Кормандони пулис дар шаҳри Душанбе 4 сентябри соли 2015

Расонаҳо: шарики дигари генерал Назарзода боздошт шудааст

19
(Таҷдидшуда 22:02 12.10.2015)
Тибқи иттилои Вазорати дифои Тоҷикистон, полковник Назар Сафаров собиқ фармондеҳи қушунҳои хушкигард боздошт шудааст. Гӯиё ӯ баъд аз ҳаводиси 4 сентябр ҳамроҳ бо генерали кушташуда Абдуҳалим Назарзода ғайб задааст.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Полковник Назар Сафаров, собиқ фармондеҳи қушунҳои хушкигарди Вазорати дифои Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо генерали кушташуда Назарзода боздошт шудааст, менависанд, расонаҳои хабарии кишвар бо истинод ба манобеи худ дар мақомоти қудратӣ.

Масъулини Вазорати дифои Тоҷикистон корманди пешини ин ниҳод будани полковник Сафаровро тасдиқ карда, аммо аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ намуданд.

"Полковник дар бахши қушунҳои хушкигарди Вазорати дифои Тоҷикистон кор мекард, аммо 4 сентябри соли равон ҳамроҳ бо генерал Абдуҳалим Назарзода ғайб зад", гуфт, сухангӯи Вазорати дифоъ Фариддун Маҳмадалиев дар суҳбат бо Sputnik.

Талошҳо барои дарёфти тасдиқи ин хабар аз сӯи Вазорати корҳои дохилии кишвар бенатиҷа буданд.

Расонаҳои хабарии Тоҷикистон бо истинод ба манобеи худ дар мақомоти қудратӣ навиштаанд, ки полковник Сафаров аз нақшаи ҳамлаҳои рӯзи 4 сентябр гӯиё огаҳ буда, дар тарҳрезии онҳо фаъолона иштирок кардааст.

Расонаҳо мегӯянд, гӯиё собиқ фармондеҳи қушунҳои хушкигарди Вазорати дифои Тоҷикистон то вақти боздошт дар шаҳри Душанбе пинҳон шуда, рӯзи якшанбеи гузашта дастгир гардидааст.

Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 139 нафар бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим хабар дода, афзуд, ки алайҳи ин гуруҳ 100 парванда боз шудааст.

19
Барчаспҳо:
генерал Назарзода, ҳаводиси ахир, ҳамдастӣ, боздошт, боздошт кардан, Фариддун Маҳмадалиев, Назар Сафаров, Абдуҳалим Назарзода, Душанбе, Тоҷикистон