Прокуратураи генералии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Додситонии кулл: ҲНИТ ҳамраъйи созмонҳои ифротгаро аст

29
(Таҷдидшуда 15:38 21.10.2015)
Дар изҳороти Додситонӣ, ки онро АМИТ “Ховар” рӯзи 8 июл нашр кард, омадааст, ин муроҷиати ҲНИТ амали ҳангомаҷӯёна буда, дур аз воқеият аст.

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар пайи муроҷиатномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои посдори сулҳи тоҷикон, онро беасос ва ҲНИТ-ро ҳамраъйи созмонҳои ифротгаро донистааст, менависад АМИТ "Ховар".

Анҷумани ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ
Официальная страница ПИВТ в Facebook

Дар изҳороти додситонӣ омадааст, "раванди хориҷшавии аъзо аз ҲНИТ идома дошта, созмони мазкур мақоми ҳизби сиёсиро, ки шарти мавҷудияти он тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ" доштани аъзо дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад, аз даст додааст".

"Муроҷиати Шӯрои сиёсии ХНИТ ба мақомоти олии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон, ниҳодҳои байналмилалӣ ва роҳбарони кишварҳои кафил амали ҳангомаҷӯёна буда, хуб мешуд, ки роҳбарияти ҲНИТ сабаби нокомиҳои худро дар сиёсати пешгирифтааш ва амалу рафторҳои аъзои хеш ҷуста, аз пахши чунин изҳороти беасос худдорӣ менамуд", — омадааст дар изҳороти додситонӣ.

Масъулини Прокуратураи генералӣ гуфтаанд, Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997, ки ҳамчунин 7 протокол ва 1 низомномаро дар бар мегирифт, пурра иҷро шудааст. Ин ниҳод муроҷиатҳои Шӯрои сиёсии ҲНИТ-ро, ки мегӯяд, солҳои охир зери таҳқиру фишори ниҳодҳои давлатӣ қарор гирифтаанду барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои он мақомоти ваколатдори давлатӣ таваҷҷуҳе зоҳир накардаанд, дур аз воқеият дониста, гуфтааст,"ҳама муроҷиатҳои намояндагони ҳизби номбурда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷааш ҷавобҳои расмӣ гардонида шудаанд".

Дар ин изҳорот аз муроҷиати хаттии муовини аввали расии ин ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ёдоварӣ шуда, гуфта мешавад, муроҷиати мазкур мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор гирифта, дар ҷараёни он бо аъзои ҲНИТ ва шахсоне, ки гӯиё зери фишори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор гирифтаанд, суҳбатҳо гузаронида шуда, шахсони мазкур ҳолати зери таъқиб ва фишор қарор гирифтани худро қатъиян рад намуданд.

Дар изҳорот роҳбарияти ҲНИТ, аз ҷумла раиси он Муҳиддин Кабирӣ дар қонунвайронкуниҳои зиёд муттаҳам дониста мешаванд.

"Роҳбарони ҳизби номбурда ба қонунвайронкуниҳои зиёди молумулкӣ ва азони худ намудани моликияти давлатӣ роҳ додаанд, ки хусусигардонӣ ва тақдири минбаъдаи беморхонаи сохтмонаш нотамоми касалиҳои сироятиии шаҳри Душанбе барои 500 кат мисоли ин гуфтаҳо мебошад. Раиси ҲНИТ — Кабирӣ Муҳиддин беморхонаи мазкурро ғайриқонунӣ, бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" хусусӣ гардонида, заминҳои ин иншоотро ба масоҳати 10 га, ки мақсаднок барои сохтмони муассисаи тандурустӣ ҷудо карда шудааст, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба 8 нафар шаҳрвандон дар асоси шартномаҳои ҳадя тақсим намудааст, ки онҳо дар навбати худ дар давоми солҳои 2009-2010 қитъаҳои замини мазкурро ба 95 нафар шаҳрванд ҳамчун замини наздиҳавлигӣ бо нархи аз 1500 то 2000 доллари ИМА барои ҳар як 0,01 га фурўхта, аз ин ҳисоб маблағи зиёда аз 150.000 доллари ИМА-ро ба Кабирӣ Муҳиддин додаанд. Ҳол он, ки мувофиқи моддаи 13 Конститутсияи Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, аз ин рӯ хариду фурўши он манъ аст", — омадааст дар изҳорот.

Прокуратураи генералӣ дар ин изҳорот иттилоъ додааст, ки натиҷаи савдои иншооти мазкур, санаду аҳдҳо вобаста ба хусусигардонӣ ва шартномаҳои ҳадя 16 апрели соли 2015 аз ҷониби суди ноҳияи Рӯдакӣ беэътибор дониста шудаанд.

Ин ниҳод дар изҳороти худ гуфтааст, дар 5 соли ахир 45 аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногун содир намудаанд, ки 17 нафари онҳо дар "ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта аз қабили ташкили иттиҳодияхои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ" даст доштаанд.

Дар идома аз раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоев ва роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Сабзалӣ Маҳмадризоев ёдоварӣ шуда, таъкид гардидааст, ки аввалӣ барои шомил шудан ба иттиҳоди муташаккили ҷиноятӣ ва иштирок дар бетартибиҳои оммавии моҳи июли соли 2012 пушти панҷара ва дувумӣ "24 июли соли 2012 ҳангоми ҳамлаи яроқнок ба намояндагони ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба ҳалокат расидааст".

