Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Прокурор ва судҳои 30 шаҳру ноҳия иваз шуд

446
(Таҷдидшуда 14:04 22.05.2015)
Бо фармонҳои президент Эмомолӣ Раҳмон 30 нафар прокурор ва судяҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон иваз шудааст. Ҳамаи афроди таъиншударо раисҷумҳур ба ҳузур пазируфтааст.

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар мақомоти суду прокуратураи ҳудуди 30 шаҳру навоҳии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт, менависад сомонаи президент.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, субҳи 22-юми май Президент Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои нав таъкиншударо ба ҳузур пазируфтааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои таъиншударо ба кору хизмати содиқонаю софдилона даъват кардааст.

Ҳамин тавр бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти судӣ чунин тағйироти кадрӣ амалӣ гардид:

Соқизода Раҳмон аз вазифаи раиси Суди шаҳри Хоруғ озод гардида, раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд.

Амонулло Мукаиршо аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод ва раиси Суди шаҳри Хоруғи ВМКБ таъин гардид.

Назриев Муҳаммадвалӣ Сарабекович аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод ва раиси Суди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд.

Бобоҷонзода Аъзамҷон Абдуазиз аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод ва ба вазифаи раиси Суди ҳамин ноҳия таъин гардид.

Ҷумъахонзода Рустам Ҷумъахон судяи Суди ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд.

Бойзода Темур Гулбой аз вазифаи раиси Суди ноҳияи Фархор озод ва муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон таъин гардид.

Мирзозода Муҳаммад, ки то ин вақт судяи Суди вилояти Хатлон буд, раиси Суди ноҳияи Фархор таъин карда шуд.

Қурбонзода Анвар Акобир аз вазифаи муовини якуми раиси Суди шаҳри Қурғонтеппа озод ва раиси Суди ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ таъин карда шуд.

Расулов Муҳаммад аз вазифаи муовини директори маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва судяи Суди шаҳри Норак таъин гардид.

Бобоҷонов Исрофил Ҳусейнович аз вазифаи раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ озод ва муовини якуми раиси Суди вилояти Суғд таъин карда шуд.

Сангинзода Хуршед Алӣ аз вазифаи раиси Суди ноҳияи Шаҳристон озод ва раиси Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин гардид.

Ваҳҳобзода Содиқҷони Абдулҳай аз вазифаи судяи Суди вилояти Суғд озод ва раиси Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин карда шуд.

Ҳафиззода Тоҷиддин Миралӣ аз вазифаи муовини якуми раиси Суди шаҳри Исфара озод ва раиси Суди шаҳри Исфара таъин гардид.

Элов Дустмурод Илёсович, ки то ин вақт судяи Суди шаҳри Норак буд, раиси Суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд таъин карда шуд.

Ёдгорзода Наргис Юнусӣ аз вазифаи муовини якуми раиси Суди шаҳри Конибодом озод ва раиси Суди шаҳри Қайроққум таъин гардид.

Комилов Илҳомҷон Саидаҳмадович, ки то ин вақт муовини якуми раиси Суди шаҳри Хуҷанд буд, раиси Суди ноҳияи Шаҳристон таъин карда шуд.

Муродализода Суҳроб аз вазифаи муовини раиси Суди шаҳри Хуҷанд озод ва муовини якуми раиси Суди ҳамин шаҳр таъин гардид.

Раҳимзода Хисрав Абдурраҳмон, ки то ин вақт судяи Суди шаҳри Хуҷанд буд, муовини раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе таъин карда шуд.

Гиёев Исмон Қурбонович, ки судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин гардид.

Рушанзода Суҳроб Рушан аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод ва муовини якуми раиси Суди ноҳияи Сино таъин карда шуд.

Мавлонзода Алишер аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод ва муовини якуми раиси Суди ноҳияи Фирдавсӣ таъин гардид.

Мирзозода Исроил Шоимардон аз вазифаи раиси Суди ноҳияи Варзоб озод ва раиси Суди ноҳияи Ҳисор таъин карда шуд.

Шоев Исроил Назаралиевич, ки раиси Суди шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд буд, раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин гардид.

Воҳидзода Раҷабалӣ Ғанӣ, ки то ин вақт судяи Суди шаҳри Душанбе буд, раиси Суди ноҳияи Варзоб таъин карда шуд.

Камолзода Сайфиддин Исмон аз вазифаи раиси Суди ноҳияи Файзобод озод ва раиси Суди шаҳри Ваҳдат таъин гардид.

Раҷабов Саидҷон Қудратович аз вазифаи судяи Суди шаҳри Душанбе озод ва раиси Суди ноҳияи Файзобод таъин карда шуд.

Саидзода Марзия Файзалӣ, ки судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе буд, раиси Суди шаҳри Роғун таъин гардид.

