Истироҳат дар Қрим

Расонаҳо: вакилони порлумони Италия озими Қрим шудаанд

11
(Таҷдидшуда 10:45 29.07.2015)
Интизор меравад ҳайъати ҳашт-даҳ нафарии порлуомни Италия аз Қрим дидан кунанд. Ин ҳайъатро узви кумитаи умури байналмиллалӣ Алессандро ди Баттиста раҳбарӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Вакилони порлумони Италия тасмим гирифтанд ба Қрим сафар кунанд. Яке аз мубтакирони ин сафар, намоянда аз ҷунбиши "Панҷ ахтар" Манлио ди Стефано ба нашрияи "Коммерсант" гуфтааст, ки ахиран бо масъулини сафорати Русия дар Рим дар тамос шуда хостори оғози таҳияи ин сафар шудааст.

Ба гуфтаи ин узви порлумон ҳайъат аз ҳашт то даҳ нафар иборат буда, онро узви кумитаи парлумонии умури байналмиллалӣ Алессандро ди Баттиста раҳбарӣ мекунад.

Дар назар аст сафар дар авоили моҳи октябр сурат бигирад.

Узви парлумон аз ҳизби италиявии "Анҷумани Шимол" Серҷо Дивина низ хостори пайвастан ба ин сафар шудааст.

Ба гуфтаи мусоҳибони нашрия аз ҳайъати италиявӣ пешниҳоди сафар ба Қримро ба онҳо муъовини раиси кумитаи умури байналмиллалии Шӯрои федератсияи Русия Андрей Климов кардааст.

Хабар дода шудааст, ки ин ҳайъат қасд дорад ба Қрим тавассути қаламрави Русия ворид шуда ҳадафи он "дарёфти иттилоъи дақиқ дар бораи он, ки мардум дар Қрим баъд аз ҳамапурсии моҳи марти соли 2014 чӣ гуна зиндагӣ мекунанд".

Нашрия ёдовар мешавад, ки ҷунбиши "Панҷ ахтар" аз мавқеъи зидди эсовсӣ ва зиддиамрикоӣ ҷониборӣ мекунад.

Ҳамчунин дар бораи омадагӣ барои сафар ба Қрим муъовини раиси кумитаи умури байналмиллалии порлумони Маҷористон Мартон Дёндёши, яке аз раҳбарони ҳизби "Йоббик", ки миллатгаро унвон мешавад, хабар дод. Ба гуфтаи вай замони ин сафар "дар ҳафтаҳои наздик" бояд таъйид шавад.

Қаблан нашрия хабар дода буд, ки вакили порлумони Аврупо Надин Морино, ки ахиран дар ин ниҳод гурӯҳи "Барои музокироти ҷадид бо Русия"-ро таъсис додааст, низ омодагиашро барои сафар ба Қрим изҳор дошт.

11
Барчаспҳо:
вакилони итолиёвӣ ба Қрим меоянд, тасмим барои сафар ба Қрим, Порлумони Италия, Надин Морино, Андрей Климов, Серҷо Дивина, Алессандро ди Баттиста, Манлио ди Стефано, Италия, Қрим, Русия
Мавзуъ
Собиқ овозхони Deep Purple аз консертҳо дар Қрим - шояд мамнӯъ шавам
“Бозгашт ба Ватан” – Путин ҷузъиёти пайвастшавии Қрим ба ФР рӯшан кард
Филм. "Қрим. Роҳ ба сӯи Ватан"
Путин оиди пайвастшавии Қрим: Русия кореро анҷом дод, ки ба зимааш буд
Раҳбари Қрим: Порошенкоро додгоҳи низомӣ муҳокима мекунад
Президент России Владимир Путин

Муносибати Владимир Путин ба танқиди тунд: ӯ гуфт кадом нақд хуб аст

267
(Таҷдидшуда 18:53 12.07.2020)
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ба танқид чӣ гуна муносибат мекунад. Ӯ гуфт танқид набояд фақат ба хотири танқид бошад

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин гуфт, гӯш кардан ба пешниҳодҳоро аз вазифаи худ медонад.

Дар баробари ин президент қайд кард, ки танқид бояд конструктивӣ бошад.

"Агар аҷоиб намояд, ман ба пешниҳодҳо гӯш медиҳам. Агар дар баробари танқид чизе пешниҳод шавад. Чунки агар  танқид танҳо ба хотири танқид бошад, пас аҷоиб нест", - гуфт Владимир Путин дар мусоҳиба бо шабакаи "Россия 1".

Ба гуфти Путин дар дунё доим ҳастанд одамоне, ки дигар фикр доранд.

"Онҳо фикр мекунанд, ки роҳи ҳалле, ки онҳо пешниҳод доранд аз оне, ки мақомоти давлатӣ аз ҷумла преизедент пешниҳод мекунад, беҳтар аст", - шарҳ дод раисиҷумҳури Русия.

Путин иқрор шуд, ки ба танқиди ба ҷо ва пешниҳодҳои хуб "бо хушнудӣ гӯш медиҳад".

"Ҳама зид буданд": Путин дар бораи боздид аз Коммунарка

Дар баробари ин ӯ қайд кард, ки амалӣ кардани он чандон муҳим нест.

"Донистани ҳамагуна фиркҳо, пешниҳодҳо ва арзёбиҳо, фоида дорад", - хулоса кард президент.

267
Барчаспҳо:
президент, посух, вокуниш, Владимир Путин
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе

Се қарори Ҳукумат: Раҳмон сардори Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ - ро аз вазифа озод кард

495
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се қарори Ҳукуматро имзо карда, чанде аз масъулини баландпояро ҷо ба ҷо кард

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се қарори Ҳукуматро имзо карда, дар мақомоти қудратӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон, Мирзоев Бадриддин Қиёмиддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон масъулини мақомоти қудратӣ ва давлатиро ҷо ба ҷо кард

Бо қарори дигар Пиракзода Ҳикматулло ба ҷойи ӯ, сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Тибқи қарори сеюми Ҳукумат, Нурализода Нуриддин Файзиддин директори муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

495
Барчаспҳо:
Ҳукумат, тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Сотрудники санитарных служб проводят обработку улиц

Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дубора безарар гардонида мешаванд

0
(Таҷдидшуда 19:45 12.07.2020)
Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дубора поккорӣ мешаванд. Ин поккорӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси навъи COVID - 19 гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Гурӯҳи безараргардонӣ ва пешнигрӣ аз сироят ба коронаирус СOVID-19 фаъолиятҳои поккорӣ дар иншооту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хучандро аз сар гирифт.

Бино ба гузориши КҲФ, ин гурӯҳ, ки аз аввали авҷи вируси корона дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Суғд амал мекард, зарфи ду рӯзи охир ба фаъолиятҳои худ идома дод.

Ёдгор Файзов гуфт, ки чигуна Тоҷикистон тавонист коронавирусро пешгирӣ кунад

Дастаи имдод дар ин ду рӯз дар Беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С. Қутфиддинов ва даромадгоҳҳои биноҳои 5-9-ошёнаи истиқоматии маҳаллаи 12-умро бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор, маҳлули гипохлорид натрий поксозӯ карданд.

"Дар як рӯз аз ҷониби гурӯҳ беш аз 20 бино безарар гардонида мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки корҳои безараргардонӣ дар вилояти Суғд идома доранд.

Тибқи иттилои Вазорати беҳдошти ҶТ шумораи умумии гирифторон ба маризии коронавирус аз 30 - юми апрел то 11 - уми июл ба 6 505 нафар баробар аст.

Дар кишвар 5176 нафар ё худ 79,5 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
пешгирӣ, поксозӣ, вируси нав, Суғд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон