Қароргоҳи марказии ҲК Тоҷикистон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Талбаков: умед аст, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон баста намешавад

18
(Таҷдидшуда 15:40 17.08.2015)
Раҳбарияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз қатъи фаъолияти ҳамтоёни худ дар Қазоқистон нигаронӣ карда, вале ҳамзамон изҳори умед намуданд, ки чунин иттифоқ дар Тоҷикистон пеш нахоҳад омад.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Масъулони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз сӯи як додгоҳе дар Алмаато баста шудани Ҳизби коммунисти Қазоқистонро маҳкум карда, ҳамзамон ибрози умедворӣ намуданд, ки ин гуна вазъият дар Тоҷикистон пеш нахоҳад омад, менависад Радиои Озодӣ.

"Иқдоми ҷониби Қазоқистон мантиқӣ нест. Зеро он чӣ онҳо асос кардаанд, яъне "зиддунақизаҳо дар шумораи аъзо" наметавонад далел барои баста шудани ҳизб гардад", — гуфтааст, Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунист.

Дар ҳоле ки ба таъкиди ҷаноби Талбаков, "манъи фаъолияти ҳизб фақат дар сурати қонуншиканӣ мешавад."

Додгоҳе дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон фаъолияти Ҳизби коммунист дар ин кишварро боздоштааст. Ин ҳукм рӯзи 3 августи соли ҷорӣ эълон шуда, аммо ҳалномааш ҳамагӣ баъд аз даҳ рӯзи он ба дасти коммунистҳо расидааст. Толеубек Махиҷонов, котиби аввали Ҳизби коммунисти Қазоқистон ин ҳукми додгоҳро сиёсӣ медонад ва мегӯяд, ки барои ҳалли қазияаашон то Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат хоҳанд кард.

"Дар ин додгоҳ ягон узви Ҳизби коммунист иштирок накардааст", — гуфт Толеубек Махиҷонов ва афзудааст, ки басташавии ҳизби онҳо асосан дар пайи муроҷиати Вазорати адлияи Қазоқистон сурат гирифтааст. Баҳонаи манъи фаъолияти онҳо, ба гуфтаи ӯ, зиддунақизаҳо дар шумораи аъзои ҲКТ будааст.

"Мо дар бораи 58 ҳазор узви Ҳизби коммунист дар Қазоқистон гузориш додем. Аммо Вазорати адлия иддао дорад, ки тамоми аъзои мо ба 38 ҳазор баробар аст. Онҳо ин иттилоъро аз куҷо гирифтаанд? Дар ҳоле ки ҳеч кас аъзои моро дубора нашумурдааст ва ягон узви ҳизб низ дар бораи хориҷ шуданаш муроҷиат накардааст", — афзудааст Махиҷонов.

Аммо муовини раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба баста шудани фаъолияти Ҳизби коммунист дар Қазоқистон мегӯяд, "ҳар чиро интизор шудан мумкин аст, аммо умед аст, Ҳизби коммунист дар Тоҷикистон баста намешавад." Зеро ба гуфтаи Талбаков, "Ҳизби коммунист дар Тоҷикистон дар чорчӯби Қонуни Асосӣ ва қонунҳои кишвар фаъолияташро ба роҳ мондааст ва талош мекунад, то ба қонуншиканӣ роҳ надиҳад."

"Ҳоло ҳизби коммунист тибқи ойинномаи худ ҳар моҳ ду бор раёсат ё президиуми худро мегузаронад, қабул ба сафи ҳизб ҷараён дорад ва чорабиниҳои ҳизбӣ низ дар шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад", — афзудааст Талбаков.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки аз замони Шӯравии пешин фаъол аст ва раҳбарии онро Шодӣ Шабдолов бар уҳда дорад, бо беш аз 45 ҳазор аъзо аз ҳизбҳои умда, пас аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ дониста мешавад.

Тибқи иттилои масъулони ҳизб, онҳо дар 63 шаҳру ноҳия созмонҳои ҳизбӣ доранд ва ҳамчунин созмонҳои комсомолӣ ва пионерии он низ то ҷое фаъол аст. Аммо ин ҳизб дар пайи интихоботи парлумонии 1 марти соли ҷорӣ меъёри муқаррарӣ барои ворид шудан ба Маҷлиси Намояндагонро нагузашт ва аз ду курсияш дар палатаи поёнии парлумон маҳрум гардид.

