Президенти Белорус Александр Лукашенко. Акс аз бойгонӣ

Суҳбати телефонии Раҳмон ва Лукашенко: аз табрикот то изҳори боварӣ

10
(Таҷдидшуда 15:21 13.10.2015)
Раҳбарони Тоҷикистону Беларус дар ин суҳбати худ ҳамчунин доир ба роҳҳои татбиқи амалии нақшаю барномаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар ва атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ намудаанд.

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои беларусии худ — Александр  Лукашенко рӯзи 13 октябр суҳбати телефоние анҷом додааст, менависад, сомонаи президенти кишвар.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо Лукашенко ӯро бори дигар барои барандаи интихоботи президентии ахири Беларус эълон шуданаш табрик кардааст.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, аз нав интихоб шудани Лукашенко ба мақоми президентии Беларус нишонаи боварию эътимоди қавии мардуми ин кишвар ба сиёсати пешгирифтаи ӯ мебошад.

Раҳбарони Тоҷикистону Беларус дар ин суҳбати худ ҳамчунин доир ба роҳҳои татбиқи амалии нақшаю барномаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар ва атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ намудаанд. Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома ҳам Лукашенкоро табрик гуфта буд.

Александ Лукашенкои 61-сола барои бори панҷум раиси ҷумҳури Белорус интихоб шуд. Ӯ дар соли 1994 дар даври дуюми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баранда шуда ва дар соли 1996 аз тариқи ҳамапурсӣ муддати раёсати ҷумҳурии худро то соли 2001 тамдид карда буд.

Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Белорус  Александр Лукашенко, президенти феълии ин кишвар бо касби 83,49 дарсади овозҳо баранда шуд, иброз дошт намояндаи КМИ Лидия Ермошина. "Дар маҷмӯъ Александр Лукашенко 83,49%-и райъи интихобкунандагонро дар кишвар соҳиб шуд",- гуфт, намояндаи КМИ Лидия Ермошина

10
Барчаспҳо:
пирӯз, Александр Лукашенко, табрик, нома, Эмомалӣ Раҳмон, интихобот, Александр Лукашенко, Эмомалӣ Раҳмон, Беларус, Тоҷикистон