Бинои Вазорати умури хориҷаи ҶТ. Акс аз бойгонӣ

Изҳороти ВКХ ҶТ дар бораи сарозер шудани Су-24-и Русия

28
(Таҷдидшуда 10:01 27.11.2015)
Ҷониби Тоҷикистон ҳодисаи сарозер шудани ҳавопаймоии ҷангии СУ-24-и Русия дар марзи Сурия ва Туркияро бо андӯҳ қабул кардааст.

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот гуфтааст, ки ҳодисаи сарозер шудани ҳавопаймоии ҷангии СУ-24-и Русия дар марзи Сурия ва Туркияро бо андӯҳ қабул кардааст.

"Ҷониби Тоҷикистон ҳодисаи ногувори марбут ба сарозер кардани ҳавопаймои ҳарбии Русияро дар санаи 24-уми ноябри соли 2015, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ иштирок мекард, бо андӯҳ қабул намуда, ба хешовандону наздикони хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда изҳори тасаллият менамояд",- омадааст дар баёнияи ВКХ ҶТ.

Ҳамзамон, дар номаи расмии вазорат қайд шудааст, ки Тоҷикистон бо назардошти шароити муосир мавҷудияти ҳамраъйӣ, ваҳдат ва дастгирии мутақобиларо дар мубориза бо терроризм дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷавоби маҷмӯъӣ ба душмани муштараки мо-терроризми ҷаҳониро муҳим арзёбӣ мекунад.

"Дар ин росто, маъракаи зидитеррористии гузаронидаи Русия ҷойгоҳи муҳимро касб мекунад",- меафзояд манбаъ.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз амалиётҳои Русия дар хоки Сурия мегӯяд, ки Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ ба амалиётҳо муштараки ҷомеаи байналмилалӣ алайҳи терроризм изҳори умед карда, ба холисона арзёбӣ гардидани ҳодисаи сарозер шудани ҳавопаймои Федератсияи Русия бовар дорад.

Ҳавопаймпои ҷангии Су-24-и Русия рӯзи 24-уми ноябр аз ҷониби неруҳои ҳавоии Туркия дар марзи ин кишвар бо Сурия сарнагун карда шуд. Туркҳо ҳавопаймои русиро ба убур кардани ҳарими ҳавоии Туркия муттаҳам мекунанд, аммо Русия мегӯяд, ки ҳавопаймо дар хоки Сурия сарозер шудааст.

Зимнан, 25-уми ноябр Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки Тоҷикистон низ узви он мебошад, ҳодисаи суқути ҳавопайморо маҳкум кард.   

28
Барчаспҳо:
нигаронии Душанбе, изҳороти ВКХ Тоҷикистон, суқути Су-24 дар Сурия, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ВКХ ҶТ, Анқара, Туркия, Димишқ, Сурия, Русия, Маскав, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Суқути Су-24-и Русия: сабаб ва пайомадҳои он (18)