Вазъ дар Юнон

Юнон маблағҳоро бозпас намедиҳаду ҳамапурсӣ баргузор мекунад

5
(Таҷдидшуда 14:28 01.07.2015)
Қарздиҳандагони хориҷии Юнон намехоҳанд дарк кунанд, ки иқтисоди кишвар дар ҳоли уфт аст ва Афина наметавонад бидеъиҳоро бозпас бидиҳад, ҳукумати Тсипрас ба навҳаи демократӣ рӯй овард, зеро мутмаъин шуд, ки музокирот натоиҷе нахоҳад дод.

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Юнон усулан дефолти фаннӣ ё беилоҷии худро эълом карда натавонист $1,6 миллиард қарзи СБП-ро бозпас бидиҳад ва сарнавишти кишвар ба натоиҷи ҳамапурсии 5 июл бастагӣ хоҳад дошт, хабар медиҳад РИА Новости.

"Афина дар бозпардохти 1,6 миллиард евро дар моҳи июн ба СБП таъхир кард ва ҳамакнун дархост доранд, ки ин бозпардохт то моҳи ноябр ба таъхир гузошта шавад", — омадааст дар хабар.

Мақомоти Юнон чунин тасмими худро ба талаботи баланди қарздиҳандагон марбут медонанд, ки ба уфти 10% иқтисоди кишвар, афзоиши андозҳо ва коҳиши навбатии пардохтҳои иҷтимоӣ мунҷар мешаванд.

Иттиҳоди Аврупо аз тасмими ҳукумати Алексис Тсипрас барои баргузории ҳамапурсӣ хушбин нест ва талош дорад, ки Афина пешниҳодоти қарздиҳандагонро бипазирад, зеро онҳо муътақиданд, ки бо коҳиши хароҷоти иҷтимоии будҷа кишвар метавонад қарзҳои худро бозпас бидиҳад.

То ҳол иқтисоддонҳои ИА ва Юнон аз истифодаи мафҳуми "дефолт" худдорӣ мекунанд, зеро расман СБП ниҳоди хусусӣ нест, вале ширкати Fitch иқтидори кишварро алаккай то сатҳи "дефолти маҳдуд" пойин бурдааст.

5
Барчаспҳо:
"дефолт" дар Юнон, Ҳукумати Юнон, Алексис Тсипрас, Юнон
Мавзуъ
Расонаҳо: Ғарб аз муносиботи Юнон бо Русия нигарон аст
Пирӯзии СИРИЗА дар интихоботи парлумонии Юнон
Расонаҳо: Юнон метавонад аз Олмон бидеҳиҳоро бозпас бигирад
Пустое кресло

Маъмурияти дипломатии сафири Итолиё дар Тоҷикистон ба анҷом расид

47
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ба Андреа Бертотсӣ барои саҳми арзандааш дар тақвияти ҳамкории дуҷониба миннатдорӣ баён намуд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Маъмурияти дипломатии сафири Итолиё дар Тоҷикистон ба анҷом расид, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, чанде пеш муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафир мулоқот кардааст.

"Мулоқоти видеоии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Тошканд Андреа Бертотсӣ бино бар ба поён ёфтани маъмурияти дипломатиаш барпо гардид", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, Музаффар Ҳусейнзода ба Андреа Бертотсӣ барои саҳми арзандааш дар тақвияти ҳамкории дуҷониба миннатдорӣ баён намуд.

Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо инчунин аҳаммияти баргузории чорабиниҳои банақшагирифташуда, аз ҷумла вохӯриҳо дар сатҳи олӣ ва баландро, пас аз ба эътидол омадани вазъи ҷаҳон бар асари вобаста ба ҳамагирӣ таъкид карданд.

 

 

 

47
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй

Занги Эмомалӣ Раҳмон ба Назарбоев: 80-солагӣ муборак

128
Дар ин зимн ҷонибҳо атрофи як қатор масъалаҳои тавсеаву таъмиқи ҳамкории ду кишвар дар сиғаи шарикии стратегӣ ибрози ақида намуда, аҳамияти пешбурди минбаъдаи ин раванди созандаро бар нафъи мардумони ба ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид карданд

ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Имрӯз, 6 июл раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба якумин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.

"Дар ҷараёни суҳбат кишвардори Тоҷикистон якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро бо рӯйдоди муҳим – 80–солагии зодрӯзаш самимона табрик карда, таманниёти неки худро ба соҳибҷашн иброз намуд", - менависад котиботи раисҷумҳур.

