Ҷаласаи порлумони Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ

Қирғизистон тасвиби асноди пайвастан ба СҲИА-ро анҷом дод

7
Дар моҳи октябри соли 2014 созишнома дар бораи пайвастани Қирғизистон ба СҲИА имзо шуд ва эҳтимол мерафт, ки пайвастани воқеъии кишвар ба ин иттиҳод баъд аз тасвиби асноди пайвастан дар кишварҳои узви ин созмон сурат мегирад.

ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Отамбоев рӯзи панҷшанбе қонуни ахиран аз сӯйи порлумон тасвибшудаи пайвастани ин кишвар ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиёро имзо кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Созишномаи пайвастани Қирғизистон ба СҲИА ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2014 имзо шуда буд. Эҳтимол мерафт, ки пайвастани воқеъии кишвар ба ин иттиҳод баъд аз тасвиби асноди пайвастан дар кишварҳои узви ин созмон сурат мегирад.

"Мо ба имтиёзоти чашмрас даст ёфтем ва танҳо баъд аз ин созишномаи пайвастан имзо шуд. Пайвастан ба СҲИА ба тавлидоти Қирғизистон бозори ҳудуди 200 миллионии созмони ҳамкориҳои Авруосиёро боз мекунад" — изҳор дошт Отамбоев.

Ба гуфтаи вай, баъд аз пайвастан ба СҲИА Қирғизистон дигар кишвари дорои "иқтисоди тиҷорӣ" не, балки сареъан рушдкунанда мешавад.

7
Барчаспҳо:
пайвастани Қирғизистон, СҲИА, Алмазбек Отамбоев, Қирғизистон