Бинои ВКХ ҶТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Табрикот ва ваъдаи сафари вазири хориҷии Арманистон ба Душанбе

23
Налбадян ин хабарро рӯзи 9 сентябр зимни ироаи паёми табрикиаш ба ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Аслов ба муносибати 24-умин солгарди истиқлоли ин кишвар баён кардааст.

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Эдвард Налбандян, вазири корҳои хориҷии Арманистон ваъда кардааст, ки дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард, менависад саҳифаи фейсбукии Вазорати корҳои хориҷӣ.

Налбадян ин хабарро рӯзи 9 сентябр зимни ироаи паёми табрикиаш ба ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Аслов ба муносибати 24-умин солгарди истиқлоли ин кишвар баён кардааст.

"Анъанаи эҳтироми мутақобилонаву самимона ва дӯстии мардумони Арманистону Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир асоси бунёдӣ барои густариш ва тақвияти равобиту ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф ба манфиати ҳар ду кишвар аст", — гуфтааст ин вазири Арманистон.

Вай ибрози умедворӣ кардааст, ки сафари расмии барномарезишудааш ба Тоҷикистон дар моҳи ҷорӣ қадами муҳиме барои тақвияти ҳамкориҳои ҳар ду кишвар хоҳад шуд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ин сафар нимаи дуюми моҳи ҷорӣ баргузор мешавад. Аммо ҳанӯз санаи дақиқи сафари расмии ҷаноби Налбандян ба Душанбе эълон нашудааст.

Миёни Тоҷикистону Арманистон наздики 30 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расида ва ҳар ду кишвар узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳастанд. Мубодилаи коло миёни Тоҷикистон ва Арманистон дар соли 2014 тақрибан 1 миллион долларро ташкил додааст.

Сар аз соли 2000-ум то кунун раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Арманистон ба кишварҳои ҳамдигар ду маротибагӣ; солҳои 2002 ва 2011, раиси ҷумҳури Арманистон ба Тоҷикистон ва солҳои 2004 ва 2010, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Арманистон сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд.

23
Барчаспҳо:
расмӣ, ташриф, сафар, ВКХ, Эдвард Налбандян, Сироҷиддин Аслов, Арманистон