Арманистон аз Тоҷикистон роҳбарии СПАД-ро қабул кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаДидори Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргисян дар Душанбе 14 сентябри соли 2015
Дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргисян дар Душанбе 14 сентябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргсян, руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Арманистон бо Николай Бордюжа, котиби генералии созмони СПАД сӯҳбати сегона анҷом доданд.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Тоҷикистон расман раҳбарии СПАД-ро ба Арманистон супурд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik, ки дар нишасти хабарии сегонаи Эмомалӣ Раҳмон, Серж Саргсян ва дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ширкат дошт.

Қосими Бекмуҳаммад: СПАД бояд муборизаро бо терроризм тақвият бахшад

Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст гуфт, Тоҷикистон муҳлати раҳбарияти СПАД-ро муваффақона ба анҷом расонд ва ҳамакнун навбати раҳбарии ин созмон барои як соли оянда ба Арманистон интиқол меёбад. Президент Раҳмон илова кардааст, ки тӯли раҳбарии кишвараш бори аввал озмоиши фаврии неруҳои зудамали СПАД дар қаламрави Тоҷикистон баргузор шуд, ки он хеле муваффақона буд.

Серж Саргсян, президенти Арманистон гуфт, озмоиши фаврияти кори нерӯҳои СПАД дар Тоҷикистон собит кард, ки нерӯҳои ин созмон омодаанд ҳама гуна таҳдидҳоро ба кишварҳои узви созмон зуд бартараф кунанд.

"Дар ҷаласаи мазкур созиш ҳосил шуд, ки марзҳои ҷанубии созмон, яъне марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тақвият дода шавад", — гуфтааст Саргсян.

Ҷаласа дар Душанбе ғайриоддӣ шурӯъ шуд

Вай ҳамчунин гуфт, дар давраи раҳбарии кишвараш дар СПАД Арманистон ният дорад, муборизаро бо ҳар гуна зуҳуроти қавмгароӣ, фашизм ва ҷиноятҳои кибернетикӣ тақвият бубахшад.

Дар поёни ҳамоиш Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД гуфт, раҳбарони кишварҳои узви созмон ба қароре расиданд, ки дар оинномаи СПАД то моҳи октябр тағийрот ворид намоянд. Аммо нагуфт, ки ин тағйирот аз чӣ иборат аст ва кадом масоилро дар бар мегирад.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ як ташкилоти низомиву сиёсӣ бар асоси Паймони амнияти дастҷамъӣ дар соли 1999 ташкил шуда, ба узвияти он Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус шомиланд. Ӯзбакистон дар соли 1999, дар авҷи гармии муносибатҳояш бо Ғарб ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико СПАД-ро тарк кард.

Лентаи хабарҳо
0