Қароргоҳи ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ

Ба парвандаҳои аъзои ҲНИТ муҳри махфӣ зада шуд

29
(Таҷдидшуда 14:47 15.10.2015)
Додгоҳи олии кишвар 29-уми сентябр ҲНИТ-ро созмони террористӣ эълон намуд ва Вазорати корҳои дохилии кишвар ҳам баъд аз ин қарор гуфт, ҳар касе, ки бо хоҳиши худ саффи онро тарк мекунад, аз ҷавобгарӣ озод аст.

Душанбе, 15 окт — Sputnik. Ба парвандаи аъзои боздоштшудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон муҳри махфӣ зада шуд.

Ин ба он маъност, ки ироаи ҳар гуна маълумот дар бораи баррасии парвандаҳо на танҳо аз сӯи афроди мавриди бозпурсӣ қарор гирифта мумкин нест, балки муфаттишон ва вакилони дифоъ ҳам дигар ҳаққи расонаӣ кардани онро надоранд.

Қаблан расонаҳои хабарӣ аз муҳри махфӣ задан ба парвандаи вакили дифои аъзои боздоштшудаи ҲНИТ Бузургмеҳр Ёров ҳам, ки рӯзи 28 сентябр ба иттиҳоми қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо боздошт шуд, хабар дода буданд.

Ба назари ҳуқуқшиносони тоҷик, ба парвандаи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ба он хотир муҳри махфӣ зада шудааст, ки онҳо дар терроризм, ғасби ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва исёни мусаллаҳона абйдор мешаван.

Аммо мантиқи муҳри махфӣ задан ба парвандаи вакили дифои машҳури тоҷик Бузургмеҳр Ёров норавшан мебошад. Ҳуқушиносони тоҷик бар ин назаранд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тоҷик ё аз гуфтани иттиҳоми эълоншудаи дигар алайҳи Ёров худдорӣ мекунанд ё тасмим гирифта шудааст, ки баррасии парвандаи ӯ бидуни ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат бигирад. Зеро ба парвандаҳои марбут ба қаллобӣ ва сохтакорӣ набояд муҳри махфӣ зад.

Додситонии кулли Тоҷикистон 6 октябри соли равон аз боздошти 23 узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии кишвар (ҲНИТ) ва теъдоди муайяни аъзои дастаи муовини кушташудаи вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода хабар дода буд.

Тибқи ин изҳороти додситонӣ, алайҳи онҳо бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноии кишвар аз ҷумла моддаҳои 179-терроризм, 187 ташкили иттиҳоди ҷиноӣ (ташкилоти ҷиноӣ), 189-барангехтани кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, 306-бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, 307- даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон, 313 —исёни мусаллаҳона Кодекси ҷиноӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Дар пайи ҳаводиси хунини 4 сентябр ва амалиёти вижаи неруҳои қудратии Тоҷикистон алайҳи гуруҳи генерал Назарзода, ки мақомот ӯро ҳамдасти раҳбарияти ҲНИТ хонданд, Додситонии кул аз Додгоҳи олии кишвар хост, фаъолияти ҲНИТ-ро манъ намояд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам бо баррасии ин дархости додситонӣ рӯзи 29-уми сентябр ҲНИТ — ягона ҳизби динӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаро созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард. Вазорати корҳои дохилии кишвар ҳам баъд аз қабули ин қарор бо нашри як изҳорот гуфт, ҳар узви ҲНИТ бо хоҳиши худ саффи онро тарк кунад, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад шуд.

29
Барчаспҳо:
муҳри махфӣ, Додситонии кул, Додгоҳи олӣ, ҲНИТ, муҳри махфӣ заданд, ҲНИТ, Тоҷикистон