Ҷаласаи Радаи олии Украина. Акс аз бойгонӣ

Дар Украина рамзҳои шӯравиро мамнӯъ карданд

4
Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко, ки рӯзи якшанбе дар Рӯзи гиромидошти хотираи қурбониёни истибдоди сиёсӣ суханронӣ мекард, изҳор дошт, ки фурсате барои тоза кардани Украина аз гузаштаи коммунистӣ фаро расидааст.

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко рӯзи ҷумъа чанд қонун дар бораи интиқоди ҳукуматдории коммунистӣ ва миллатгароӣ, манъи таблиғи рамзҳои шӯравӣ ва ошкор сохтани бойгониҳои шӯравиро имзо кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Чаҳор қонун имзо шудаанд — "Дар бораи интиқоди ҳукуматдории коммунистӣ ва миллатгароӣ, манъи таблиғи рамзҳои онҳо", "Дар бораи дастрасӣ ба бойгониҳои ниҳодҳои истибдодии ҳукуматдории шӯравиву худкомаи солҳои 1917-1991", "Дар бораи гиромидошти пирӯзӣ бар миллатгароӣ дар Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ" ва "Дар бораи ҳуқуқҳои муборизони истиқлолияти Украина дар садаи ХХ".

"Бо ин аснод рамзҳои шӯравӣ мамнӯъ шуда, бойгониҳои ниҳодҳои вижаи шӯравӣ боз мешаванд ва созмонҳои УПА ва ғайра муборизони истиқлолияи Украина дониста мешаванд. Ин қавонин аз сӯйи вакилони мардумӣ дар ҷаласаи субҳи 9 апрели Радаи олӣ бо аксарияти овоз қабул шудаанд", — зикр мекунад маркази матбӯъотии раиси ҷумҳури Украина.

Хабар дода мешавад, ки ба гуфтаи Порошенко, дар зудтарин фурсат ба порлумон барои тасвиб тарҳи қонуне ироъа мешавад, ки муқаррарот барои нақзи қонун дар бораи "ҳуқуқи муборизони истиқлолияти Украина дар садаи ХХ"-ро танзим мекунад.

"Ин тарҳи қонун, ки ба ибтикори раиси ҷумҳур таҳия шудааст, ихтилофот қонуниро аз байн мебарад. Ин нукта имкон медод, ки аз муқаррароти қонун дар мавриди озодии инсон ва ҳуқуқи вай, аз ҷумла дар озодии пажӯҳишҳои илмӣ, ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва муколама сӯйистифода шавад", — омадааст дар хабар.

Зимни суханрони дар Рӯзи гиромидошти қурбониёни истибдоди сиёсӣ рӯзи якшанбе Порошенко изҳор дошт, ки фурсате фаро расидааст, ки Украинаро аз гузаштаи коммунистӣ тоза кунанд.

4
Барчаспҳо:
имзои қонунҳои ҷадид, раёсати ҷумҳурӣ, Петр Порошенко, Украина
Мавзуъ
ВКХ Украина Рӯзи Ғалаба дар Маскавро “тавҳин” номид
Порошенко: назорати пулиси ИА роҳи беҳтарин барои шарқи Украина аст
Порошенко намоиши филмҳои русиро дар Украина манъ кард
Порошенко ба Надежда Савченко унвони қаҳрамонӣ дод
Порошенко бори дигар Русияро дар бӯҳрони Украина гунаҳкор кард
Министры иностранных дел России и Таджикистана Сергей Лавров и Сироджиддин Аслов

Нотаи Тоҷикистон ба Русия: Душанбе тарафи сеюмро дар марз номақбул хонд

1032
(Таҷдидшуда 21:05 29.05.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мавриди миёнаравӣ дар масоили марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номақбул хонда, таъкид кардааст, ки гуфтушунидҳои марзӣ кори дохилии ду давлат мебошад

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон 29 май бо ирсоли як нота ба Вазорати умури хориҷии Русия пешниҳоди миёнаравии Сергей Лавровро ғайри қобили қабул хондаст.

Душанбе дар нота ба унвонии Маскав инчунин таъкид кардааст, ки масъалаи марз дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии СПАД баррасӣ нашуда буд, ки баъдан Лавров дар бораи он изҳори назар кард.

Тоҷикистон дар нота унвонии Русия баён доштаст, ки ҷалби тарафи сеюмро ба ҷараёни гуфтушунид дар масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқи мақсад намедонад.

Таъкид шуд, масоили аломатгузорию муайянсозии марз кори дохилии кишварҳои узви СПАД буда, танҳо тариқи дуҷониба амалӣ мешавад.

ВУХ афзуд, ба самъи ҷониби Русия расонда шуд, ки гуфтушунидҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ бо такя ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонию воситаҳои ҳуқуқӣ амалӣ мешаванд.

Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар пайи ҷаласаи СПАД зимни нишасти матбуотӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват кард, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва Русия омода аст, ҳамчун миёнрав бошад.

"Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ин дар ҳолест, ки  24 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад, ки дар натиҷа ҷавонзани 25-сола шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ шуд.

1032
Барчаспҳо:
Тоҷикистон
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода

Расулзода бо ҳамтоёнаш оқибатҳои буҳронро баррасӣ кард

139
(Таҷдидшуда 16:56 29.05.2020)
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, 28 май дар машварати сатҳи баланди виртуалӣ таҳти унвони “Маблағгузорӣ барои рушд дар даврони COVID-19 ва марҳалаҳои минбаъда” суханронӣ намуд

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Чорабинии мазкур бо ибтикори дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, сарвазири Канада Ҷастин Трюдо ва сарвазири Ҷамайка Эндрю Холнесс доир карда  шуд, хабар додааст “Ховар”.

Манбаъ афзуд, ки дар машварат, аз ҷумла роҳбарон ва сарвазирони Тоҷикистон, Олмон, Фаронса, Ҷопон, Италия, Британияи Кабир, Покистон , Қирғизистон, Беларус, Арабистони Саудӣ ва ғайра, инчунин роҳбарони Хазинаи байналмилалии асъор, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Бонки ҷаҳонӣ  ва дигар институтҳои молиявии ҷаҳон ширкат  варзиданд.

“Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни суханронии хеш дар машварат оид ба иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар заминаи пешгирии шуюи бемории ҳамагири COVID-19 ва паёмадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии он ба кишвар изҳори назар кард”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ тавзещ дод, ки машварат дар се бахш гузаронида шуда, қарору тасмимҳои вобаста ба вазъи фавақулодаи бар асари пандемияи COVID-19 баамаломада ва рафъи оқибатҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

139
Барчаспҳо:
оқибатҳо, СММ, Тоҷикистон