Сайидҷаъфар Исмонов, раиси ҲДТ. Акс аз бойгонӣ

Раиси ҲДТ: ба фаъолияти солими ҲНИТ боварӣ нест

21
(Таҷдидшуда 22:09 12.10.2015)
Дар бораи то кадом андоза даст доштани роҳбарон ва аъзои ин ҳизби сиёсии мамлакат дар ин воқеаҳо мо маълумоти пурра дар даст надорем, аммо аз ҳар иқдоме, ки ба сулҳу оромӣ ва пешрафти ҷомеа нигаронида шудааст, пуштибонӣ мекунем.

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Акнун, ки гурӯҳи ҷангҷӯи генерали собиқ Абдуҳалим Назарзода саркӯб ва нобуд карда шуд ва ҳукумат даст доштани ҲНИТ-ро дар ин ошӯбҳо ошкор кардааст, дигар бовар ба фаъолияти солими ҲНИТ комилан аз байн рафтааст, омадааст дар изҳороти ҲДТ, ки зери он Сайидҷаъфар Исмонов имзо кардааст ва онро АМИТ "Ховар" ба нашр расонидааст.

Дар баёния аз номи Ҳизби демократии Тоҷикистон қайд мешавад, ки мо ҳама гуна зӯроварӣ ва беадолатиро маҳкум менамоем, ҳамчунин ба ҳама равишҳои сулҳофаринӣ ҳамфикр ва пайванд хоҳем буд.

"Воқеаҳои нохуши моҳи гузашта бори дигар фазои сиёсии мамлакатро ғуборолуд карданд ва дар пайи он рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ  Суди Олии ҶТ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ташкилоти экстремист-террористӣ эълон карда, фаъолияти онро дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнӯъ эълон кард. Ҳоло ин масъала яке аз мавзӯъҳои доғи мамлакати мо мебошад",- менависад манбаъ бо такя ба изҳороти Исмонов.

Дар изҳороти ҲДТ қайд мешавад, ки дар бораи то кадом андоза даст доштани роҳбарон ва аъзои ин ҳизби сиёсии мамлакат дар ин воқеаҳо мо маълумоти пурра дар даст надорем, аммо аз ҳар иқдоме, ки ба сулҳу оромӣ ва пешрафти ҷомеа нигаронида шудааст, пуштибонӣ мекунем.

Ба навиштаи манбаъ, ҲДТ низ дар навбати худ боре шоҳиди як рафтори ношоиста, дақиқтараш шубҳаовари ҲНИТ шуда буд. Дар арафаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон, моҳи феврали соли 2015, ки раиси ҲДТ дар ҳавзаи интихоботии Фархор-34 ба сифати номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар сабқат буд, ҲНИТ ба маҷлисҳои маҳаллӣ як нафар узви гурӯҳи салафияро пешбарӣ карда буд, ки фаъолияти ин гурӯҳи мазҳабӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудааст.

"То ҳанӯз барои мо равшан нест, ки ҲНИТ бо ин гурӯҳи тундрав чӣ иртибот дорад, вале пешбарии нафаре аз ин гурӯҳ аз тарафи ҲНИТ эътимоди моро ба ин ҳизб ҳамчун ҳизби сиёсии фаъол дар мамлакат шикаст",- хулоса мекунад Шӯрои сиёсии ҲДТ.

Дар пайи ҳаводиси хунини 4 сентябр ва амалиёти вижаи неруҳои қудратии Тоҷикистон алайҳи гуруҳи генерал Назарзода, ки мақомот ӯро ҳамдасти раҳбарияти ҲНИТ хонданд, Додситонии кул аз Додгоҳи олии кишвар хост, фаъолияти ҲНИТ-ро манъ намояд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам бо баррасии ин дархости додситонӣ рӯзи 29-уми сентябр ҲНИТ — ягона ҳизби динӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаро созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Кулли матолиби марбут ба қазияи ҲНИТ-ро аз ин ҷо дастрас карда метавонед>>

21
Барчаспҳо:
боварӣ ба фаъолияти солими ҲНИТ нест, қазияи ҳизби наҳзат, изҳороти ҲДТ алайҳи ҲНИТ, балвои генерал Назарзода, баёния, Додситонии кулли Тоҷикистон, Додгоҳи олӣ, ҲДТ, ҲНИТ, Абдуҳалим Назарзода, Сайидҷаъфар Исмонов, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)
Свечка, архивное фото

Сайфиддин Тӯраев собиқ номзади президентӣ аз олам даргузашт

1135
(Таҷдидшуда 12:26 30.05.2020)
Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадори варзидаи тоҷик ва аз номзадҳои собиқи курсии президентӣ дар Тоҷикистон, имрӯз дар синни 75 солагӣ дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшан даргузашт

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Хабари даргузашти Сайфиддин Тӯраевро, дар ҳукумати шаҳри Истаравшан тасдиқ карданд.

Акбар Маърупов, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Тӯраев бар асари бемории қалб дар синни 75 солагӣ дар манзилаш даргузашт.

