Фаввораҳои боғи Рӯдакӣ. Акс аз бойгонӣ

Дар Душанбе ҳамоиши об ба кор оғоз мекунад

10
(Таҷдидшуда 16:36 11.02.2016)
Ширкаткунандагони ҳамоиш на танҳо масоили дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, балкӣ танзими манобеъи оби минтақавӣ, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст, баррасӣ хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Мақомоти баландпоя аз кишварҳои мухталиф барои ширкат дар ҳамоиши байналмиллалии сатҳи баланди натоиҷи иҷрои Даҳсолаи байналмиллалии амалиёти "Об барои ҳаёт", ки имрӯз, 9 июн оғоз мешавад, вориди Душанбе шудаанд, хабар медиҳад сомонаи waterforlifeconf2015.org.

"Ҷаҳон бо мушкили беҳдоштӣ рӯбарӯ аст ва ба он бояд посух дод. Посух на танҳо молӣ, балкӣ сиёсӣ низ метавонад бошад. Мақомот дар танзими ин ниёзҳо нақши калидӣ дорад ва муваззаф аст, ки ба онҳо бо сиёсатҳои судманд дар сатҳи зарурӣ ва шаффофу муваззафона посух бидиҳанд", — зикр шудааст дар сомонаи ин ҳамоиш.

Дар миёни масоили умдатарин ширкаткунандагони ин ҳамоиш на танҳо дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, балкӣ танзими манобеъи оби минтақавӣ, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст, баррасӣ хоҳанд кард. Тоҷикистон эълом кард, ки дар соли 2016 ба сохтмони муҷаддади нерӯгоҳи Роғун оғоз мекунад. Ин тасмим дар Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон суолоти зиёдеро ба бор овардааст.

Аммо интизор меравад, ки мавзӯъи масоили дастрасӣ ба оби ошомиданӣ бештар баррасӣ хоҳад шуд. Дар сомонаи ин ҳамоиш таъкид мешавад, ки дар 10 соли ахир мавзӯъи беҳдоштии об аз мавзӯъи дуввумдараҷаи фаннӣ ба масоили умдаи сиёсии ҷаҳонӣ табдил шудааст.

Беш аз чаҳор яки аҳолии ҷаҳон аз соли 1990 бад ин сӯ ба беҳдоштии сареъ дастрасӣ пайдо карданд, вале як миллиард нафар аз шароити ғайриқобили қабули ахлот ва 2,5 миллиард нафар дар кишварҳои дар ҳоли рушд ба шароити беҳтари беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд.

Дар муддати солҳои 2007-2010 кӯмакҳои ҳадафманд барои таъмини беҳдоштӣ ва об дар кишварҳои кунд рушдкарда ва дорои даргириҳо 50% афзоиш ёфта аз $560 миллион то $840 миллион рушд кардааст.

Мубтакирони ин ҳамоиш таъкид мекунанд, ки беҳбуди низоми дастрасӣ ба об ва шароити беҳдоштӣ аз иқдомоти калидии коҳиши фақр дониста мешаванд.

Тағйироти иқлим

Ба ҷуз аз масоили зикршуда дар ҳамоиш масоили тағйири иқлим низ матраҳ хоҳанд шуд.

"Барои аҳолии 50 миллион нафарии Осиёи Марказӣ оби пиряхҳои баландкӯҳи Помир ва кӯҳистони Тян-Шон кафили субот, сулҳ ва рушд мебошад. Бо вуҷуди ин, ба худи манобеъи об тағйири иқлим ва истифодаи ғайримуассир таҳдид мекунанд", — зикр шудааст дар сомона.

Тобистони соли 2014 дар минтақа гармтарин буд ва дар пайи камбуди об ва хушкӣ кишоварзони Тоҷикистон ва Қирғизистон хисорот диданд.
Чанд соли қабл бисёриҳо мегуфтанд, ки об кофӣ аст, вале дар тӯли ин солҳо вазъият куллан тағйир ёфтааст. Гузашта аз ин, вазъияти фавқуллодаи марбут ба ҳаво бештар шуда ба сокинони манотиқи кӯҳистонӣ таҳдидҳо мекунанд.

Дар Тоҷикистон ба гунаи кишварҳои дигаре, ки онҳо бо камбуди об рӯбарӯ ҳастанд, интизорӣ доранд, ки баррасии масоили об дар чунин сатҳи баланд дар зудтарин фурсат натоиҷи зарурӣ хоҳад дод.

10
Барчаспҳо:
оғози ҳамоиши об дар Душанбе, ҳукумати Тоҷикистон, СММ, Тоҷикистон