Шаҳрҳои ҷаҳон. Токио

Токио дар машварати кории Маскав ба табодули назари ошкоро умед дорад

5
(Таҷдидшуда 22:09 12.10.2015)
Дар шаҳри Маскав машварати кории муовинҳои вазирони корҳои хориҷии Русия ва Ҷопон баргузор мешавад. Синсукэ Сугияма ва ҳамтои руси ӯ, Игор Моргулов масоили марбут ба созишномаи сулҳу мушкилоти ҳудудии ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ҷопон аз идомаи равобит бо Русия истиқбол карда, умед дорад, ки дар машварати кории муовинони вазирони умури хориҷӣ дар шаҳри Маскав оид ба созишномаи сулҳ ва масоили марзии ду кишвар табодули назари ошкоро сурат хоҳад гирифт.

Дар ин бора рӯзи панҷшанбе зимни як нишасти хабарӣ дабири кулли девони вазирони Ҷопон Есихидэ Суга хабар додааст.

"Дар иҷлоси ахири Маҷмаи Умумии СММ раҳбарони Русияву Ҷопон бори дигар иродаи сиёсии худ барои идомаи музокиротро иброз доштанд. Албатта, баъзе мушкилот дар робита ба созишномаи сулҳ ва масоили марзии ду кишвар вуҷуд дорад. Аммо умеди мо ба табодули назари ошкорост", изҳор доштааст, Суга.

Ба гуфтаи ӯ, Ҷопон аз идомаи мулоқот бо намояндагони Русия, аз ҷумла гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ истиқбол мекунад. Дар шаҳри Маскав машварати кории муовинҳои вазирони корҳои хориҷии Русия ва Ҷопон баргузор мешавад.

Ҷопон такя ба рисолаҳои дуҷониба оид ба тиҷорату марзии солҳои 1855 иддао дорад, ки минтақаҳои Итуруп, Кунашир, Шикотан ва Хабомаи дар ҷазираҳои Курили ҷанубӣ марбут ба онанд.

Бозпас додани ҷазираи Токио як шарти ба миён омадани тавофуқот бо Русия буд, ки баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дигар ба имзо нарасид. Русия бар он исрор дорад, ки бар пояи натоиҷи Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷануби Курилӣ ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ шомил шудааст ва бахши комилҳуқуқи қаламрави Русия ба шумор меравад.

5
Барчаспҳо:
Токио, ҷазираҳои Курили, машварати корӣ, Маскав, машварати корӣ, Токио, Ҷопон, Русия, Маскав