Анҷумани ҲХДТ. Акс аз бойгонӣ

Дар “ҳизби ҳоким” санҷиш баргузор мешавад

7
Аъзои ҳизби ҳоким дар зудтарин фурсат зимни таъйин ба мақомҳои давлатӣ ва ҳизбӣ барои мушшахас кардани зарфияташон аз санҷиш мегузаранд.

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Раҳбари Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои интихоби номзадҳои беҳтарин ҳамҳизбонаш аз санҷиш бигзаранд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

"Мо бояд номзадҳои беҳтаринро зимни таъйинот ба вазифаҳои масъул ё дар интихобот мушшахас созем", — изҳор дошт дар сӯҳбат бо радио намояндаи расмии ҲХДТ Усмон Солеҳ.

Вай ҳамчунин хабар дод, ки санҷиш дар зудтарин фурсат оғоз мешавад. Ба ҷуз аз аҳдофи зикршуда раҳбарияти ҳизб ҳамчунин қасд дорад аз ин роҳ теъдоди дақиқи худ дар бахшҳои ибтидоӣ ва маҳалли будубоши онҳоро мушшахас созад.

"Бархеҳо бо далоили мухталиф ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Русия сафар мекунанд. Мо бояд дақиқи бидонем, ки аъзои ҳизби мо дар куҷо қарор доранд", — зикр кард дар сӯҳбат бо Озодӣ Солеҳ.

ҲХДТ — ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон мебошад. Ин ҳизб аз раиси ҷумҳурӣ феълӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки раҳбараш мебошад, пуштибонӣ мекунад. Дафтари марказии ин ҳизб дар Кохи Ваҳдат дар Душанбе ҷойгир аст.

7
Барчаспҳо:
санҷиши аъзои ҲХДТ, ҲХДТ, Усмон Солеҳ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷавонтарин вакили парлумон роҳбари фраксияи ҲХДТ интихоб шуд
Пешсафии номзадҳои ҲХДТ дар ҳавзаҳои интихоботӣ
ҲХДТ 65% овоз гирифт, ҲНИТ ва коммунистҳо ба порлумон раҳ наёфтанд
Зуҳуров: ҲХДТ ягона неруи созанда аст
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Президенти АМА Эмомалӣ Раҳмонро шодбош гуфт

96
(Таҷдидшуда 18:46 19.10.2020)
Алифа бин Зойид Оли Наҳён саломатии бардавому хушбахтӣ ва ба Ҳукумату мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду шукуфоии минбаъдаро таманно кард

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб Алифа бин Зойид Оли Наҳён раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати дигарбора интихоб шуданаш ба мансаби президентӣ шодбош гуфт. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

"Боиси хушҳолии беинтиҳо ва шарафи бузурги ман аст, ки Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб шуданатон ба давраи нави президентӣ самимона табрик намоям. Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавому хушбахтӣ ва ба Ҳукумату мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду шукуфоии минбаъдаро хоҳонам”, - омадааст дар номаи шодбошии президенти АМА.

Президенти Бонки Исломии Рушд Др.  Бандар М. Ҳ. Ҳаҷҷор низ кишвардори Тоҷикистонро ба ин муносибат табрик гуфтааст.

Ба бисёрзанӣ иҷозат медиҳам: нахустин номзад ба президентӣ кадом ваъдаҳоро додааст?

Ӯ омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар доираи тадбирҳои таъхирнопазири дастёбӣ ба истиқрору рушди иқтисодӣ дар марҳилаи пас аз пандемияи COVID-19 изҳор доштааст.

96
Абдулла Абдулла со сторонниками, на церемонии приведения к присяге на пост президента Афганистана в Кабуле

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Теҳрон сафар кард

149
(Таҷдидшуда 16:31 18.10.2020)
Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон пеш аз ин сафар ҳам ба Ҳинд ва Покистон сафар карда буд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон субҳи имрӯз якшанбе дар садри ҳайате озими Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ қарор аст дар ин сафар бо раисиҷумур, вазири умури хориҷа, раиси маҷлис ва дабири Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва дар бораи охрин таҳаввулоти Афғонистон, раванди музокироти сулҳ ва зарурати иҷмоъ ва ҳимояти минтақаӣ аз ин раванд гуфтугӯ кунад.

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон пеш аз ин ҳам ба Ҳинд ва Покистон сафар карда буд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ бозгашти “низоми иморати Толибон”- ба Афғонистонро рад кард

Музокироти сулҳ миёни давлати Афғонистон ва Толибон дар Қатар аз ҳудуди як моҳи пеш оғоз шуда ва то кунун ҳеч дастоварде надошта ва ҳамин мавзӯ боиси нигаронии мардум шудааст.

Огоҳони сиёсии Афғонистон бар ин боваранд, ки нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раванди сулҳи Афғонистон роҳгушо аст ва Эрон метавонад дар сулҳ ва таъмини суботи пойдори Афғонистон нақши таъйинкунанда дошта бошад.

149
Маруф Мухаммадзода

Дигар муҳлат нест: дастури Муҳаммадзода, барои барканории раисони бемасъул

449
(Таҷдидшуда 10:19 20.10.2020)
Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд зимни баргузории ҷаласа, аз бемасъулиятии раисони маҳаллаҳо дар бораи пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID-19 изҳори нигаронӣ варзид

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Муҳаммадзода дар иҷлосияе, ки дар он фаъолияти нуҳ моҳаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд натиҷагирӣ карда мешуд, аз бемасъулиятии раисони маҳаллаҳо ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус интиқод кард.

"Давлату ҳукумат ба шумо бовар карда вазифа додааст. Имрӯз вақти он аст, ки ба вазифаатон содиқ бошед, мардумро ҳимоя намоед, барои саломатии мардум чораандешӣ кунед, то мардум аз беморӣ талаф наёбад. Мутаасифона ягон чорабинӣ накардед, ягон ташаббус, ягон пешниҳод нисбати хуруҷи бемории COVID-19 аз ҷониби раисони маҳаллаҳоро надида истодаем. Дар оғоз як ду бор корҳои безарагардониро гузаронидед, дигар ҳоло аз ёди ҳама ин корҳо баромада рафт", - иброз намуд Муҳаммадзода.

Мушкили хуруҷи бемории COVID-19 ва роҳҳои пешгирии он, аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб мерафт. Ва бино бар таъкиди масъулини иҷлосия, шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои осебпазир аз лиҳози хуруҷи ин беморӣ гардидааст.

Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, ки аз оғози сабти пандемияи каронавирус то имрӯз дар маркази Суғд, 4 ҳазору 650 мавриди сирояти беморӣ қайд шудааст, аз ин шумор 3114 нафар дар Бемористонҳои клиникавӣ, сироятӣ ва таваллудхонаи Хуҷанд табобат гирифта ва 1536 нафар дар зери муоинаи амбулатории духтурон қарор доштанд.

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд омори охирини сироятёбӣ ва табобати сокинонро дар ҷаласа ироа намуд.

"Айни ҳол 128 нафар бо сирояти илтиҳоби шадиди шуш дар беморхонаҳо, 64 нафар бо ҳамин гуна ташхиси беморӣ дар табобати амбулаторӣ ва 35 нафар бо аломати COVID-19 зери назорати амбулаторӣ қарор доранд. Аз тарафи духтурони оилавӣ ва кормандони МНДСЭ муоинаи эпидемиологии манбаҳои сироят гузаронида шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии роҳҳои сироятёбӣ аз шахси бемор, аъзоёни оила ва дигарон гузаронида шудааст", -  зикр намуд, Нуруллозода.

Ҳарчанд дар ин ҷаласа иттилоъ дар бораи шумори фавт аз беморӣ гуфта нашуд, вале раиси Хуҷанд аз маргумири сокинон нигаронӣ кард ва ба муовинонаш дар барои барканор кардани раисони маҳаллаҳое, ки дар ин самт дуруст карбарӣ накардаанд дастур дод.

"Ин шухӣ нест, ҷони одам рафта истодааст. Талафот шуда истодааст. Раисони маҳалла медонед, кӣ аз кадом кӯча бо кадом сабаб фавтид. Тамом, мо дигар муҳлат дода наметонем, ки як моҳ ё ду моҳ корашро дуруст карда тавонад. Таҳлил мекунетон, ки кадом раиси маҳалла дар ҳамин самт бетарафӣ карда бошаду корро дуруст ба роҳ намондааст, барои ман гузориш медиҳетон, дигар ягон рӯз кор намекунад. Кор мекардагиш кор мекунад, кор намекардагия ба ҷояш дигар кас таъйин карда мешавад. Шахсони масъулро мондан даркор, ки дар ин масъала дуруст корбарӣ кунанд", -  гуфт раиси шаҳри Хуҷанд.

Алҳол дар шаҳри Хуҷанд 22 маҳалла мавҷуд мебошад.

Маъруф Муҳаммадзода аз масъулони шуъба ва бахшҳои кор бо ҷавонон, занон, фаъолони маҳаллаҳо, имомхатибон, омӯзгорон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват намуд, ки барои пешгирӣ ва мубориза бо ҳамагири каронавирус чораҳои зарурӣ андешанд.

449
Барчаспҳо:
бемасъулиятӣ, муҳлат, раис, Хуҷанд, Маъруф Муҳаммадзода
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон