Раиси Дума: Украина соли 1991 Қримро сулҳомез ғасб карда буд

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкСергей Наришкин
Сергей Наришкин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси порлумони Русия дар дидор бо ҳамтоёни фаронсавии худ, ки қасди сафар ба Қримро доранд, онҳоро мутмаъин сохт, ки бештаре аз сокинони ин нимҷазира дар тӯли солҳои қаламрави Украина буданашон орзуи бозгашт ба ватани аҷдодиро доштанд.

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Бештаре аз сокинони Қрим дар тӯли 23 соли ғасби мусолиҳатомези украинӣ худро дар ғарибӣ эҳсос карда орзуи бозгашт ба Русияро доштанд, изҳор дошт рӯзи панҷшанбе раиси Думаи давлатии ФР Сергей Наришкин.

Ин суханонро вай дар дидор бо ҳайъати аъзои порлумони Фаронса, ки қасди сафар ба ин нимҷазираро доранд, изҳор дошт.

"Муътақидам, мардум ба шумо ошкор мегӯянд, ки худро дар тӯли 23 сол — аз соли 1991 то соли 2014 эҳсо мекарданд. Он замон ба далоили мухталиф Қрим усулан бо навҳаи сулҳомез ғасб шуда буд, такроран мегӯям — сулҳомез. Медонам, ки бештаре аз сокинони Қрим тӯли ин солҳо эҳсос мекарданд, ки дар ғарбӣ ҳастанд ва онҳо орзу доштанд, ки дубора ба ватани аҷдодӣ, ба Русия баргарданд", — гуфт Наришкин.

Вай гуфт, ки баъд аз моҳи марти соли 2014 чаҳор маротиба ба Қрим сафар кардааст. "Ман бо мардум дар майдонҳо, хиёбонҳо, дар боғҳо дидор карда сӯҳбатҳои самимӣ доштам", — зикр кард Наришкин.

Ба гуфтаи ӯ соли 2009 вай дар ҷашни Рӯзи Пирӯзӣ — 9 май дар Севастопол будааст. "Ман ҳамоиши ҷашнии сокинони шаҳрро тамошо кардам. Ва таъаҷҷуб кардам, ки куллияи сокинони шаҳр ба ҳамоиш бо парчамҳои Русия омаданд. Дуруст аст, ки парчамҳои Украина низ буданд, вале бештаре аз мардум парчами Русияро дар даст доштанд", — гуфт раиси Думаи давлатӣ.

"Бароям таъассуроти шумо аз сафари Қрим ҷолиб хоҳад буд", — гуфт вай зимни муроҷиъат ба аъзои порлумони Фаронса.

Қрим дубора баъд аз баргузории ҳамапурсӣ дар моҳи марти соли 2014, ки дар он бештаре аз сокинон, ки қонунӣ будани табаддулоти моҳи феврал дар Украианро эътироф накарданд, ба ҷонибдорӣ аз бозгашт ба ҳайъати Русия раъй доданд. Москав иддаъо дорад, ки баргузории ҳамапурсӣ дар Қрим мутобиқи муқаррароти ҳуқуқии байналмиллалӣ ва Ойинномаи СММ сурат гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0