Ҷаласаи СПАД. Акс аз бойгонӣ

Нишасти Шӯрои вазирони хориҷии СПАД дар Душанбе оғоз шуд

14
(Таҷдидшуда 10:34 02.04.2015)
Ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Cозмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар Душанбе идома дорад, аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Душанбе ҳузур доранд ва субҳи панҷшанбеи 2 апрел бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот карданд, менависад "Радиои Озодӣ".

Хабарнигори "Озодӣ" аз "Қасри Миллат" хабар додааст, ки қабл аз оғози иҷлосияи Шӯрои вазирони кишварҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон раҳбарони ниҳодҳои дипломатии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия Эдвард Налбандян, Владимир Макей, Ерлан Идрисов, Абдилдаев Эрлан Бекешович ва Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт.

Ба дунболи ин мулоқот, вазирони умури хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба Бӯстонсарои ҳукуматӣ — маҳали баргузории иҷлоси Шӯрои вазирони кишварҳои узви СПАД рафтанд, гуфтааст хабарнигор радио.

Вазорати умури хориҷии Тоҷиистон қаблан иттилоъ дода буд, ки мавзӯи меҳварии ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, баҳси пешгирии хатар ва чолишҳои муосир дар минтақа, мебошад. Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов баргузор мегардад.

Барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СПАД намояндаи амалкунандаи САҲА — вазири корҳои хориҷии Сербия Ивича Дачич, роҳбари Маркази минтақавии СММ доир ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча ва директори Маркази САҲА доир ба пешгирии низоъҳо Адам Кобератский, даъват шудаанд. Дар ин нишаст дабири кулли СПАД Николай Бордюжа низ ҳузур дорад.

Ба иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷаи СПАД тасдиқи нақшаи машварати намояндагони давлатҳои аъзои ин созмон доир ба сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа дар нимаи дуюми соли 2015 ва нимаи аввали соли 2016, ба нақша гирифта шудааст.

14
Барчаспҳо:
Бӯстонсарои ҳукуматӣ, Қасри миллат, субот, амният, баррасӣ, 2 апрел, оғоз, ҷаласа, СПАД, Сироҷиддин Аслов, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Шӯрои вазирони умури хориҷаи СПАД хостори таҳкими марзи ҶТ аст (5)
Мавзуъ
Гурӯҳи кории СПАД оид ба Афғонистон 3 апрел дар Тоҷикистон ҷамъ меоянд
Раҳмон ва Бордюжа авлавиятҳои СПАД-ро баррасӣ мекунанд
Намояндагони СПАД масоили муҳоҷирати ғайриқонуниро баррасӣ мекунанд
СПАД фаъолшавии "Давлати Исломӣ"-ро бе посух нахоҳад гузошт