Манбаъ: мушакҳои Русия дар хоки Эрон наафтидаанд

© Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкОташкушоии киштиҳои нерӯи дарёии Русия аз Баҳри каспӣ алайи "Давлати исломӣ" дар Сурия
Оташкушоии киштиҳои нерӯи дарёии Русия аз Баҳри каспӣ алайи Давлати исломӣ дар Сурия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Эрон, хабари расонаҳои ғарбӣ дар мавриди суқути мушакҳои Русия дар қаламрави ин кишвар як навъи ҷанги равонӣ аст.

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Хабари расонаҳои ғарбӣ дар мавриди суқути мушакҳои Русия дар қаламрави Эрон аз ҳақиқат дур аст, гуфтааст, як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Эрон дар суҳбат бо Sputnik.

Ба гуфтаи ин манбаъ, онҳо аз суқути мушакҳои Русия дар қаламрави Эрон хабар надоранд ва хабари расонаҳои ғарбӣ ҳам як навъи ҷанги равонӣ мебошад.

Вазорати мудофиаи Русия қаблан хабари суқути мушакҳо дар қаламрави Эронро такзиб карда буд.

Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова инчунин таъкид карда буд, ки гузориши CNN бо истинод ба манбаи беномаш дар мавриди мушакҳои Русия, ки бояд дар қаламрави Сурия меафтиданд, дар Эрон суқут кардаанд, асос надорад.

Киштиҳои ҷангии нерӯи дарёии Русия 7 октябр аз минтақаи маълуми Баҳри Каспий самти макони будубоши ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар қаламрави Сурия оташ кушоданд.

Иншоотҳои асосие, ки мавриди ҳадафи мушакҳои нерӯи дарёии Русия қарор гирифтанд, корхонаҳои истеҳсоли муҳиммоти ҷангӣ ва маводи тарканда, марказҳои фармон, партовгоҳҳои лавозимоти ҷангӣ, аслиҳа ва маводи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ва ӯрдугоҳҳои омӯзишии гуруҳҳои террористӣ мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0