи Ғоиб, раиси, инак, собиқи Оҷонсии зиддифасод раҳбари нави Хадамоти гумрук таъин шудааст.

Дар пайи тағйироти дигар дар ҳукумати кишвар, рӯзи душанбеи 16 март Асадуллои Раҳмон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, низ аз мақомаш барканор ва ёрдамчии раисиҷумҳур дар сиёсати кадрҳо шудааст. Ба ҷои ӯ Маҳмадсаид Пиров таъин гардидааст, ки то кунун ба ҳайси муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон кор мекард ва дар гузашта раҳбари телевизиони "Сафина" ва ширкати "Тоҷиккино" буд.

Ҳоло ба ҷои Пиров Ибодулло Машрабов таъин шудааст, ки то кунун раҳбарии театри ба номи Лоҳутиро бар уҳда дошт ва дар гузашта вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд.

Лентаи хабарҳо
0