Киштиҳои наздисоҳилии флоти Баҳри сиёҳ дар бандари шаҳри Севастополя. Акс аз бойгонӣ

Дар Фаронса атласе нашр шуд, ки Қримро ҷузъи Русия нишон медиҳад

16
(Таҷдидшуда 17:50 13.10.2015)
Қрим баъд аз баргузории ҳамапурсӣ дар моҳи марти соли 2014, ки дар он бештаре аз сокинони он замони мухторияти украинӣ, ки қонунӣ будани табаддулоти моҳи феврал дар Украинаро напазируфтанду барои пайвастан ба Русия раъй доданд, дубора қаламрави Русия шуд.

Душанбе, 13 окт — Sputnik. Нашриёти маъруфи фаронсавии "Ларусс" атласи нави иҷтимоию иқтисодии ҷаҳонро барои соли 2016 чоп кардааст, ки дар он Қрим як бахши Русия нишон дода мешавад.

Акси ин атласи тозанашр зуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, бо вокуниши шадиди корбарон рӯбарӯ гардидааст.

Сафири Украина дар Фаронса дар навбати худ ин тағйиротро "ғофилгиркунандаи хеле нофорам" хонда, хостори ислоҳи он шудааст.

Дар шакли электронии атласи ин нашриёт Қрим мисли пешин бахши қаламрави Украина нишон дода мешавад.

Қрим баъд аз баргузории ҳамапурсӣ дар моҳи марти соли 2014, ки дар он бештаре аз сокинони он замони мухторияти украинӣ, ки қонунӣ будани табаддулоти моҳи феврал дар Украинаро напазируфтанду барои пайвастан ба Русия раъй доданд, дубора қаламрави Русия шуд.

Маскав зикр мекунад, ки баргузории ҳамапурсӣ дар Қрим ба муқаррароти қавонини байналмиллалӣ ва Ойинномаи СММ мутобиқ аст. Украина то ҳол Қримро қаламрави худ медонад ва иддаъо дорад, ки он ба сурати муваққат ғасб шудааст.

Моҳи феврали соли 1945 вилояти Қрим, ки он замон қаламрави Русия Шӯравӣ дониста мешуд, бо фармони раёсати Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайъати Украинаи Шӯравӣ гузаронида шуда буд.

"Ларусс" (Larousse) — нашриёти маъруфи фаронсавӣ мебошад, ки соли 1852 аз сӯи Пер Ларусс ва Огюстен Буай таъсис дода шудааст. Ин нашриёт бештар адабиётҳои марҷаию иттилоотӣ, аз қабилӣ атласу энсиклопедия ба табъ мерасонад. 

16
Барчаспҳо:
нашриёт, Фаронса, Русия, атлас, Қрим, Украиан, Фаронса, Қрим, Русия