Прокуратураи генералии Тоҷикистон сабаби 1,5 дарсад соҳиби раъй шудани ҲНИТ-ро дар интихоботи 1-уми марти соли 2015 ба ваҷхҳои оварда худ дар изҳорот муртабит дониста, зикр кардааст, "ин аз паст рафтани нуфузи ҲНИТ ва аз даст додани мавқеи он дар ҷомеа шаҳодат медиҳад".

29
Барчаспҳо:
хориҷшавӣ, созмонҳои терористӣ, ҳамраъй, муроҷиатнома, изҳорот, ҲНИТ, Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Душанбе
Мавзуҳо:
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмон ба кишвардори Қазоқистон барқияи тасаллият ирсол намуд

496
(Таҷдидшуда 11:45 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои қазоқи Қосим - Жомарт Тоқаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон имрӯз барои поси хотири қурбониёни маризии ҳамагири коронавирус мотами миллӣ эълон гардидааст.

Дар ин робита, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ Қосим - Жомарт Тоқаев барқияи тасаллият равон кард.

Шумораи шаҳрвандони дар марзи Қазоқистон дармондаи Тоҷикистон бештар мешаванд - акс

Бар хабари котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи худ изҳор доштааст, ки "дар иртибот ба эълон кардани рӯзи миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи "Ковид-19" дар Қазоқистон бо таманниёти шифои ҳарчи зудтари комил ба ҳамаи гирифторони ин беморӣ ҳамдардии амиқи моро ба мардуми бародари Қазоқистон иброз медорам".

Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намудааст, ки тадбирҳои ҷиддии ҳукумати ин кишвар ҷиҳати пешгирӣ аз хатари сирояти вирус натиҷаҳои матлуб ба бор хоҳанд овард.

"Тоҷикистон вазъияти вобаста ба сирояти коронавирусро, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамоно хеле ҳам муташанниҷ боқӣ мемонад, бо нигаронии амиқ пайгирӣ менамояд", - таъкид мешавад дар хабар.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон омодааст ба Ҷумҳурии Қазоқистон кӯмак расонад.

Бино бар пояи омори ахир, дар пайи гирифторӣ ба коронавирус  дар Қазоқистон 280 нафар шаҳрвандон ҳалок шуданд.

496
Барчаспҳо:
Қазоқистон, президент, барқияи таслият, Эмомалӣ Раҳмон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Президент России Владимир Путин

Муносибати Владимир Путин ба танқиди тунд: ӯ гуфт кадом нақд хуб аст

505
(Таҷдидшуда 18:53 12.07.2020)
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ба танқид чӣ гуна муносибат мекунад. Ӯ гуфт танқид набояд фақат ба хотири танқид бошад

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин гуфт, гӯш кардан ба пешниҳодҳоро аз вазифаи худ медонад.

Дар баробари ин президент қайд кард, ки танқид бояд конструктивӣ бошад.

"Агар аҷоиб намояд, ман ба пешниҳодҳо гӯш медиҳам. Агар дар баробари танқид чизе пешниҳод шавад. Чунки агар  танқид танҳо ба хотири танқид бошад, пас аҷоиб нест", - гуфт Владимир Путин дар мусоҳиба бо шабакаи "Россия 1".

Ба гуфти Путин дар дунё доим ҳастанд одамоне, ки дигар фикр доранд.

"Онҳо фикр мекунанд, ки роҳи ҳалле, ки онҳо пешниҳод доранд аз оне, ки мақомоти давлатӣ аз ҷумла преизедент пешниҳод мекунад, беҳтар аст", - шарҳ дод раисиҷумҳури Русия.

Путин иқрор шуд, ки ба танқиди ба ҷо ва пешниҳодҳои хуб "бо хушнудӣ гӯш медиҳад".

"Ҳама зид буданд": Путин дар бораи боздид аз Коммунарка

Дар баробари ин ӯ қайд кард, ки амалӣ кардани он чандон муҳим нест.

"Донистани ҳамагуна фиркҳо, пешниҳодҳо ва арзёбиҳо, фоида дорад", - хулоса кард президент.

505
Барчаспҳо:
президент, посух, вокуниш, Владимир Путин
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Мусибат дар хонаводаи раиси вилояти Хатлон: модарашро аз даст дод

0
(Таҷдидшуда 13:52 13.07.2020)
Дар хонаводаи раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода, мусибат ба вуқӯъ омад. Модари Қурбон Ҳакимзода аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Модари раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода, аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора Носирҷон Маъмурзода сухангӯи раиси вилояти Хатлон хабар дода, бо аҳли хонавода ва ёру пайвандонаш изҳори ҳамдардӣ кардаанд.

Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода бинобар даргузашти модарашон изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба пайвандони марҳум сабр орзу кардаанд.

"Бо арҷгузорӣ ва ситоиш аз хираду наҷобат ва бузургии модари марҳума, ки олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ буданд ва бо иффат, ақлу фаросат, бо хулқи ҳамида, меҳру шафқат рӯзгори фарзандонро зеб медоданд, мо – кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бори дигар ба Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бинобар реҳлати бемаҳали модарашон таслият арз менамоем", - омадааст дар таъзиянома.

Сабаби даргузашти модари Ҳакимзода гуфта нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки дирӯз, 12 июл Назарбегим Муборакшоева, ходими сиёсӣ ва чамъиятӣ, собиқ муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилоят, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғи  ВМКБ аз олам чашм пӯшид.

0
Барчаспҳо:
Хатлон, вилоят, раис, модар, даргузашт