Сафари ҳайъати порлумонии Фаронса ба Қрим

Вакилони фаронсавӣ мехоҳанд ба ватан “намои дигари Қрим”-ро биоваранд

8
(Таҷдидшуда 10:43 29.07.2015)
Ҳайати вакилони порлумони Фаронса, ки бо сафаре дар нимҷазира қарор доранд, ҳадаф гузоштаанд, ки то ба интихобкунандагони худ “намои дигари Қримро” биоваранд, то тасаввури онҳо дар бораи ҳаводис дар атрофи ин минтақаи Русияро тағйир бидиҳанд.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Вакилони порлуомнии Фаронса қавл доданд, ки тасаввури ҳамватанони худ дар бораи Қрим баъд аз бозгашти худ аз ин минтақаи Русия тағйир бидиҳанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба РТ.

Дар ин бора дар дидор бо хабарнигорон вакили порлумони Миллии Фаронса, узви комиссияи порлумонӣ дар умури хориҷӣ Терри Марианӣ хабар дод. Ба ин суол, ки оё вай мутмаъин аст, ки метавонад тасаввури мардум дар бораи Қримро тағйир дода тавонад, сиёсатмадор посух дод:

"Барои тағйири ин тасаввур мӯҳлате зарур аст. Вале ман ба шумо қавл медиҳам, ки мо бо худ намои дигари Қримро мебарем".

Ба гуфтаи вай, иттилоъи дигар ҷомеъаро ба надеша водор месозад. "Вақте ду зангӯла садо медиҳанд, мардум ба андеша мераванд", — гуфт Марианӣ.

Вай мисоли таҳримотро сиёсатмадор намунаи ин амр унвон кард.

"Феълан дар Фаронса атрофи бӯҳрони кишоварзӣ музокироти тунде доман задааст. Мардум ба хулосае расидаанд, ки бӯҳрон натиҷаи таҳримот аст. Ба ин далел ман фикр мекунам, ки назароти ҷомеъа оҳиста-оҳиста тағйир меёбад", — изҳор дошт вай.

Ҳайъати даҳ нафарии вакилони порлумонии Фаронса рӯзи панҷшанбе аз Москав вориди Қрим шуд. Фаронсавиҳо алаккай аз Ялта, Симферепол дидан карда боз ба Севастопол мераванд. Дар Қрим онҳо бо мақомоти маҳаллӣ ва сокинони ин нимҷазира дидору сӯҳбатҳо мекунанд.

8
Барчаспҳо:
таҳримҳо алайҳи Русия, бӯҳрони Русия, вазъи Қрим, дидори ҳайъати вакилони порлумонӣ аз Қрим, порлумони Фаронса, Терри Марианӣ, Фаронса, Русия, Қрим
Мавзуъ
Собиқ овозхони Deep Purple аз консертҳо дар Қрим - шояд мамнӯъ шавам
“Бозгашт ба Ватан” – Путин ҷузъиёти пайвастшавии Қрим ба ФР рӯшан кард
Филм. "Қрим. Роҳ ба сӯи Ватан"
Путин оиди пайвастшавии Қрим: Русия кореро анҷом дод, ки ба зимааш буд
Раҳбари Қрим: Порошенкоро додгоҳи низомӣ муҳокима мекунад