шаҳри Анқара

ИМА иқрор кард, ки нафти ДИИШ аз марзи Туркия мегузарад

11
Ӯ тақаллубӣ будани тасвирҳои моