Мулоқоти роҳбарони кишварҳи узви СПАД дар Кремл

Нишасти навбатии ША СПАД дар Душанбе баргузор мегардад

12
(Таҷдидшуда 09:28 06.08.2015)
Дар баробари муҳокимаи масъалаи тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои узв дар чорчӯби СПАД, табодули афкор роҷеъ ба масоили доғи минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла хатароти ношӣ аз терроризм ва фаъол шудани гурӯҳҳои тундрав, ба мисли “Давлати Исломӣ” дар меҳвари нишасти Душанбе дар моҳи сентябр хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Рӯзҳои 14-15 сентябри соли равон дар Душанбе баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) дар назар аст, омадааст дар хабари сомонаи ВКХ ҶТ.

Дар ин нишаст раисиҷумҳурони Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.

Маврид ба ёдоварист, Владимир Путин, президенти Русия дар ҷараёни мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон дар шаҳри Уфа иброз дошт, ки моҳи сентябр ба Душанбе меравад ва дар нишасти СПАД иштирок мекунад.

Дар баробари муҳокимаи масъалаи тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои узв дар чорчӯби СПАД, табодули афкор роҷеъ ба масоили доғи минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла хатароти ношӣ аз терроризм ва фаъол шудани гурӯҳҳои тундрав, ба мисли "Давлати Исломӣ" дар меҳвари нишасти Душанбе дар моҳи сентябр хоҳад буд.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ташкилоти низомиву сиёсӣ буда, дар асоси Паймони амнияти дастҷамъӣ дар соли 1999 ташкил гардид. Айни замон кишварҳои Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус ба он шомиланд.  

12
Барчаспҳо:
баррасии масоили доғи минтақа сурат мегирад, дар Душанбӣе баргузории ҷаласаи навбатии ША СПАД дар назар аст, ША СПАД, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, СПАД, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Белорус, Қирғизистон, Душанбе, Тоҷикистон, Русия
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко и глава палаты парламента Таджикистана Рустам Эмомали

Муҳоҷиру пулу гӯшаи тоҷикон: натиҷаҳои нахустсафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Маскав

1318
(Таҷдидшуда 21:09 25.11.2020)
Нахустин сафари расмии Рустами Эмомалӣ дар Маскав, ки зимни он ба ҳайси раиси Маҷлиси миллӣ бо аъзои парлумони Русия ва ба ҳайси шаҳрдори Душанбе бо Сергей Собянин мулоқот кард, анҷом ёфта истодааст

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Зимни ҷаласаи муштарак Валентина Матвиенко, раиси палатаи болоии парлумон ва Рустами Эмомалӣ самтҳои асосии ҳамкории ду кишвар – саноат, тиҷорат ва ҳамкории минтақаваиро муайян намуданд.

Раиси Маҷлиси миллӣ гуфт, гарчанде Русия тайи солҳои зиёд шарики асосии тиҷории Тоҷикистон мебошад (гардиши мол тайи 8 моҳи 2020 ҳудуди 720 миллион доллар), имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ ҳанӯз зиёданд.

“Ҳиссаи сармоягузориҳои мустақими Русия ҳанӯз ҳам ба имконоти мавҷуда ҷавобгӯй набуда, зарфиятҳои ҳамкории иқтисодии Русия ва Тоҷикистон пурра истифода нашуда истодааст”, - изҳор дошт ӯ.

Валентина Матвиенко дар навбати худ аҳамияти сафари раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистонро таъкид карда, афзуд, ки он таконе барои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз монеаҳои асосии рушди ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба коғазбозиҳои зиёд ва расмиёти мураккаб мебошад.

“Бюрократияи зиёдатию таъхиркориҳо монеи рушди ҳамкорӣ дар ин бахш мебошанд. Барои ин ба хулоса расидем, ки як роҳҳалро таҳия кунем. Тариқи кумитаҳои соҳавӣ ҳамоҳангсозиро вусъат бахшида, заминаи ҳуқуқию шартномавиро таҳким мебахшем”, - изҳор дошт раиси Шӯрои Федератсия.

Ба гуфтаи ӯ, миёни Душанбе ва Маскав баъзе нофаҳмиҳо дар масъалаи устуворсозии заминаи ҳуқуқӣ-шартномавӣ вуҷуд дорад. Ва аъзои парлумони ду кишвар метавонанд барои ҳамоҳангӣ ва тезондани тасвиби ҳуҷҷатҳо созиш кунанд.

Рустами Эмомалӣ инчунин бо ноиби раиси Ҳукумати Русия, Алексей Оверчук, ки ҳамраисии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар умури ҳамкориҳои иқтисодиро низ ба уҳда дорад, мулоқот намуд.

Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ равона карда шуд. Аз ҷумла Оверчук ва Рустами Эмомалӣ ҳамкорӣ дар бахши куҳкорӣ, саноати коркард, бахши энергетикаю сӯзишворӣ ва хоҷагии қишлоқро баррасӣ намуданд.

Масъалаи содироту воридоти маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла меваю сабзавот аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот буд.

Албатта ҷонибҳо соҳаи гуманитариро низ бетаваҷҷуҳ нагузоштанд. Рустами Эмомалӣ бо аъзои парлумони Русия масоили вусъат бахшидани сохтмони макотиби русӣ дар Тоҷикистонро ба миён гузошту Валентина Матвиенко аз Рустами Эмомалӣ хост ба ҷавонон таваҷҷуҳ дода шавад.

