Нишони Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ). Акс аз бойгонӣ

СҲШ ва Интерпол дар мавриди террористон табодули иттилоъ мекунанд

7
(Таҷдидшуда 11:51 22.06.2015)
Ниҳоди зиддитеррористии СҲШ ва созмони пулиси ҷиноӣ ба манзури муқобалаи судманд дар заминаи гурӯҳҳои тундгаро ҳамкориро тақвият медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Мавзӯъи мубориза бо терроризм дар маркази таваҷҷӯҳи дидори Мудири комитети иҷроияи ниҳоди зиддитеррористии СҲШ Ҷан Синфэн бо раиси бахши мубориза бо терроризм, амнияти ҷамъиятӣ ва баҳрии Интерпол Пер Сен-Илер буд, хабар медиҳад сомонаи ниҳоди зиддитеррористии СҲШ.

Тибқи тавофуқоти миёни ниҳодҳо, ниҳоди зиддитеррористии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (НЗ СҲШ) ва Интерпол ба сурати доимӣ дар бораи фаъолияти шабакаҳои байналмиллалии террористӣ табодули иттилоъ мекунанд.

Рамазон Раҳимзода. Акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

"Масоили фаъолиятҳои созмонҳои байналмиллалии террористӣ дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо зикр карданд, ки иҷрои ҳусни тафоҳуми миёни НЗ СҲШ ва Интерпол имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои судманд дар мубориза бо ҷангҷӯёни террористи хориҷӣ тақвият дода шавад", — зикр шудааст дар сомона.

Миёни НЗ СҲШ ва Интерпол дар моҳи ноябри соли 2014 санади ҳусни тафоҳуме имзо шуда буд, ки табодули иттилоъ миёни ниҳодҳоро дар назар дошта шароити муборизаи судманд бо терроризмро фароҳам месозад.

Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон узви СҲШ мебошанд. Афғонистон, Ҳинд, Эрон, Муғулистон, Покистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд ва Беларус, Шри-Ланка ва Туркия шарикони мубоҳисоти ин созмон ҳастанд. Дафтари НЗ СҲШ, ки соли 2004 таъсис шудааст, дар шаҳри Тошканд воқеъ аст.

7
Барчаспҳо:
ифротгароӣ, тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм, Интерпол, НЗ СҲШ, Пер Сен-Илер, Ҷан Синфэн
Мавзуъ
Қаҳҳоров тавваҷӯҳи ША СҲШ-ро ба ташаннуҷи вазъ дар минтақа ҷалб кард
СҲШ дар мавриди шибҳинозимиён табодули иттилоъ карданист