Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин. Акс аз бойгонӣ

Номаи шодбошии президенти ҶТ ба раисҷумҳури Чин

16
(Таҷдидшуда 22:03 12.10.2015)
Сарвари давлати Тоҷикистон ба сатҳи кунунии ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Чин, ки дар солҳои охир тақвият ёфтаанд, баҳои баландерои қоил аст.

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии раисҷумҳури Чин ҷаноби Си Ҷинпин дар робита ба 66-солагии ташкили ин ҷумҳурӣ номаи шодбошӣ ирсол кард, иттилоъ медиҳад АМИТ "Ховар".

"Барои ман боиси қаноатмандии бузург аст, ки ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Чин табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини хешро дар иртибот ба 66-умин солгарди ташкили Ҷумҳурии Мардумии Чин баён дорам",- навиштааст оқои Раҳмон.

Дар идомаи номаи табрикӣ омадааст, дар даҳсолаи охир Чини бо мо дӯст дар кори дигаргунсозии куллӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии кишвар ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки бо шарофати он Чин дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро касб кард.

Президенти Тоҷикистон ба сатҳи кунунии ҳамкории бисёрҷонибаи стратегӣ бо Чин, ки дар солҳои охир барои тавсеа ва тақвияти минбаъда ҷараёни муқтадир гирифтааст, баҳои баланд дода, иброз доштааст, ки аз ин ба баъд низ ҳамкориҳо ривоҷ хоҳанд ёфт.

"Ман мӯътақид бар онам, ки мо бо кӯшишҳои муштарак метавонем ба ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин, ки ба манфиати аслии мардумони ин давлатҳо ҷавоб гӯянд ва омили муҳими сулҳу субот дар минтақа маҳсуб мешаванд, ҷараёну инкишофи тоза бубахшем",- илова кардааст Раҳмон.

Маврид ба тазаккур аст, ки тайи 20 соли ахир равобити Чин бо Тоҷикистон рушд карда, аз либосу коло то асбоби рӯзгори ҳар хонадони тоҷик, ҳатто меваю сабзавот низ аз он ҷо ворид мешаванд.

Бузургтарин шоҳроҳи кишвар бо сармояи 200 миллион доллари чиниҳо бозсозӣ мешавад, инчунин 100 миллион доллари дигарро Чин барои навсозӣ ва густариши корхонаҳои маъдан, аз ҷумла тилло, нуқра ва металҳои дигар ихтисос додааст.

Сармояи Чин дар бунёд ва бозсозии нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва хатҳои интиқоли барқ истифода гардида, дар ҳоли ҳозир беш аз 50 ширкати чинӣ дар Тоҷикистон фаъолияти густурда доранд. Ба назари коршиносон, ҳаҷми умумии сармояи Чин дар Тоҷикистон шояд бештар аз 1 миллиард  доллар аст.   

16
Барчаспҳо:
тақвияти ҳамкориҳои Душанбеву Пекин, 66-солагии таъсисёбии ҶМЧ, шодбошӣ, номаи табрк, раисҷумҳури Чин, президенти Тоҷикистон, Си Ҷинпин, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, Пекин, Чин, Тоҷикистон
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе

Се қарори Ҳукумат: Раҳмон сардори Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ - ро аз вазифа озод кард

397
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се қарори Ҳукуматро имзо карда, чанде аз масъулини баландпояро ҷо ба ҷо кард

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се қарори Ҳукуматро имзо карда, дар мақомоти қудратӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон, Мирзоев Бадриддин Қиёмиддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон масъулини мақомоти қудратӣ ва давлатиро ҷо ба ҷо кард

Бо қарори дигар Пиракзода Ҳикматулло ба ҷойи ӯ, сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Тибқи қарори сеюми Ҳукумат, Нурализода Нуриддин Файзиддин директори муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

397
Барчаспҳо:
Ҳукумат, тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон масъулини мақомоти қудратӣ ва давлатиро ҷо ба ҷо кард

2140
(Таҷдидшуда 15:16 10.07.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 10 июл, дар мақомоти қудратӣ ва давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло аз вазифаи муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ — сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Раҷабзода Насимҷон ба ин вазифа таъйин гардид, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло Сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, Мирзозода Бадриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз ин вазифа озод карда шуд.

