Государственный комитет по финансовому контролю и борьбе с коррупцией при правительстве РТ. Архивное фото

Раҳбари гуруҳи тафтишотии парвандаҳои Зайд Саидов мансаби нав гирифт

58
(Таҷдидшуда 09:59 20.03.2015)
Фирӯз Холмуродзода, раҳбари гуруҳи тафтишотии парвандаҳои ҷиноятии Зайд Саидов дар Оҷонсии мубориза ба фасод мансаби нав гирифта, мақомаш болотар рафтааст.

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Фирӯз Холмуродзода, сардори Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Тоҷикистон таъйин шудааст, иттилоъ медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Ин хабарро як манбаи муътамади "Озодагон" аз оҷонсӣ 20 март тасдиқ кардааст.

Холмуродзода дар ин мақом Ҷамолиддин Муҳаммадзодаро иваз намуд, ки қаблан сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон таъйин гардид.

Фирӯз Холмуродзода то кунун ба ҳайси муовини сардори Раёсати тафтишотии Оҷонсӣ кор карда, роҳбари гуруҳи тафтишотии парвандаҳои Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик ва вакили мудофеи маҳкумшудаи ӯ — Шуҳрат Қудратов дар агентӣ ба шумор мерафт.

Ин яке аз нахустин таъйиноти кадрӣ дар Оҷонсии фасод баъд аз таъйин шудани Рустами Эмомалӣ ба раисии ин ниҳоди калидии Тоҷикистон аст.

58
Барчаспҳо:
Раёсати тафтишоти оҷонсӣ, раҳбари гуруҳ, мақом, таъйин, Оҷонсии мубориза зидди коррупсия, Фирӯз Холмуродзода, Шуҳрат Қудратов, Зайд Саидов, Душанбе