Расулзода Нуриддин Ғафор, ки то ин вақт судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, муовини якуми раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Завқизода Солеҳ Ямин директори маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раупова Манзура Турсуновна, ки то ин вақт мудири бахши назорати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, муовини директори маркази таълимии мазкур таъин гардиданд.

Дар мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар мувофиқа бо Президенти мамлакат чунин таъиноти кадрӣ амалӣ гардид:

— Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин — сардори раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон;

— Содиқзода Раҷабалӣ Мираҳмад — сардори раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура;

— Зоирзода Комилҷон Амонқул — сардори раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои иқтисодӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ;

— Амирзода Давлаталӣ Раҳмоналӣ — прокурори ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон;

— Мирзозода Суннатулло Сироҷиддин — прокурори ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон;

— Раҳмонзода Аҳмадҷони Футур — прокурори ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон;

— Давлатзода Ҳусейн Ҳамид — прокурори шаҳри Истаравшани вилояти Суғд;

— Асламзода Шамсиддин — прокурори ноҳияи Спитамени вилояти Суғд;

— Имомзода Нуриддин Холмуҳаммад — прокурори ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд;

— Раҷабзода Рустам Тағоймурод — прокурори шаҳри Чкалови вилояти Суғд;

— Раҳмон Умедҷон Нуриддин — прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе;

— Азиззода Сафо Саид — прокурори ноҳияи Файзобод;

— Қурбонов Иброҳим Музаффарович — прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.

446
Барчаспҳо:
додгоҳ, додситонӣ, таъиноти кадрӣ, Суди ноҳияи Фархор, Суди ноҳияи Ишкошим, Суди шаҳри Хоруғ, Суди шаҳри Хоруғи ВМКБ, Бобоҷонзода Аъзамҷон, Соқизода Раҳмон, Амонулло Мукаиршо, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Душанбе
Мэр Душанбе Рустам Эмомали

Рустами Эмомалӣ интизориҳояшро аз интихоботи президентӣ эълон кард

5796
(Таҷдидшуда 15:09 12.08.2020)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон интизороташро аз интихоботи президентии 11 октябр баён дошт

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Рустами Эмомалӣ таъкид кард, ки интихобот бояд шаффофу демократӣ бо иштироки ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон баргузор шавад.

Ӯ изҳори умед кард, ки интихоботи раисиҷумҳур омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат намояд.

"Сахт андӯҳгин шудем": ҳамдардии Вазорати фарҳанг бо хонаводаи Баҳром Ғафурӣ

“Ин чорабинии муҳими сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф, бо иштироки фаъолонаи халқи Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ гузаронида шуда, он ҳамчун омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат намояд”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли раиси Маҷлиси миллӣ.

Рустами Эмомалӣ таъкид намуд, ки “ин интихобот бояд сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии мардуми шарифи Тоҷикистонро нишон дода, ба тақвияти боз ҳам бештари нуфузу обрӯи давлати мо дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намояд”.

Кӯдакистонҳо низ дар Тоҷикистон 17 август ба кор оғоз мекунанд

Ӯ дар ҷаласаи ахири муштараки ду палатаи парлумон борҳо аз вакилон суол кард, ки оё дар бораи интихобот пешниҳодҳое доранд, аммо посухе нагирифт.

Дар охир Рустами Эмомалӣ аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш кард, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маъракаи сиёсӣ саҳмгузор бошанд.

5796
Барчаспҳо:
интихобот, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон
Парламентские выборы в Таджикистане

Ватанзода 4 сабаби таъйини интихобот дар октябрро гуфт

930
Дар ҳоле, ки таъйини интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи октябр дар доираи коршиносон баҳсе барангехтаст, Маҳмадалӣ Ватанзода, собиқ ёвари раисиҷумҳур ва феълан ноиби аввали раиси Маҷлиси намояндагон сабаби интихоби ин санаро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Ватанзода, ки санаи баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистонро 11 октябр пешниҳод карда буд, 4 далели  худро ироа кард.

Ӯ тавзеҳ дод, ки  дар баробари ташкили дурусти интихобот, шароитҳои мувофиқ, аз ҷумла боду ҳавои мусоид зарур аст.

“Таҷрибаи солҳои пешин нишон медиҳад, ки моҳҳои сентябр ва аввали октябр дар муқоиса бо моҳи ноябр нисбатан гарму бебориш мебошад. Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва дар фаслҳои тирамоҳу зимистон рафтуомад ба ноҳияҳои дурдасту баландкӯҳ аз сабаби боришоти зиёд ва баъзан баста шудани роҳҳо мушкил мегардад. Дар моҳи октябр таъин намудани интихобот барои озодона гузаронидани чорабиниҳои пешазинтихоботӣ мусоидат намуда, дар маҷмӯъ ба раванди интихобот таъсири мусбат мерасонад”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Ватанзода.

Ноиби аввали раиси Маҷлиси намояндагон, далели дуюмро паҳншавии бемори сироятии COVID-19 гуфт.