Ҳамзамон, Нурализода Нуриддин Директори муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Мирзоён Нодир — муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зайнуддинзода Авазхон Сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Зимни суҳбат раисиҷумҳур, аз вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки дар чунин шароити барои тамоми кишварҳои дунё ҳассосу печида ва пешгӯинашаванда ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ бояд бо ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ хизмат намояд.

Барои пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, пурзур намудани назорат ва роҳ надодан ба қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ва молу маҳсулоти пастсифат тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, танҳо масъулият ва ҳушёриву зиракии ҳар як сарҳадбон метавонад кишвари моро аз хавфу хатарҳои ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ эмин нигоҳ дорад, гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

2140
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
День 11 июля

Ҷашнҳои рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:26 10.07.2020)
Рӯзи ёздаҳуми июл Рӯзи умумиҷаҳонии нуфузи аҳолӣ ва рӯзи байналмилалии шоколад мебошад. Дар ин рӯз дар Тоҷикистон, Султон Усмонов (1958) – коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ба дунё омадааст

Рӯзи 11 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1700 дар Берлин Академияи илмҳои Германия таъсис дода шуд.

Соли 1890 аввалин маротиба дар таърихи Ҷопон интихоботи сиёсӣ баргузор гардид.

День 10 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Ссоли 1933 дар Женева Конвенсияи байналмилалӣ оид ба назорати маводи мухаддир созмон дода шуд.

Соли 1950 дар Англия аввалин  барномаи машҳури кӯдаконаи телевизиони ББС «Andy Pandy» пахш шуд.

Соли 1982  Италия маротибаи сеюм Чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд. Он дар даври финалӣ дастаи Германияро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.

Соли 2006 дар натиҷаи таркиш дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Мумбайи Ҳиндустон 190 нафар ба ҳалокат расиданд.

 

Рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ оид ба масъалаҳои минаҳои Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Соли 2003 дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, ҷиҳати ҷудо намудани 20 миллион доллар барои дастгирӣ ва ислоҳоти соҳаи маориф дар Тоҷикистон ба имзо расид.

День 9 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2007 дар Душанбе мағозаи нахустини бренди “Адидас” кушода шуд.

Соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳи омӯзишии фурӯзонакҳои каммасраф сохта шуд.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Латвия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Соли 2009 Президенти вақти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмонро бо Ордени «Сеситорагии дараҷаи 1» бо занҷираи заррин ва Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Валдис Затлерсро бо Ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1» сарфароз гардониданд.

Соли 2009 Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, зимни як амалиёти махсус оид ба безараргардонии гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар ноҳияи Тавилдара кушта шуд.

Соли 2010 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроққум бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуда, натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят дар шашмоҳаи якуми соли 2010-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Соли 2013 маркази нави ҷумҳуриявии ташхиси тиббии судӣ ба фаъолият оғоз кард.

Ҷашнҳои рӯзи 11 июл

  • Рӯзи умумиҷаҳонии нуфузи аҳолӣ.
  • Рӯзи байналмилалии шоколад.

Рӯзи 11 июл кӣ ба дунё омадааст

Соли 1920 — Юл Бриннер (соли даргузашт 1985), ҳунарманди амрикоӣ - зодаи Русия.

Соли 1934 - Джорджио Армани, мудели арманӣ, асосгузори ширкати Armani.

Соли 1976 — Эдгард Запашний, артист, ҳунарманди халқии Русия.

Рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Борис Баршаковский (1916- 1987)- арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Валентина Бикова (1936) – Журналисти шоистаи Тоҷикистон.

Александр Денисов (1938) – сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Павел Евтеев (1914-1989)- журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Сироҷиддин Комилов (1950) – доктори илми иқтисод, профессор.

Александр Осипов (1906- 1986)- журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Пир Садиров (1911 – 1993) – Ҳофизи халқи Тоҷикистон.

Мақсуд Умаров (1954) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор.

Султон Усмонов (1958) – коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Шери Дўст (1958)- шоир.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Тоҷикистон, Ҷаҳон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон