Парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Тарҳи тағйири қонуни ҳизбҳо ба парлумон ироа мешавад

16
(Таҷдидшуда 14:57 31.03.2015)
Ҳукумати Тоҷикистон якҷо бо тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун “дар бораи созмонҳои иҷтимоӣ”, тарҳи тағйиру иловаҳо ба “қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”-ро низ ба баррасии парлумон ироа кардааст.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун "дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ" ва "иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ"-ро барои баҳсу баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст, менависад сомонаи президент.

Ҳарчанд тарҳи ислоҳи қонун дар бораи созмонҳои иҷтимоӣ барои ҷомеа рӯшан аст, аммо маълум нест, тарҳи иловаҳо ба қонуни ҳизбҳо чиро дар бар мегирад.

Ин тасмим дар ҷаласаи рӯзи 31 март гирифта шудааст, ки бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар ин ҷаласа Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ то соли 2020 низ тасдиқ шудааст.

"Табиати биҳиштосои Тоҷикистон аз пурарзиштарин сарватҳои миллӣ ва неъматҳои моддӣ буда, ҳифз ва муаррифии шоистаи он шарти муҳими рушди ояндаи кишвар, аз ҷумла барои ҷалби сайёҳону сармоягузорон, мебошад", — гуфтааст президент.

Инчунин, барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ шуда, мақомоти ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҳисор муваззаф шудаанд, барои ба аҳолии ниёзманд тақсим кардани қитъаҳои наздиҳавлигӣ замин диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар охир дар робита ба даъвати баҳории ҷавонон, ба низом даровардани истифодабарии роҳҳои мошингард, назорати қурби пули миллӣ ва омодагӣ барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии баҳорӣ супориш додааст.

16
Барчаспҳо:
тағйирот, ҳукумат, баррасӣ, парлумон, "Дар бораи созмонҳои иҷтимоӣ", "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ", қонун, лоиҳа, ҷаласа, Аҳзоби сиёсӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Хутба дар намози ҷумъа: Ҳизби наҳзати исломӣ баста шавад!
Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Сооронбой Жээнбеков барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад

11
(Таҷдидшуда 18:43 28.05.2020)
Гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ дар Маскав рӯзи 24 июн баргузор мешавад. Рӯзи таҷлили ид дар Маскав чораҳои амниятӣ шадид мешавад

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар гузашти низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ин хабарро раҳбари хадамоти матбуотии президент, Толгонай Стамалиев таъйид кардааст.

Ёдрас мешавем, ки имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 таҷлили оммавии Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия, ки ҳамасола рӯзи 9 май, баргузор мешуд, лағв шуд.

Президенти Русия Владимир Путин, рӯзи 26 май фармон дод, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз шавад.

Беш аз миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" - ро сароиданд - видео

Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Дақиқаи хомӯшӣ барои поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.

11
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, Маскав, сафар, Сооронбой Жээнбеков, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров дар бораи танишҳо дар марзи Тоҷикистону Қиғизистон: Русия омодаи кӯмак аст

440
(Таҷдидшуда 19:58 26.05.2020)
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кардааст, ки дар марз аз истифодаи нерӯ худдорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Ҷониби Русия аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват меорад, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва омода аст, ки ҳамчун миёнрав хизмат кунад. Дар ин боравазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров баъди нишасти вазирони умумири хориҷа дар ҷаласаи СПАД гуфтааст.

 "Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ёдрас мешавем, 24 май бар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад. Марбонони ҳарду кишвар тир кушоданд.

Марзбонии ду давлат ҳодисаро гуногун тавзеҳ доданд.

Фаврӣ: тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи ид

Қирғизистон сокинони Ворухро дар гузаштан ба минтақаи қирғизҳо барои чарронидани чорво муттаҳам кард, аммо ба иттилои КДАМ Тоҷикистон баръакс, чӯпонҳои қирғиз дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо деҳаи қирғизнишини Мойнок ҳамсарҳад мебошад, вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ҶТ даст заданд.

440