Сайругашти духтарон дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Дар Файзобод гурӯҳҳои таблиғотӣ хона ба хона мегарданд

23
(Таҷдидшуда 15:14 27.07.2015)
Муаллифи Ховар менависад, гуруҳи таблиғотӣ хона ба хонаи сокинон гашта, аз волидайни хоҳиш кардаанд, ки нагузоранд фарзандонашон ба созмонҳои ифротӣ бипайванданд.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бахши Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод бо ташкили гуруҳҳои таблиғотӣ, аз модарони ин ноҳия хостааст, аз шомилшавии фарзандонашон ба ифротӣ ифротӣ ҷилавгирӣ кунанд, менависад АМИТ Ховар.

Мавлуда Шарифова, корманди Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ноҳияи Файзобод бо иншои матлабе навиштааст, гуруҳи таблиғотӣ хона ба хона гашта, ба оилаҳо ва фарзандони онҳо муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки аз аҳволи онҳо бохабар гардида, ба масъалаи тарбияи онҳо, масъулияти давлату ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ  таваҷҷуҳ кунанд.

Хонум Шарифова дар идомаи матлабаш ба нақди сатру ҳиҷоб пардохта, онро "тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд", номидааст.

"…Мушоҳида мекунем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари беиттилоотӣ ва бехабарӣ аз асли масъала мебошад. Занони мо либосҳои бегонаро бо номи "ҳиҷоб" ё "сатр" истифода карда,  ба ин васила гӯё шариатро риоя мекунанд. Вале дар асл маънии "ҳиҷоб"- парда ва "сатри аврат" — пӯшонидан ё пинҳон кардани аврат мебошад. Яъне, пӯшонидани аврат тавассути либос. Ба ҳамаи мо маълум аст, бибию момоҳои мо ҳам "ҳиҷобу сатр" доштанд, ки он комилан миллию суннатӣ ва хоси фарҳангу анъаноти мо буд, на ин ки мисли имрӯза "сатру"-у "ҳиҷоб"-и сиёҳранг", — омадааст дар матлаби корманди бахши занони ноҳияи Файзобод.

Вай дар интиҳо навиштааст, ки гуруҳҳои ифротгаро метавонанд, ки  бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти  ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб намоянд.

Бинобар ин, даъват кардааст хонум Шарифова, имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон… аз вазифаҳои муҳими ҷомеа аст.

23
Барчаспҳо:
пешгирӣ, ифротӣ, пайвастшавӣ, волидайн, таблиғот, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ, Мавлуда Шарифова, Файзобод