Эмомалӣ Раҳмон аснои ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионӣ. 17 сентябри соли 2015

Раҳмон: барканор шудани 2 президент ва 5 ҳукумат бароям сабақ шуд

31
(Таҷдидшуда 16:43 17.09.2015)
Раисҷумҳур дар охири суханронӣ изҳори боварӣ кардааст, ки судҳо ба бовару эътимоди ҷомеа ноил мегарданд ва дар роҳи расидан ба адолат ба мардум хидмат хоҳанд кард.

Душанбе, 17 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аснои суханронӣ дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба ифтихори 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии ҶТ ин ниҳодро нишонаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани кишвар арзёбӣ карда, илова намуд, ки мавҷудияти чунин мақом ифодаи ҳадафи давлат ва миллат дар самти бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад, менависад сомонаи расмии раисҷумҳур.

"Суди конститутсионӣ фаъолияти меъёрэҷодкунии мақомоти давлатиро назорат карда, ҳама гуна санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Конститутсия мухолифатдоштаро бекор мекунад ва бо ҳамин роҳ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро, ки дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва Конститутсияи мамлакат пешбинӣ шудаанд, таъмин менамояд",- иброз дошт сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои 90-уми асри гузашта ёд карда, таъкисд сохт, ки он вақт мухолифони Суди конститутсионӣ низ буданд, вале ӯ ҳамчун роҳбари давлат аз таъсиси чунин ниҳод ҷонибдорӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанонро ба иди саиди Фитр табрик кард
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

"Аснои таҳияи лоиҳаи Сарқонун андешаҳое низ садо медоданд, ки ҷонибдорони онҳо таъсис, мавҷудият ва фаъолияти мақомоти назорати конститутсиониро дар низоми ҳокимияти давлатӣ, хусусан ҳокимияти судӣ амри воқеӣ ҳисоб намекарданд ва онро асоснок намешумориданд. Аммо таваҷҷуҳи ман ҳамчун роҳбари давлат ба таъсис ва мавҷудияти мақоми махсусгардонидашудаи назорати конститутсионӣ дар мамлакат ҷиддӣ буд, ки он сабабҳои объективии худро дошт",-қайд кард оқои Раҳмон.

Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон, сабаби таваҷҷуҳаш ба таъсиси Суди конститутсионӣ ба ғайриконститутсионӣ барканор шудани ду президент ва панҷ ҳукумат дар соли 1992 буд.

"Бесарусомонии дар мамлакат солҳои 1990-1992 ба миёномада, аз ҷумла беэътиноӣ ба конститутсияи амалкунанда ва танҳо дар давоми як сол, яъне соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон даҳ маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо, ғайриконститутсионӣ барканор кардани ду президент ва панҷ ҳукумат, ки оқибат мамлакатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд, шахсан барои ман сабақи таърихӣ буд".

Президенти Тоҷикистон дар охири суханронӣ изҳори боварӣ кардааст, ки судҳо ба бовару эътимоди ҷомеа ноил мегарданд ва дар роҳи расидан ба адолат ба мардум хидмат хоҳанд кард.

 

31
Барчаспҳо:
20-солагии таъсиси Суди конститутсионӣ, ибрози назар, барканории ду президент ва панҷ ҳукумат, суханронии президент, сабақи таърихӣ, Суди конститутсионӣ, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, Тоҷикистон
Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Сооронбой Жээнбеков барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад

3
(Таҷдидшуда 18:43 28.05.2020)
Гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ дар Маскав рӯзи 24 июн баргузор мешавад. Рӯзи таҷлили ид дар Маскав чораҳои амниятӣ шадид мешавад

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар гузашти низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ин хабарро раҳбари хадамоти матбуотии президент, Толгонай Стамалиев таъйид кардааст.

Ёдрас мешавем, ки имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 таҷлили оммавии Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия, ки ҳамасола рӯзи 9 май, баргузор мешуд, лағв шуд.

Президенти Русия Владимир Путин, рӯзи 26 май фармон дод, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз шавад.

Беш аз миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" - ро сароиданд - видео

Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Дақиқаи хомӯшӣ барои поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.

3
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, Маскав, сафар, Сооронбой Жээнбеков, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров дар бораи танишҳо дар марзи Тоҷикистону Қиғизистон: Русия омодаи кӯмак аст

440
(Таҷдидшуда 19:58 26.05.2020)
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кардааст, ки дар марз аз истифодаи нерӯ худдорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Ҷониби Русия аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват меорад, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва омода аст, ки ҳамчун миёнрав хизмат кунад. Дар ин боравазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров баъди нишасти вазирони умумири хориҷа дар ҷаласаи СПАД гуфтааст.

 "Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ёдрас мешавем, 24 май бар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад. Марбонони ҳарду кишвар тир кушоданд.

Марзбонии ду давлат ҳодисаро гуногун тавзеҳ доданд.

Фаврӣ: тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи ид

Қирғизистон сокинони Ворухро дар гузаштан ба минтақаи қирғизҳо барои чарронидани чорво муттаҳам кард, аммо ба иттилои КДАМ Тоҷикистон баръакс, чӯпонҳои қирғиз дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо деҳаи қирғизнишини Мойнок ҳамсарҳад мебошад, вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ҶТ даст заданд.

440