Раисҷумҳури Тоҷикистон фаъолияти самарабахши солҳои тулонии Нурсултон Назарбоевро дар маснади Президенти Қазоқистони дӯст бахусус зикр кардааст.

Дар ин зимн ҷонибҳо атрофи як қатор масъалаҳои тавсеаву таъмиқи ҳамкории ду кишвар дар сиғаи шарикии стратегӣ ибрози ақида намуда, аҳамияти пешбурди минбаъдаи ин раванди созандаро бар нафъи мардумони ба ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид карданд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон унвонии якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

128
День 9 июля

Ҷашнҳои рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:44 08.07.2020)
Рӯзи нӯҳуми июл Рӯзи байналмилалии теннис буда, дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои хизмати дипломатӣ, дар Аргентина — Рӯзи Истиқлолият ва дар Қазоқистон – Рӯзи Хадамоти андоз мебошад

Рӯзи 9 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли  1788 Коннектикут Иёлати панҷуми ИМА шуд.

Соли 1948 Созмони байналмилалии меҳнат Конвенсияи ҳифзи ҳуқуқи иттиҳодияҳоро қабул намуд.

День 8 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1952 Ҷумҳурии Демократии Германия  (ГДР) дар бораи таъсис додани сотсиализм қарор қабул кард.

Соли 1957 дар ҷадвали химиявии Менделеев 102-юмин  элементи химиявӣ кашф карда шуд. Элементи навро донишмандоне, ки дар Швейтсария фаъолият мекарданд, ба хотири Алфред Нобел «Нобелий»  номгузорӣ намуданд.

Соли 1961  Юнон дар бораи дохил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Аврупо қарор қабул кард.

Соли 1988  варзишгари немис  Габриэла Ранш барои партофтани гурз  ба масофаи 76 метру 80 сантиметр рекорди ҷаҳонӣ гузошт.

Соли 1997 чемпиони ҷаҳон Майк Тайсон барои раҳоӣ ёфтан аз дасти ҳарифи худ дар майдони ҳарб гӯши ӯро газид ва аз бозӣ ронда шуд.

Соли 2006 дар давраи ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Германия дастаи мунтахаби Италия дастаи Франсияро дар силсилазарбаҳои 11-метра (вақти асосӣ 1:1) мағлуб намуд ва маротибаи 4-ум чемпиони чаҳон шуд.

Рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1996 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ширкати муштараки Тоҷикистону Голландия «Тоҷик Тел» мавҷи телефонӣ сар дода шуд.

День 7 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 дар тарабхонаи «Суҳбати дӯстон»- и шаҳри Истаравшан бо ширкати  Эмомалӣ Раҳмон тӯйи хонадоршавии 10 ҷуфти ҷавон ва хатнатӯйи 40 кӯдак аз оилаҳои камбизоат баргузор гардид.

Соли 2012  Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори вақти Америка дар Тоҷикистон Кеннет Гросс масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону ИМА-ро баррасӣ намуданд.

Соли 2015 дар шаҳри Уфа-пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ), СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани некуаҳволии мардумони кишварҳои мо» баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 9 июл

  • Рӯзи байналмилалии теннис.
  • Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои хизмати дипломатӣ.
  • Дар Аргентина — Рӯзи Истиқлолият.
  • Дар Қазоқистон – Рӯзи Хадамоти андоз.

Рӯзи 9 июн кӣ ба дунё омадааст

1901 — Барбара Картленд (соли даргузашт. 2000), нависандаи пурмаҳсули англис дар асри  XX.

1931 — Андрей Капитса (соли даргузашт 2011), ҷуғрофдони рус, таҳқиқгари Антарктида, профессор, узви Академияи илмҳо.

1938 - Лия Ахеджакова, ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳунарманди халқии Русия.

1950 — Виктор Янукович, сиёсатмадори украинӣ, президенти Украина дар солҳои (2010—2014).

1956 — Том Хэнкс, ҳунарманди амрикоӣ, коргардон, продюсер дорандаи ду ҷоизаи "Оскар" ва чаҳор  "Золотой глобус".

Рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

1941-2008 – нависанда  Азиз Раҳим.

1954 – ҳавошинос, нависанда Александр Пиров.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон