Тоҷикистон барои мубориза алайҳи ДИ аз Русия кӯмаки низомӣ мегирад

© Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСарбози рус аслиҳа ва қутрҳои онро аз назар мегузаронад. Акс аз бойгонӣ
Сарбози рус аслиҳа ва қутрҳои онро аз назар мегузаронад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба навиштаи расонаҳои русӣ, Тоҷикистон дар фурсати наздик аз Русия кӯмаки низомиву фаннӣ дар ҳаҷми 70 миллиард рубл дарёфт хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Тоҷикистон дар солҳои наздик аз Русия ҷиҳати мубориза алайҳи терроризм, алалхусус зидди тақвияти хатароти тундравони  "Давлати исломӣ"  кӯмаки ҳарбӣ хоҳад гирифт, иттилоъ медиҳад Вазорати умури хориҷаи ФР.

Дар мавриди омодагии Русия барои расонидани ёрии ҳарбӣ ба Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СПАД рӯзи панҷшанбе дар пойтахти кишвар иброз гардид.

Аз ҷумла дар ҳамойиши мазкур масъалаи марбут ба муқовимати кишварҳои узв алайҳи "Давлати исломӣ" ва гурӯҳҳои тундрав муҳокима ва баррасӣ гардид.

"Душанбе дар рӯёрӯи зиёдшавии таҳдидҳои беруна аз қисмати ҷанубии марз қарор дорад. Дар ин мавзеъ фаъолшавии гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон ба назар мерасад. Бояд гуфт, дар ин ҷо ба ғайр аз мавҷудияти гурӯҳҳои ифротӣ ("Ҳаракати исломии Ӯзбакистон", "Ҳаракати исломии Туркистон" ва "Ал-қоида") зуҳури гурӯҳи дигари тундрав бо номи "Давлати исломӣ" хатаротро ба бор меорад",- қайд кард вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар ҷаласаи Шӯрои ВКХ-и кишварҳои СПАД.

Тавре оҷонсии РИА Новости дар такя ба навиштаи рӯзномаи "Коммерсант" иттилоъ  медиҳад, Русия дар фурсати наздик ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 70 миллиард рубл (муодили 1,23 миллиард доллар бо арзиши феълӣ) кӯмаки низомӣ ироа хоҳад кард. Ин маълумот дар Сарситоди ФР низ тасдиқ шуд.

"Таслиҳот (васоити мухобиротӣ, силоҳҳои мухталиф барои ҷангандаҳои ҳавоӣ ва ғайра) аз ҳисоби артиши Русия ба Тоҷикистон интиқол мешавад. Номгӯи он тасдиқ гардидааст, аммо ироаи кӯмак ҳанӯз оғоз нашудааст",- менависад нашрия.

Лентаи хабарҳо
0