Бузургмеҳр Ёров. Акс аз бойгонӣ

ВКД: ҷабрдидаҳо талаб доранд, амволи Ёров мусодира шавад

14
(Таҷдидшуда 22:05 12.10.2015)
ВКД мегӯяд, ҷабрдидаҳо талаб доранд, зараре, ки Бузургмеҳр Ёров дар ҳаҷми 45 ҳазор доллари амрикоӣ ба онҳо расонидааст, бо роҳи мусодираи амволи ин вакили дифоъ ҷуброн карда шавад.

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Боз ду шаҳрванди Тоҷикистон аз Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъ ба мақомоти корҳои дохилии кишвар шикоят бурдаанд, менависад сомонаи ВКД.

ВКД мегӯяд, ҷабрдидаҳо талаб доранд, зараре, ки Бузургмеҳр Ёров дар ҳаҷми 45 ҳазор доллари амрикоӣ ба онҳо расонидааст, бо роҳи мусодираи амволи ин вакили дифоъ ҷуброн карда шавад.

"Ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиати навбатӣ нисбати Ёров аз ҷониби шаҳрванд Ҳоҷи-зода Фирдавс, сокини шаҳри Хуҷанд ворид гардид, ки Ёров санаи 24 апрели соли 2011 бо роҳи фиреб, бо суистифода аз боварӣ бо ваъдаи он, ки аз ҷиҳати қонунӣ дар қатъ намудани парвандаи кофтуковӣ нисбати падараш Қодирқулов Насим Ҳоҷиевич оғозгардида, мусоидат менамояд, аз шаҳрванд Ҳоҷи-зода Фирдавс маблағи пулӣ дар ҳаҷми 45 000 (чилу панҷ ҳазор) доллари амрикоӣ гирифта, ягон кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонидааст", — афзудааст манбаъ.

Ёров бо ин кирдори худ ба ӯ дар ҳаҷми 45 ҳазор доллари амрикоӣ гӯиё зарар расондааст.

Рӯзи панҷшанбе низ ба мақомоти корҳои дохилӣ сокини шаҳри Роғун Эмомалӣ Одинаев муроҷиат карда, аз Бузургмеҳр Ёров шикоят кардааст, ки гӯиё ин вакили дифоъ барои расонидани кумаки ҳуқуқӣ 200 доллари амрикоӣ талаб кардааст.

Вазорати умури дохила мегӯяд, Бузургмеҳр Ёров маблағҳои ба даст овардаро ба манфиати шахсии худ истифода бурда, бо ин ҳаракатҳои худ ба шаҳрванд Одинаев Эмомалӣ зарари калони моддӣ ба маблағи 200 (дусад)  доллари амрикоӣ расонидааст.

Бузургмеҳр Ёров, раҳбари Коллегияи адвокатҳои "Сипар", баъз аз зӯҳри 28-уми сентябр барои бозпурсӣ ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД даъват шуда буд. Субҳи 29-уми сентябр вазорати умури дохилӣ аз оғози парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ӯ хабар дод.

Дар қиболи ин вакили мудофеъ бо дастрасии моддаҳои 140, қ.6 м.145 ва 146 Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ ва ва моддаҳои 247 (қаллобӣ) ва 340 (сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Тибқи нишондоди моддаҳои мазкур, ба ашхосе, ки ба қаллобиву сохтакорӣ муттаҳам мешаванд, аз 2 то 3 соли зиндон таҳдид мекунад.  

14
Барчаспҳо:
амвол, мусодира, парванда, боздошт, шикоят, ВКД, Бузургмеҳр Ёров, Роғун, Тоҷикистон