ВАО: сафири ҷадиди Туркия дар Тоҷикистон истеъфо дод

© Sputnik / Амир ИсаевБинои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири фавқулодда ва мухтори Туркия дар Тоҷикистон Озтурк Йилмиз як ҳафта қабл ба вазири умури хориҷаи Тоҷикистон эътимодномаи дипломатиашро супурда буд.

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Сафири Туркия дар Тоҷикистон Озтурк Йилмиз, ки чанде қабл ба ифои вазифаи дипломатӣ дар Душанбе пардохта буд, истеъфо дод, иттилоъ м едиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба расонаҳои туркӣ.

Сабаби канор рафтанаш аз кори дипломатиро оқои Озтурк ба ширкаташ дар интихоботи парлумонии қабл аз мӯҳлат, ки қарор аст 1 ноябр дар Туркия баргузор шавад, рабт мебиҳад.

Йилмаз номзадиашро аз Ҳизби халқӣ-ҷумҳуриявии Туркия аз шаҳри Ардағон дар шимоли шарқи он кишвар пешбарӣ хоҳад кард.

Сафири фавқулодда ва мухтори Туркия дар Тоҷикистон Озтурк Йилмиз ҳамагӣ як ҳафта пеш ба вазири умури хориҷаи Тоҷикистон эътимодномаи дипломатиашро супурда буд.

Моҳи июни соли 2014 Йилмиз дар шаҳри Мосули Ироқ дар асорати "ДИИШ" ба сар мебурд. Он вақт ҷангиёни ин созмони тундрав 48 корманди консулгарии Туркияро боздошт карда, 101 рӯз ба ҳайси гаравгон нигоҳ доштанд.

 

Лентаи хабарҳо
0