Сафири ҶТ дар Русия ба муҷассамаи қаҳрамонҳои Тоҷикистон гулчанбар гузошт

Сафири ҶТ дар ФР ба муҷассамаи қаҳрамонҳои Тоҷикистон гулчанбар гузошт

99
Сафири Тоҷикистон дар Русия хотираи бунёдгузорони Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон, ки дар солҳои истибдод кушта шуданд гиромӣ дошт ва рӯйи қабри онҳо дар қабристони Москав гулчанбар ниҳод.

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов рӯзи сешанбе ба қабри дастҷамъонаи қаҳрамонҳои Тоҷикистон Шириншоҳ Шотемур ва Нусратулло Махсум дар қабристони Донскойи Москав гулчанбар гузошт, хабар медиҳад маркази матбӯъотии сафорати Тоҷикистон дар ФР.

Ба манзури гиромидошти хотираи бунёдгузорони Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон сари қабри дастҷамъонаи №1 дар қабристони Донской, ки онҳо дар он ҷо дафн шудаанд, лавҳаи хотиравӣ гузошта шудааст.

Дар маросими гулгузорӣ бар пояи муҷассама кормандони масъули сафорати Тоҷикистон ва ҳамчунин коргардони маъруф Сафарбек Солиев, ки қасд дорад дар бораи ин қаҳрамонҳо филми мустанад ба навор бигирад, ширкат карданд.

Шириншо Шотемур (1899-1937), корманди давлатӣ ва ҳизбӣ. Дар рустои Поршнев (ҳоло ноҳияи Шуғнони ВМКБ) лар хонаводаи деҳқон таваллуд шудааст. Волидайнаш замоне, ки вай 8 сол дошт, фавтидаанд.

Шотемур яке аз мубтакирони таъсиси Ҷумҳурии мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд ва барои ин мақсади худ миқдори зиёди нерӯ ва талошҳои худ масраф карда ва дар ниҳоят ҷони худро аз даст додааст. Шотемур нотарсона дар Бюрои сиёсии Ҳизби коммунисти умумиҷумҳуриявӣ масъалаи аз ҳайъати Ӯзбекистон ҷудо кардани Тоҷикистонро мекард.

Дар соли 1937 ба иттиҳоми сохтаи мушорикат дар созмони миллигарои зиддишӯравӣ дар Москав боздошт шуд. Вай ба ҳукми қат маҳкум шуда 27 октябри соли 1937 кушта шуд.

Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 9 сентябри соли 2006 ба вай унвони "Қаҳрамони Тоҷикистон" дода шуд.

Нусратулло Махсум соли 1881 дар рустои Чашмаи Қизии ноҳияи Ғарм дар хонаводаи деҳқон таваллуд шудааст. Баъд аз табдили Тоҷикистон ба ҷумҳурии комилҳуқуқи шӯравӣ вай яке аз раисони Шӯрои Маркази Иҷроияи Иттиҳоди Шӯравӣ (18 марти соли 1931 — 4 январи соли 1934) интихоб шуд.

Махсум 8 июли соли 1937 дар Москав боздошт шуда ба иттиҳоми таҳияи аъмоли зиддиинқилобӣ ба ҳукми марг маҳкум шуд.

9 сентябри соли 2006 бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони "Қаҳрамони Тоҷикистон" (баъд аз марг) сарфароз шудааст.

99
Барчаспҳо:
гиромидошти хотираи қаҳрамонҳои Тоҷикистон, сафорати Тоҷикистон дар ФР, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур, Сафарбек Солиев, Имомуддин Сатторов, Русия, Тоҷикистон
Мавзуъ
Абераи Нусратуллоҳ Махсум даъвогари курсии парлумон
Встреча Чрезвычайного и Полномочного Посла Кыргызской Республики в Республике Таджикистан Ж.Рустенбекова с Заместителем министра иностранных дел Республики Таджикистан М.Хусейнзода

Тоҷикистону Қирғизистон вазъият дар марзро баррасӣ карданд

224
(Таҷдидшуда 14:26 28.10.2020)
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон намояндаи Қирғизистонро қабул карданд, то масъалаи ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Рӯзи 26 октябр, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон, Жаниш Рустанбеков бо муовини вазири хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дидору мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ВУХ Қирғизистон.

Дар ин мулоқот намояндаи Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро бо вазъи сиёсии кунунии кишвар ошно кард.

Танҳо бо роҳи осоишта ҳал мекунем: роҳбари нави Қирғизистон ба қазияи марзӣ вокуниш кард

"Сафир таъкид кард, ки Қирғизистон ба тамоми ӯҳдадориҳои байналмилалии худ ва иҷрои қатъии ҳамаи шартномаҳо ва созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи қаблан имзошуда, содиқ мемонад", - омадааст дар хабарнома.

Дар ин вохӯрӣ Ҳусейнзода ва Рустанбеков ба масъалаи демаркатсияи марз диққати махсус зоҳир кардаанд.

