Мусоҳибаи Дмитрий Медведев бо шабакаҳои телевизионии Русия. Акс аз бойгонӣ

Дмитрий Медведев вориди Душанбе шуд

12
(Таҷдидшуда 09:20 30.10.2015)
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР) дар охири соли 1991 аз ҷумлаи кишварҳои собиқи ин иттиҳод ташкил шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 аъзои он мебошад.

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik.  Нахуствазири Федератсияи Русия Дмитрий Медведев  барои иштирок дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) вориди Душанбе шуд.

Тибқи иттилоъи расмӣ дар ин нишаст беш аз 30 масъалаи марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳои ин созмон баҳсу баррасӣ мешавад.

Интизор меравад,  раҳбарони ҳукуматҳои ИДМ дар нишасти Душанбе дар масоили тақвияти равобиту ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва гуманитарӣ табодули назар кунанд.

Зимнан, дар ҳамоиш нақшаи иҷрои марҳалаи сеюми стратегияи тавсеаи иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020 низ ба тасвиб мерасад.

Ҳамин тавр, дар нишасти навбатии сарони ҳукуматҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе, нахуствазирони кишварҳои Русия, Белорус, Молдова, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ширкат кунанд.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пас аз пошхӯрии  Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР) дар охири соли 1991 аз ҷумлаи кишварҳои собиқи ин иттиҳод ташкил шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 аъзои он мебошад.   

12
Барчаспҳо:
баррасии беш аз 30 масъала, ташрифи Медведев, ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, СССР, ИҶШС, ИДМ, Дмитрий Медведев, Душанбе, Тоҷикистон