Рӯҳонӣ, президенти Эрон

Истиқболи гарми Душанбе аз тавофуқи Эрон ва кишварҳои "шашгона"

7
(Таҷдидшуда 09:25 15.07.2015)
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ба тавофуқ расидани Эрон бо гурӯҳи 5+1 зафар ёфтани ақлу заковат ва тафаккури инсонист.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба раисҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар робита ба тавофуқи ҳастаии ин кишвар бо гурӯҳи 5+1 номаи табрикотӣ ирсол кардааст, менависад сомонаи президент.

"Бо камоли хушнудӣ ва масаррати фаровон хабари ба тавофуқ расидани Ҷумҳурии Исломии Эрон ва гурӯҳи "5+1"-ро дар масоили барномаи ҳастаии Шумо дарёфт намудам", — тазаккур додааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи номааш гуфтааст, пирӯзии афкори созанда дар ин мавзӯъ "дар воқеъ зафар ёфтани ақлу заковат ва тафаккури инсонист, ки он на танҳо ба нафъи Эрони бародар, балки ба манфиати тамоми минтақа аст" ва ба мардумони соҳати паҳновари он ва ҳамаи бани Одам зиндагии орому осоишта, пешрафту тараққӣ ва ояндаи хубу осмони беғуборро таъмин мекунад.

"Бо ибрози табрику таҳнияти Ҷаноби Олӣ ва мардуми Эрон бо ин дастоварди бузург ба кишвари бародар амну амонӣ ва рифоҳу саодат орзумандам", — навиштааст президенти Тоҷикистон.

Тавофуқи ҳастаии Эрон бо гурӯҳи 5+1 рӯзи 13 июл дар шаҳри Венаи Австрия ба ифоқа расид. Эрон ду соли ахир барои лағви таҳримоти Ғарб дар қиболи барномаҳои ҳастаияш вориди гуфтугӯ буд.

7
Барчаспҳо:
5+1, ҳастаӣ, тавофуқ, номаи табрикотӣ, Ҳасани Руҳонӣ, Эрон