“Ба ақидаи мутахассисон суръати паҳншавии ин беморӣ дар мавсими гармтар суст ва дар мавсими нисбатан хунук бештар мегардад. Ҳарчанд вазъи кунунии эпидемияи COVID-19 дар ҷумҳурӣ таҳти назорат қарор дорад, мувофиқи мақсад аст, ки интихобот дар мавсими гармтар гузаронида шавад. Ин имконият медиҳад, ки чорабиниҳои пешазинтихоботӣ бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ баргузор гарданд ва хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ пешгирӣ карда шавад”, - таъкид кард ӯ.

Дар банди сеюм Ватанзода таъкид кард, ки дар аввали моҳи октябр баргузор намудани интихоботи Президент барои риояи муҳлатҳое, ки Конститутсия ва қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ягон монеа эҷод намекунад. Чорабиниҳое, ки дар раванди интихобот бояд гузаронида шавад, имкон доранд, дар вақту давраҳои муайяншуда баргузор карда шаванд.

“Қонунгузории амалкунанда дар санаи мушаххас баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ накардааст ва барои дар дигар вақт баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон маҳдудият мавҷуд нест”, - таъкид кард Ватанзода.

Ин дар ҳолест, ки интихоботҳои пешинаи Президенти Тоҷикистон шашуми ноябр гузаронида мешуданд. Аммо Ватанзода мегӯяд, бо назардошти омилҳои номбаркардааш имсол моҳи октябр ба мақсад  мувофиқтар аст.

Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки дар интихоботи президентӣ халқи Тоҷикистон номзади арзандатаринро интихоб намуда, дар роҳи созандагию ободкорӣ ва рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувор мегузоранд.

930
Барчаспҳо:
интихоботи раисҷумҳур, президент, интихобот, Тоҷикистон
Милиция Душанбе задержали трех блогеров

Писаракро чакан пӯшондаву дар сараш тухм шикастанд: ҳабси блогерон барои пранки таҳқиромез

65
(Таҷдидшуда 13:22 13.08.2020)
Чуноне дар навор дида мешавад як духтарак бо ду ҷавон ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пушонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулотҳои ороишӣ рангубор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд

ДУШНБЕ, 13 авг — Sputnik. Милисаҳои Душанбе се шаҳрванд, ду ҷавон ва як занро барои пранки ғайриахлоқӣ баздошт намуда, ҳабс ва ҷарима кардаанд.

Тавре РВКД Душанбе гузориш додааст, 11-уми августи соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби 2-3 нафар ашхоси ба ном "блогер" мавриди масхараву мазаммат қарор гирифтани як наврас инъикос ёфтааст.

"Ин амалу кирдори ноҷавонмардонаи ин блогерон мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, ҳамзамон як қатор корбарон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то пеши роҳи чунин бетартибӣ гирифта шуда, нисбати онҳо чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад", - менависад манбаъ.

Воқеан чуноне дар навор дида мешавад як нафар ҷавонзан бо ҳамроҳии ду нафар ҷавонмард ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пушонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулотҳои ороишӣ рангубор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд.

Дар давоми ин ҳама кирдорҳои зиддиқонунӣ "блогерҳо" наврасро ба масхара мегиранд, ки “ранги арӯси замонавӣ шуд”, “мо арӯс кофта гашта будем”, “гап нест дар ин арӯс” мегӯянд.

"Дар натиҷаи пешбурди корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ омодакунандагон ин навор муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. Аз ҷумла инҳо Хоҷаев Аҳлиддин Зайниддинович, Муҳаммадиев Акбар Одилович ва Кулиева Матлуба Баҳодуровна мебошанд", -  тавзеҳ медиҳад РВКД ДУшанбе.

Зимни таҳқиқи ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки банаворгирии "пранк"-и ғайриахлоқӣ ва дур аз фарҳангу маданияти тоҷикона бо маслиҳати пешакӣ ва розигии худи писарбачаи ноболиғ Д.Ф, соли таваллудаш 2006 сабт карда шуда, охирон яке аз хешовандони наздики боздоштшуда Хоҷаев Аҳлиддин ба ҳисоб мерафтааст.

Милиция Душанбе задержали трех блогеров
Милиция Душанбе задержали трех блогеров

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур барои поймол намудани ҳуқуқҳои ноболиғ, ба таври оммавӣ паст задани шаъну шараф ва мавриди масхараву мазаммат қарор додани писарбачаи ноболиғ, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" вайрон гардидааст.

Нисбати ҳамаи боздоштшудаҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд Хоҷаев Аҳлиддин ва Муҳаммадиев Акбар ба муҳлатҳои 5 ва 7 шабонарӯзӣ ба ҳабс гирифта шудаанд.

Илова бар ин, бо назардошти дар тарбияи шаҳрванд Кулиева Матлуба мавҷуд будани кудаки ноболиғ, нисбаташ шартан ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 406 сомонӣ таъин карда шудааст.

 

65