Кремл. Акс аз бойгонӣ

Номзади раёсати ҷумҳурии ИМА Тед Круз Русияро “душман” номид

6
(Таҷдидшуда 14:22 07.08.2015)
Барномашиканҳои компютерии русро ба ҳамла ба почтаи электронии Пентагон дар авохири моҳи июл муҷрим медонанд ва он замон ҳудуди 4 ҳазор навиштаҳо ошкор шуда буданд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Узви парлумон аз Техас, номзад ба симмати раёсати ҷумҳурии ИМА Тед Круз дар ҷараёни муколамаҳои қабл аз интихоботӣ Русияро "душман"-и ИМА номид.

Круз сиёсати хориҷии дафтари раёсати ҷумҳурии Барак Обамаро "фоҷеъа" унвон кард. "Мо дӯстон ва шариконро аз худ дур сохтем, аммо душманони мо қавитар шуданд ва исломи тундгаро қомат рост мекунад. Эрон дар остонаи дарёфти силоҳи ҳастаӣ қарор дорад, Чин алайҳи Амрико ҷанги компютерӣ мебарад, Русия (низ)", — гуфт Круз.

Ба ин суоли муҷрӣ, ки магар Чин ва Русия алайҳи ИМА "ҷанги компютерӣ" оғоз кардаанд, Круз гуфт: "Бале, онҳо ин корро кардаанд".

Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки ба эътиқодаш Русия ва Эрон метавонанд дар мавриди ҳамалоти компютерӣ ба ИМА тавофуқ кунанд. Ба гуфтаи ӯ генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ, раҳбари бахши "Ал-Қудс"-и Сипоҳи инқилоби исломӣ ба Маскав сафар карда буд.

"Рӯзе, ки генерал Сулаймонӣ аз Русия баргашт он рӯзе буд, ки Русия алайҳи ситоди кулли мо силоҳи компютериро истифода кард", — изҳор дошт Круз.

Барномашиканҳои компютерии русро ба ҳамла ба почтаи электронии Пентагон дар авохири моҳи июл муҷрим медонанд ва он замон ҳудуди 4 ҳазор навиштаҳо ошкор шуда буданд, хабар дода буд шабакаи телевизионии NBC бо истинод ба намояндагони дафтари раёсати ҷумҳурии Америка. Ба иттилоъи ин шабакаи телевизионӣ низоми почтаи электронии ин ниҳод то ҳол фаъол нест. Иттилоъ дар бораи дастрас шудани иттилоъи сиррӣ эълом нашудааст.

Намояндаи Пентагон сарҳангду Валери Хендерсон ба РИА Новости гуфт, ки вай наметавонад ба баёнияи 28 июл, ки дар он аз қатъи фаъолиятипочтаи электронӣ хабар дода шуда буд, "чизе изофа кунад". Дар баёния гуфта шуда буд, ки таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад ва ба далели амниятӣ Пентагон дар садад нест, ки ҷузъиёти ҳамалоти компютерӣ ба низоми электронии худро тавзеъ бидиҳад.

6
Барчаспҳо:
номзад ба мақоми президенти ИМА дар бораи Русия, ҷанг дар Украина, изҳори назар, Пентагон, Тед Круз, Қосим Сулаймонӣ, Маскав, Эрон, ИМА, Русия
Мавзуъ
Қирғизистон қарордод бо ИМА-ро лағв кард
Бишкек ИМА-ро дар талоши тахриби сулҳ дар Қирғизистон муттаҳам кард
Фармондеҳи нерӯи ҳавоии ИМА: “Русия бузургтарин хатар аст”
Акаев: маро вазорати хориҷаи ИМА барканор кард
Сноуден дар бораи барномаи назорат дар ИМА: ғайриқонунӣ ва бесамар буд
Раиси ҷумҳур Обама қонун дар бораи назорат бар атбоъи ИМА-ро имзо кард
Сорос: ҷанги сеюм дар сурати муноқишаи ИМА ва Чин имконпазир аст
Дик Чейни: Обама ин фоҷиъаи ИМА аст
Обама: ИМА ва Аврупо дар таҳримоти алайҳи Русия бояд муттаҳид бошанд