Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Уфа. 8 июли соли 2015

Раҳмон: умедворам Эрон дар зудтарин фурсат ба СҲШ пазируфта мешавад

5
Раҳбари Тоҷикистон бо қаноъатмандӣ аз тавсеъаи гурӯҳи кишварҳои шарик ва аз ҳузури Озарбойҷон, Арманистон, Непал ва Камбодҷа дар он изҳори хушҳолӣ кард.

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Тоҷикистон умедвор аст, ки Эрон дар зудтарин фурсат ба узвият дар СҲШ пазируфта мешавад, изҳор дошт раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷумъа дар ҳамоиши ин созмон дар шаҳри Уфа.

"Тоҷикистон аз тасмими оғози раванди пазируфтани Ҳинд ва Покистон ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай истиқбол мекунад ва ин амр баёнгари навҳаи дарҳои бози ин созмон мебошад. Изҳори умедворӣ мекунам, ки дар зудтарин фурсат Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба узвияти комили созмони мо пазируфта мешавад", — гуфт Раҳмон.

Сӯҳбати раиси ҷумҳури Русия В.Путин бо нахуствазири Ҳинд Нарендра Модӣ
Пресс-служба Президента РФ

Вай изофа кард, ки Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти ниҳоди кишварҳои нозири ин созмон мебошад ва аз пазируфтани Ҷумҳурии Белорус истиқбол мекунад ва ҳамзамон аз тавсеъаи гурӯҳи кишварҳои шарик пуштибонӣ карда ҳузури Озарбойҷон, Арманистон, Непал ва Камбодҷа дар суфуфи онро истиқбол мекунад.

Оғози раванди пазируфта шудани Ҳинд ва Покистон ба суфуфи ин созмонро дар суханронии худ раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев низ пуштибонӣ кард.

"Мо аз оғози раванди пазируфта шудани Ҳинд ва Покистон ба СҲШ-ро комилан пуштибонӣ мекунем. Аҳамияти байналмиллалӣ ва таҷруба, зарфияти иқтисодии Ҳинд ва Покистон барои дурнамои сомзони мо аҳамияти бузург доранд", — гуфт вай.

Ҳамоишҳои БРИКС ва СҲШ дар Уфа аз 8 то 10 июл идома доранд. Феълан Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви СҲШ мебошанд.

5
Барчаспҳо:
оғози раванди пазироии Ҳинду Покистон ба узвияти СҲШ, СҲШ, Нурсултон Назарбоев, Эмомалӣ Раҳмон, Уфа, Русия
Мавзуъ
Президенти ҶТ барои ширкат дар ҷаласаи СҲШ ба Уфаи ФР парвоз кард
Сафири ҶТ дар Чин Рашид Олимов эҳтимол дорад дабири кулли СҲШ шавад
Дабири кулли СҲШ: заминаи ҳуқуқӣ барои тавсеъаи созмон омода аст
Президенти Покистон: мо тасмим дорем ба СҲШ бипайвандем