Ҷаласаи Радаи олии Украина. Акс аз бойгонӣ

Дар Украина мехоҳанд барои истифода аз вожаи “Русия” ҷарима кунанд

7
(Таҷдидшуда 13:43 08.07.2015)
Вакилони порлумони Украина решаи пайдоиши калимаҳои “Русия” ва “Рус”-ро баррасӣ карда мехоҳанд барои истифодаи онҳо дар қиболи Федератсияи Русия муҷозот мукаррар кунанд, зеро ин амр “таҳдид ба истиқлолият” дониста мешавад.

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ба Радаи олии Украина тарҳи қонун дар бораи манъи истифода аз калимаҳои "Русия" ва "Рус" барои бозтоби Федератсияи Русия ворид шудааст.

Алайҳи нақзкунандагон ҷарима аз 50 то 100 мизони ҳадди ниҳоии маош муқаррар шудааст.

Тарҳи қонун "Дар бораи манъи истифодаи исми таърихии қаламрави Украина ва вожаҳои истифодашуда аз онҳо ба унвони исм ва ё синоними Федератсияи Русия, барои бо ин исм номгузорӣ ва ё мушшахассозии қаламрави феълии Федератсияи Русия ва ё қисмате аз он" ҳафтаи гузашта ба Рада ворид шуд, вале ҷузъиёти он танҳо рӯзи сешанбе рӯшан шуданд.

Тибқи ин санад зери мафҳуми таърихии қаламрави Украина вожаи "Рус" ва калимаи аз он сохташудаи "Русия" дониста мешаванд.

Пешниҳод шудааст, ки истифода аз ин мафҳумот дар асноди ниҳодҳои давлатӣ, зимни суханрониҳои расмии мақомот ва таҳияи маводди иттилоъотӣ дар бораи Федератсияи Русия; дар китобҳои дарсӣ, харитаҳо, маводди иттилоъотӣ; дар эълонҳо ва таблиғот, овезаҳо, дар нишонаҳои ҷоддаҳо; дар интиқолоти почта ва дигар бахшҳо, ки дар онҳо номи расмии Федератсияи Русия истифода мешаванд манъ карда шавад.

Дар тарҳи қонун омадааст, ки исми "Русия" ва ё "Рус" — номи таърихии қаламравест, ки дар он Украинаи феълӣ воқеъ аст ва истифодаи он ба унвони синоними расмии Федератсияи Русия "ёдоварии таҷаҳҳумӣ ба шаҳрвандони Украина дар бораи "муваққатии" давлатдории Украина мебошад". Киев муътақид аст, ки ин амр дастдарозӣ ба истиқлолияти Украина мебошад.

Пешниҳод шудааст, ки ба қонуни ҷазои Украина ислоҳот ба моддаи 110-1 (моддаи 110 —"дастдарозӣ ба воҳидияти қаламрав ва дахлнопазири Украина") ворид карда шуда тибқи он барои нақзи ин талаботи қонун аз 50 то 100 маоши ниҳоӣ ҷарима пешбинӣ карда шавад.

Кишваре ки исмашро гуфтан мамнӯъ аст
© Sputnik / Виталий Подвицкий
Кишваре ки исмашро гуфтан мамнӯъ аст
7
Барчаспҳо:
манъи истифода аз исми "Русия" ва "Рус", Радаи олӣ, Украина
Мавзуъ
Дар Украина рамзҳои шӯравиро мамнӯъ карданд
Аврупо ба бозтоби воқеъии ҳаводис дар Украина шубҳа дорад
“Муколамаи мустақим” бо Путин: қурби рубл, буҳрони Украина, оташсӯзӣ
Дар Украина алайҳи Янукович парвандаи ҷиноӣ боз шуд
ВКХ Украина Рӯзи Ғалаба дар Маскавро “тавҳин” номид
Порошенко намоиши филмҳои русиро дар Украина манъ кард
Порошенко: назорати пулиси ИА роҳи беҳтарин барои шарқи Украина аст
Донетск алайҳи Украина ба иттиҳоми оғози ҷанг парвандаи ҷиноӣ боз кард
Мақомоти ҷудоихоҳони шарқи Украина ҷонибдори бетарафии Киев ҳастанд
Радаи Украина Януковичро аз унвони президентӣ маҳрум сохт
Министры иностранных дел России и Таджикистана Сергей Лавров и Сироджиддин Аслов

Нотаи Тоҷикистон ба Русия: Душанбе тарафи сеюмро дар марз номақбул хонд

1036
(Таҷдидшуда 21:05 29.05.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мавриди миёнаравӣ дар масоили марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номақбул хонда, таъкид кардааст, ки гуфтушунидҳои марзӣ кори дохилии ду давлат мебошад

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон 29 май бо ирсоли як нота ба Вазорати умури хориҷии Русия пешниҳоди миёнаравии Сергей Лавровро ғайри қобили қабул хондаст.

Душанбе дар нота ба унвонии Маскав инчунин таъкид кардааст, ки масъалаи марз дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии СПАД баррасӣ нашуда буд, ки баъдан Лавров дар бораи он изҳори назар кард.

Тоҷикистон дар нота унвонии Русия баён доштаст, ки ҷалби тарафи сеюмро ба ҷараёни гуфтушунид дар масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқи мақсад намедонад.

Таъкид шуд, масоили аломатгузорию муайянсозии марз кори дохилии кишварҳои узви СПАД буда, танҳо тариқи дуҷониба амалӣ мешавад.

ВУХ афзуд, ба самъи ҷониби Русия расонда шуд, ки гуфтушунидҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ бо такя ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонию воситаҳои ҳуқуқӣ амалӣ мешаванд.

Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар пайи ҷаласаи СПАД зимни нишасти матбуотӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват кард, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва Русия омода аст, ҳамчун миёнрав бошад.

"Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ин дар ҳолест, ки  24 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад, ки дар натиҷа ҷавонзани 25-сола шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ шуд.

1036
Барчаспҳо:
Тоҷикистон
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода

Расулзода бо ҳамтоёнаш оқибатҳои буҳронро баррасӣ кард

139
(Таҷдидшуда 16:56 29.05.2020)
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, 28 май дар машварати сатҳи баланди виртуалӣ таҳти унвони “Маблағгузорӣ барои рушд дар даврони COVID-19 ва марҳалаҳои минбаъда” суханронӣ намуд

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Чорабинии мазкур бо ибтикори дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, сарвазири Канада Ҷастин Трюдо ва сарвазири Ҷамайка Эндрю Холнесс доир карда  шуд, хабар додааст “Ховар”.

Манбаъ афзуд, ки дар машварат, аз ҷумла роҳбарон ва сарвазирони Тоҷикистон, Олмон, Фаронса, Ҷопон, Италия, Британияи Кабир, Покистон , Қирғизистон, Беларус, Арабистони Саудӣ ва ғайра, инчунин роҳбарони Хазинаи байналмилалии асъор, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Бонки ҷаҳонӣ  ва дигар институтҳои молиявии ҷаҳон ширкат  варзиданд.

“Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни суханронии хеш дар машварат оид ба иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар заминаи пешгирии шуюи бемории ҳамагири COVID-19 ва паёмадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии он ба кишвар изҳори назар кард”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ тавзещ дод, ки машварат дар се бахш гузаронида шуда, қарору тасмимҳои вобаста ба вазъи фавақулодаи бар асари пандемияи COVID-19 баамаломада ва рафъи оқибатҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

139
Барчаспҳо:
оқибатҳо, СММ, Тоҷикистон