“Ман ҷонибдори барқарорсозии ҳарчи зудтари ҳамкориҳо дар бахшҳои гуманитарӣ, афзоиш дар бахши фарҳангу маориф, варзиш ва албатта ҷавононам”, - таъкид кард раиси Шӯрои Федератсия. Ӯ давом дод, ки дар дунё созмону ҳаракатҳои ифротию террористӣ зиёданд, ки барои мағзи ҷавонон талош мекунанд. Мо бояд пешдастӣ кунем, тариқи табодули таҷриба бояд ҳарчи бештар лоиҳаҳо ва маъракаҳоро амалӣ созем.

Аз ҷумлаи иқдоми мушаххас пешниҳод гардид, ки дар 20-солаи наздик теъдоди намояндагиҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон афзоиш дода шавад. Таъкид гардид, ки дар заминаи макотиби Маскав барои омӯзгорони забони русии макотиби Душанбе ва дар заминаи беморхонаҳо барои табибони тоҷикистон курсҳои такмили ихтисос гузаронда шаванд.

Барои Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо аъзои парлумон ва ҳукумати Русия масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ буд. Ӯ дар бораи расмиёти содаи ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба кор, барқарорсозии парвозҳо ва пешгирии паҳншавии коронавирус миёни муҳоҷирон суҳбат кард.

Масъалаи муҳоҷиронро инчунин дар мулоқот бо ҳамтои русиягияш, Сергей Собянин низ баррасӣ намуданд.

Зимни гуфтушунид густариши ҳамкориҳо дар бахши тиҷорату иқтисод фарҳангу гуманитарӣ ва роҳандозии равобити бевосита миёни хоҷагидорон баррасӣ шудаанд.

Собянин ва Рустами Эмомалӣ зарурати афзоиши ҳамкорӣ дар бахши маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва навсозии техникию моддии хоҷагиҳои коммуналиро таъкид намудаанд.

Инчунин ба иттилои котиботи шаҳрдории Маскав, ҷонибҳо таъсиси гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи “ВДНХ”-ро баррасӣ кардаанд, ки дар он ҷо аз соли 1939 то 1965 вуҷуд дошт.

Натиҷаи музокирот имзои Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020 – 2023 миёни Маскав ва Душанбе шуд.

Дар баробари мулоқот бо Матвиенко, Собянин ва Оверчук, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин музокироти телефонӣ анҷом дод.

Зимни суҳбат аз ҷумла баргузории Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардидааст, ки санаи эҳтимолии он охири марти соли 2021 мебошад.

1318
Барчаспҳо:
мулоқот, Русия, Тоҷикистон
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия, акс аз бойгонӣ

Раиси Маҷлиси миллӣ дар Маскав бо Володин телефонӣ суҳбат кард

423
(Таҷдидшуда 20:06 25.11.2020)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, бо Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия гуфтушунид кард

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон зимни сафараш дар Маскав бо раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин музокирот анҷом дод.

Тибқи иттилои котиботи Думаи давлатии Русия, муколамаи Рустами Эмомалӣ ва Вячеслав Володин ба воситаи занги телефонӣ амалӣ шуд.

Таъкид шудааст, ки зимни суҳбат ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои байнипарлумониро баррасӣ кардаанд.

Аз ҷумла эҳтимоли баргузории Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардидааст. Санаи эҳтимолии баргузории ин ҳамоиш охири марти соли 2021 мебошад.

Инчунин хабар дода шуд, ки Рустами Эмомалӣ аз Вячеслава Володин даъват кард, ки аз Тоҷикистон боздид намояд.

Қаблан раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо Александр Жуков, муовини аввали раиси Думаи давлатии Русия мулоқот намуда, масоили гуногун, аз ҷумла муҳоҷират ва тиҷорату иқтисодро баррас кард.

423
Барчаспҳо:
гуфтушунид, мулоқот, Русия, Тоҷикистон
Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Чон Се Гюн

Аз муҳоҷирати корӣ то тиҷорат: сарвазири Корея ба вазири тоҷик чӣ ваъда дод?

0
(Таҷдидшуда 10:41 27.11.2020)
Ахиран дар ҳошияи сафари расмӣ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Чон Се Гюн баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон, зимни мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин таъкид доштааст, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла дар чорчӯби Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” ва дигар абзорҳои ҳамкории минтақавӣ барои Тоҷикистон аҳамияти вижа дорад.

“Тоҷикистон Форумро ҳамчун як василаи муҳими рушд ва таҳкими шарокат байни кишварҳои узви он арзёбӣ мекунад”, - зикр кардааст вазир.

Гуфта шудааст, ки дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи тавофуқоти дар доираи сафарҳои сатҳи олӣ бадастомада, танзими чорабиниҳои муштарак дар сиғаҳои гуногун, имзои санадҳои нави дуҷониба, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва муҳоҷирати кориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазорати хориҷа таъкид кардааст, ки инчунин зимни мулоқот, дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо раиси Кумитаи робитаҳои байналмилалии Парлумони Корея Сонг Ёнг Гил дидору мулоқот кард. 

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ, ҳамзамон тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, гидроэнергетика, маъдан ва фарҳангу гуманитариро муҳим арзёбӣ намуданд.

0
Барчаспҳо:
сафар, вохӯрӣ, мулоқот, дидор, Корея, Тоҷикистон