Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ

Назарбоеву Путин аз вазъи марзи Тоҷикистон нигаронанд

8
(Таҷдидшуда 08:54 16.10.2015)
Сарони давлатҳои Қазоқистон ва Федератсия Русия дар Остона эълон кардаанд, ки аз вазъи сарҳадоти Тоҷикистон, аз ҷумла марзи муштараки он бо Афғонистон дар ташвишанд.

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Президентҳои Қазоқистон ва Русия- Нурсултон Назарбоеву Владимир Путин баъди мулоқоташон дар Остона зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфтанд, ки дар бораи вазъи амниятии минтақа, чолишҳо дар Афғонистон ва таъсири он ба Туркманистону Тоҷикистон суҳбат доштанд.

"Дар бораи вазъи Афғонистон, Сурия ва Ироқ суҳбат кардем. Владимир Путин дар бораи авзоъ иттилоъ дода, ҷузъиёти бештарро шарҳ дод. Ҳодисаҳое, ки дар Сурия мегузаранд, таҳдидест ба кишварҳои мо, ба хусус ба минтақаи Осиёи Марказӣ. Мо дар бораи ҳаводисе, ки дар марз бо Туркманистон мегузарад, маълумот дорем, аз вазъи сарҳадоти Тоҷикистон нигаронем",- иброз доштааст Нурсултон Назарбоев.

Ба навиштаи хабаргузории TengriNews, президенти Қазоқистон эълон доштааст, ки бо идеяи "Ислом муқобили терроризм" ҳамҷоя шуда, алайҳи таҳдидҳо муборизаи дастаҷамъона хоҳем бурд.

Чанде қабл низ дар шаҳри Маскав дар нишасти раҳбарони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ гуфтанд, ки ҳудуди аз 2 ҳазор то 3 ҳазор ҷангандаҳои "Давлати исломӣ" дар Афғонистон ҳузур доранд, ки таҳдиди воқеӣ ба кишварҳои узви ин созмон мебошанд.

Зимнан, аввоили моҳи равон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмону Владимир Путин дар Сочӣ он нигаронӣ шуда буд, ки ҷангҷӯёни "Толибон" ба марзҳои Тоҷикистон наздик шуда, ҳудуди 60%-и марзи Афғонистон бо Тоҷикистон зери назорати ҷангҷӯёни Толибон мебошад. Қайд карда шуд, ки вазъи сарҳади Афғонистон бо Туркманистон низ нигаронкунанда буда, ҳарчи бештар вазъ шадидтар мешавад.  

8
Барчаспҳо:
нооромӣ дар Афғонистон, авзоъ дар марзи Тоҷикистон, нигаронии Путину Назарбоев, Давлати исломӣ, ДИ, президенти ФР, президенти ҶҚ, ИДМ, СПАД, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Нурсултон Назарбоев, Владимир Путин, Тоҷикистон, Туркманистон, Афғонистон, Қазоқистон, Остона