Дмитрий Медведев. Аакс аз бойгонӣ

Медведев: ба ҳамсоягии дӯстонаи Русия ва Туркия рахна ворид шуд

18
(Таҷдидшуда 13:48 25.11.2015)
Сарвазири Русия дар шарҳи қазияи сарнагуни ҳавопаймои Су-24 тавассути неруҳои Туркия аз пайомади бади он ба равобити Маскаву Анқара ҳушдор дод.

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ин амалкарди Туркия, ки боиси сарнагун шудани ҳавопаймои Су-24-и Русия дар хоки Сурия шуд, ба ҳамсоягии чандинсолаи Анқараву Маскав рахна ворид кард. Бахусус, дар соҳаи иқтисоду башардӯстона, ки ҷуброни он осон нахоҳад буд, гуфт сарвазири Русия Дмитрий Медведев.

Рӯзи сешанбе ҳавопаймои низомии "Су-24"-и Русия дар Сурия сарнагун шуд.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ин ҳавопаймо тавассути зарбазани "F-16"-и марбут ба неруҳои турк дар қаламрави Сурия, дар 4 километрии марзи Туркия ба замин сарозер гардид. Ҷаноби Путин ин қазияро ҳамчун "задани ханҷар аз пушт" аз ҷониби шарикони террористҳо хонд.

© RUPTLY.
Путин назвал "ударом в спину" атаку ВВС Турции на российский самолет Су-24

18
Барчаспҳо:
башардӯстона, марз, низомӣ, ҳавопаймо, суқут, сарнагун, изҳорот, Владимир Путин, Дмитрий Медведев, Сурия, Анқара, Туркия, Маскав, Русия
Мавзуҳо:
Суқути Су-24-и Русия: сабаб ва пайомадҳои он (18)