18
Барчаспҳо:
камбуд, фаъолият, бастан, ҲКТ, Исмоил Талбаков, Қазоқистон, Тоҷикистон
Полномочный посол Исламской Республики Афганистан Мухаммад Захир Агбар

Шарҳи сафир Ағбар дар бораи сафари ҳайъати бузурги парлумони Афғонистон ба Тоҷикистон

447
(Таҷдидшуда 15:12 27.02.2021)
Интизор меравад, дар рафти ин сафар чанд мушкилоте ки дар ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории Тоҷикистон мавҷуд аст, баррасӣ ва ҳал шаванд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Сафири ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон сафари ҳайъати бузурги парлумони Афғонистонро бо роҳбарии раиси он Мирраҳмон Раҳмонӣ тавзеҳ дод.

Бино бар иттилои ҷаноби Ағбар, интизор меравад ҳамин рӯз ҳайъати 34-нафараи парлумони кишвар вориди Тоҷикистон шаванд.

"Ин ҳайъат аз раиси парлумон ва аъзои комисияҳои мухталифи парлумон иборат аст", - таъкид кард сафир.

Вай афзуд, ки дар ҳошияи ин сафар мулоқотҳои гуногунҷанбаи мақомоти Тоҷикистон бо ин ҳайъат дар назар аст.

"Ман бовар дорам, ки ин мулоқотҳо боиси густариши равобити иқтисодӣ мешавад", -гуфт вай ва таъкид кард, ки дар натиҷа чанд мушкилоте ки садди роҳи ин ҳамкориҳо гаштаанд, ҳал хоҳанд шуд.

Ҳамчунин Муҳаммад Зоҳир Ағбар тавзеҳ дод, ки мушкилоти мазкур дар қонунгузорӣ мавҷуд аст.

"Умедворам, ки дар қавонун як қатор мушкилоте ки мавҷуд аст, ҳал мекунем, то сармоягузориҳои хубе дар Тоҷикистон суръат бигирад", - таъкид кард сафир.

Ба гуфтаи Ағбар, феълан Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаи иқтисодиву тиҷорӣ бештар аз 7 тавофуқномаву қарордод имзо кардааст.

Баъди ҳамла: мулоқоти Ятимов бо Амруллоҳ Солеҳ ва Абдулло Абдулло дар Кобул

Вай афзуд, ки феълан сарҳади ҳарду кишвар ҳам барои интиқоли коло ва ба рӯйи тоҷирон боз аст.

447
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Афғонистон, сафир

Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод

2905
(Таҷдидшуда 20:29 26.02.2021)
Кишвардори Қирғизистон, Содир Ҷабборов ҳангоми сафари худ ба Федератсияи Русия ба Владимир Путин раисҷумҳури он кишвар тӯҳфаи ғайриодӣ тақдим намудаст

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, ки бо сафари расмӣ ба Русия омада буд, ба Владимир Путин тӯҳфа овард.

Мулоқоти сарони ду кишвар чанд рӯз пеш дар Маскав баргузор шуд. Дар мусоҳиба бо "Российская газета", Ҷабборов баъзе ҷузъиёти дидорашонро ошкор кард.

Ба гуфтаи ӯ, ба Русия дасти холӣ наомада, балки як тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро ҳамчун дастовез овард.

Ҷабборов изҳор дошт, шамшере, ки ба Владимир Путин ҳадя кард, устоҳои беҳтарини Қирғизистон омода намуданд.

Илова бар ин, Ҷабборов ҳамтои русашро ба Қирғизистон хонд.

Яке аз мавзӯъҳои марказии муҳокимаи роҳбарони ду давлат, масъалаҳои мубрами марбут ба пандемияи COVID-19 буд. Гуфта мешавад, Ҷабборов аз президенти Русия хоҳиш кард, ки муҳоҷирони меҳнатиро ба барномаи эмгузаронии коронавирус дохил кунад.

Ҷабборов мегӯяд шахси иғвогар наметавонад мири Бишкек шавад

Путин қайд кард, ки Русия кӯмакро ба Қирғизистон дар мубориза бо вируси COVID - 19 идома медиҳад. Дар навбати худ, Ҷабборов ба самаранокии ваксинаи "Спутник V" таъкид карда, изҳори умедворӣ кард, ки ин дору ба зудӣ барои эмгузаронии оммавӣ ба Қирғизистон хоҳад расид.

Ба таъкиди Ҷаборов, пандемияи коронавирусӣ нагузошт, ки Русия ва Қирғизистон 200 чорабинии муштаракро амалӣ кунанд.

2905
Барчаспҳо:
Владимир Путин, тӯҳфа, Содир Ҷабборов
Национальный банк Таджикистана

Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард

0
(Таҷдидшуда 01:06 01.03.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз аввали ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 1 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1507 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.6897 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1507 то 0.1555 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1510- 0,1535 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1510 то 0.1540 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1555 сомонӣ нишон дода шудааст.

Чаро қурби сомонӣ паст мешавад? Шарҳи намояндаи Бонки миллӣ

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

 

0