Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон мардум ва президенти Арманистонро табрик гуфт

7
(Таҷдидшуда 17:16 21.09.2015)
Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як нома мардум ва раисҷумҳури Арманистон Серж Саргсянро бо ҷашни милии кишварашон табрик гуфтааст.

ДУШАНБЕ, 21 сентября — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Арманистон Серж Саргсян барқияи табрикӣ ирсол намуд, хабар медиҳад сомонаи президент.

"Муҳтарам Серж  Азатович, Аз номи мардум  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳам Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Арманистонро бо солгарди ҷашни миллии кишвар-Рӯзи истиқлолият табрик гӯям",- афзудааст манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин номаи худ низ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ба муносиботи шарикӣ бо Арманистон арҷ мегузорад.

"Мо бо қатъият хоҳони ба таври муназзам рушд додани ҳамкории мутақобила дар тамоми самтҳоем. Муътақидем, ки бо кӯшишҳои муштараки мо ҳамкории мутақобилаи ду кишвар  мустаҳкам гардида, бахшҳои нав ба навро фаро мегирад", менависад сомонаи президент.

Эмомалӣ Раҳмон дар охир ба Серж Азатович сиҳатии комил ва муваффақиятҳо дар корҳои минбаъда орзӯ карда, ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳ ва шукуфоӣ таманно намудааст.

7
Барчаспҳо:
табрик, ҳамкорӣ, Рӯзи истиқлолият, ҷашни миллӣ, Серж Саргсян, Эмомалӣ Раҳмон, Арманистон, Тоҷикистон