Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Тағйироти бузурги кадрӣ дар бахши ВАО-и давлатӣ

61
Бар асоси қарорҳои нави ҳукумати Тоҷикистон раҳбари телевизионҳои давлатии “Сафина” ва “Баҳористон”, хабаргузории расмии “Ховар” ва радиои Тоҷикистон аз мақомҳояшон барканор шудаанд.

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Бар асоси қарори нави ҳукумати Тоҷикистон, Лутфуллоҳ Давлатзода аз раҳбарии телевизиони "Сафина" барканор ва мудири Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутии пойтахт таъин шудааст, менависад сомонаи президент.

Ба ҷойи Давлатзода Зевар Давлатова омадааст, ки то ин дам мудири телевизиони кӯдакону наврасон — "Баҳористон" буд.

Лутфуллоҳ Давлатзода, инак, мудири нави театри ба номи Лоҳутӣ тайи тақрибан шаш соли охир раиси телевизиони "Сафина" буд. Вай соли 1958 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шуда, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси ҳунарпешаи драма ва кино хатм кардааст. Солҳои 2006-2008 муовини аввали мудири Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон "Баҳористон" ва солҳои 2008-2009 мудири Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино" буд.

Бо сабаби расидан ба синни нафақа Муҳаммад Ғоиб аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷумҳурият" рухсат дода шудааст.

Қурбоналӣ Раҳмонзода аз вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод ва сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷумҳурият" таъин шудааст.

Бар асоси қарорҳои нави ҳукумат, Зарробиддин Сироҷов — корманди дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мудири хабаргузории расмии "Ховар" таъин шуда, дар ин мақом Шамсиддин Садриддиновро иваз кардааст. Дувумӣ ҳоло муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Сарварони тозатаъини РВКД дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ноиби собиқи раиси Кумитаи телевизион ва радио Дилафрӯз Амирқулова ба ҷойи Зевар Давлатова мудири шабакаи телевизиони "Баҳористон" таъин шудааст. Фаррух Зиёев ба ҷойи Абдурашид Хӯҷамқулов, ки ҳоло бознишаста шудааст, директори радиои Тоҷикистон таъин гардидааст.

Сӯҳроб Алиев — раиси "Тоҷиктелерадиоком" низ аз вазифааш барканор ва сардори Бозрасии назорати телевизион шудааст. Ҳоло Хуршед Ҳабибов иҷрокунандаи вазифаи раиси "Тоҷиктелерадиоком" мебошад.

Бо қарорҳои дигари ҳукумат Азизмамад Каримов муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Саъдӣ Қодирзода Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон, Карим Холов Директори генералии ҶСК "Тоҷиктрансгаз", Нуралӣ Саидзода муовини аввали раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон, Низом Мирзозода муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон, Рустам Азизов муовини директори муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ", Саодатшо Матробов муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин гардиданд.

61
Барчаспҳо:
ВАО-и давлатӣ, фармон, тағйироти кадрӣ, АМИТ Ховар, Радиои Тоҷикистон, "Телевизиони Сафина", "Ҷумҳурият", Муҳаммад Ғоиб, Садриддин Шамсиддинов, Лутфулло Давлатзода, Зевар Давлатова, Душанбе
Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (61)