"Вақтҳои охир аз бемории қалб ранҷ мебурданд. Имрӯз рӯзашон буд шуд ва дунёро падруд гуфтанд", - гуфт Маърупов.

Сайфиддин Тӯраев, аз элитаҳои сиёсии Тоҷикистон дар солҳои 1990 - ум дониста мешавад. Ӯ ҳамроҳ бо Раҳмон Набиев, Давлат Худоназаров, Бурихон Салимов, Бобишо Шоев ва чанде дигар аз сиёсатмадорони вақт аз номзадҳои аввалин интихоботи президентӣ дар соли 1991 ба ҳисоб мераванд, ки шумори аз овози тарафдорони худро ба даст овардаанд.

Тӯраев дар интихоботи соли 1999 бори дигар ҳам номзад баргузида шуд, вале барои иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ комёб нашуд.

Баъди ин ӯ, аз саҳнаи сиёсат канор рафт ва рӯ ба тиҷорат овард.

Бино ба иттилоъи сарчашмаҳои таърихӣ Сайфиддин Тӯраев, дар соли 1945 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада, соли 1973 Донишакадаи нассоҷии Маскав ва Академияи хоҷагии халқи вобастаи Шӯрои Вазирони СССР-ро хатм кардааст.

То солҳои 1986 ба сифати коргари оддӣ, устои баст ва мудири Фабрикаи трикотажи шаҳри Ӯротеппа кор кардааст.

Солҳои 1986-89 вазири хидмати маишии Тоҷикистон буд.

Солҳои 1991-92 – ноиби аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда, моҳи октябри соли 1999 – номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.

Ӯ оиладор ва соҳиби 6 фарзанд аст. Бино ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи шаҳри Истаравшан қарор аст, имрӯз маросими хоксупории Тӯрев соати 16:00 баргузор гардад.

1135
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, даргузашт
Министры иностранных дел России и Таджикистана Сергей Лавров и Сироджиддин Аслов

Нотаи Тоҷикистон ба Русия: Душанбе тарафи сеюмро дар марз номақбул хонд

1913
(Таҷдидшуда 21:05 29.05.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мавриди миёнаравӣ дар масоили марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номақбул хонда, таъкид кардааст, ки гуфтушунидҳои марзӣ кори дохилии ду давлат мебошад

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон 29 май бо ирсоли як нота ба Вазорати умури хориҷии Русия пешниҳоди миёнаравии Сергей Лавровро ғайри қобили қабул хондаст.

Душанбе дар нота ба унвонии Маскав инчунин таъкид кардааст, ки масъалаи марз дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии СПАД баррасӣ нашуда буд, ки баъдан Лавров дар бораи он изҳори назар кард.

Тоҷикистон дар нота унвонии Русия баён доштаст, ки ҷалби тарафи сеюмро ба ҷараёни гуфтушунид дар масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқи мақсад намедонад.

Таъкид шуд, масоили аломатгузорию муайянсозии марз кори дохилии кишварҳои узви СПАД буда, танҳо тариқи дуҷониба амалӣ мешавад.

ВУХ афзуд, ба самъи ҷониби Русия расонда шуд, ки гуфтушунидҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ бо такя ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонию воситаҳои ҳуқуқӣ амалӣ мешаванд.

Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар пайи ҷаласаи СПАД зимни нишасти матбуотӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват кард, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва Русия омода аст, ҳамчун миёнрав бошад.

"Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ин дар ҳолест, ки  24 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад, ки дар натиҷа ҷавонзани 25-сола шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ шуд.

1913
Барчаспҳо:
Тоҷикистон
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан

Вазорати тандурустӣ аз тадриҷан кам шудани коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

0
(Таҷдидшуда 19:38 30.05.2020)
Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат дар нишасти ситод ба хулоса расиданд, ки КОВИД-19 дар Тоҷикистон коҳиш меёбад

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои COVID-19 30 май доир гардид ва дар он масъулин аз кам шудани ҳолатҳои сироятёбӣ аҳ коронавирус хабар доданд.

Карантин в Узбекистане
Информационная служба ГУБДД МВД РУз
Дар ин бора Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар кори он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат иштирок доштанд.

Ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат кардаанд.

Сараввал оид ба вазъи феълии бақайдгирӣ, муоина ва табобати  беморони сирояти коронавируси нави COVID-19 дар кишвар сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳисобот доданд.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамуда, муайян гардид, ки рӯз то рӯз шумораи гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат коҳиш ёфта истодааст.

Ҳамзамон, дар кори ҷаласаи ситоди Вазорат масъалаҳои назорати қатъии гирифторони бемории COVID-19, ки ҳолаташон сабук буда, зери назорати табибон дар хона табобат мегиранд, таҳлили амиқ ва фаврии сироятёфтагон, таъмини табибон бо маводҳои муҳофизатӣ, муносибати кормандони кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо беморон, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо маводҳои тиббӣ ва зиддивирусӣ, назорати қатъии тақсимоти маводҳои доруворӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

0