Баҳс ва тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - шарҳи ҷонибҳо: аксу видео

Ҳамчунин тарафҳо имконоти таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла ҳамкории муштарак дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.

224
Барчаспҳо:
марз, вазъият, Қирғизистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Тегеран, архивное фото

Эҳзори кордори сафорати Фаронса ба Вазорати умури хориҷии Эрон

304
(Таҷдидшуда 21:54 27.10.2020)
Дар эътироз ба исрори мақомоти фаронсавӣ ба ҳимоят аз интишори карикатураҳои иҳонатомез ба соҳати паёмбари Ислом кордори муваққати Фаронса дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Флурон Ойдолу, кордори муваққати Сафорати Фаронса дар Теҳрон дар ғиёби сафири ин кишвар ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд то эътирози Эрон ба рафтори ахири мақомоти фаронсавӣ дар ҳимоят аз иҳонаткунандагон ба муқаддасоти исломӣ ба вай расонда шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон, муовини мудири кулли аврупоии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар дидор бо кордори муваққати Фаронса иқдомоти ғайри қобили қабули мақомоти фаронсавиро, ки муҷиби ҷариҳадор шудани эҳсосоти миллионҳо мусулмон дар Аврупо ва ҷаҳон шудааст маҳкум ва таъкид кард: Ҳаргуна иҳонат ва беэҳтиромӣ ба паёмбари ислом (с) ва арзишҳои ноби исломӣ аз сӯи ҳар фарду дар ҳар мақоме ба шиддат маҳкум ва мардуд аст.

“Вокуниши нобихирадонаи мақомоти фаронсавӣ ба иқдоми ифротгароёнае, ки ба номи ислом хушунат мекунанд, танҳо заминаро барои рушди гароишҳои инҳирофӣ ва беиртибот бо ин дини илоҳӣ, ки ҳамвора навидбахши ақлгароӣ, сулҳу адолатталабӣ аст, фароҳам мекунад”, - изҳор доштаст дипломати Эрон.

Манбаъ афзуд, мудири кулли аврупоии Вазорати умури хориҷаи Эрон афзудааст, доман задан ба исломҳаросӣ ва нафратпароканӣ он ҳам ба номи озодии баён, ки бояд дар хизмати тафоҳум, ҳамдилӣ ва ҳамзистии мусолиматомез миёни ҷомеъаҳои башарӣ бошад, амиқан мояи таассуф аст.

Флурон Ойдолу- кордори муваққати Сафорати Фаронса дар Теҳрон низ гуфт: Эътирози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иқдомоти давлати Фаронса дар ин хусусро дар асраъи вақт ба мақомоти кишвараш инъикос медиҳад.

Нашрияи фаронсавии Чарлӣ‌ Эбдо ба тозагӣ бори дигар иқдом ба интишори карикатураҳои тавҳиномез дар бораи паёмбари ислом (с) кардааст.

Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса низ эълом кардаст, Фаронса ҳамчунон ба интишори карикатураҳо идома хоҳад дод.

304
Барчаспҳо:
дин, Фаронса, Эрон, Эрон

Вакил гуфт, бекор кардани патент барои муҳоҷирон чӣ пайомад дорад

0
(Таҷдидшуда 20:06 28.10.2020)
Ба гуфти вакил сабукӣ барои муҳоҷирони метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русияро ба бор орад ва ба амният хатар дошта бошад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. ВУД Русия пешниҳод карда, ки қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР" ислоҳ карда шавад ва барои бархе аз гурӯҳи муҳоҷирон патент бекор гардад.

Светлана Бессараб, узви Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорон, дар суҳбат бо Парламентская газета аз чунин навоварӣ интиқод кард.

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

"Ман ба чунин ташаббус эҳтиёткорона муносибат мекунам. Тавре таҷриба нишон медиҳад, аз ҷумла дар кишварҳои Урупо, на ҳамеша пур кардани ҷойҳои корие, ки мардуми бумӣ намехоҳад аз ҳисоби муҳоҷирон, хуб аст. Аксар вақт ин амалкард бо амнияти давлатӣ алоқаманд аст". қайд кард Бессараб.

Вакил афзуд, ки чунин навгониҳо барои муҳоҷирони сохтмончӣ метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русия ва иттифоқҳои касабаро ба бор орад.

Чунин вокуниш махсусан имрӯзҳо, ки сатҳи бекорӣ дар Русия дар ҳоли афзоиш аст, интизоршаванда мебошад.

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

Рӯзи 26 октябр Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи ислоҳи қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия" -ро барои муҳокимаи умум нашр кард.

Тибқи ҳуҷҷат, хориҷиён метавонанд бидуни патент ва иҷозатномаи кор дар ширкатҳои байналмилалии Русия кор кунанд: дар сохтани иншооти барои чорабиниҳо зарурӣ пешбинишуда ва ҳангоми омодагӣ ва иштирок дар чунин чорабиниҳо.

Рӯйхати чорабиниҳо, ташкилкунандагон ва лоиҳаҳои сохтмонро ҳукумат муайян мекунад.

0
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, хатар, патент, Русия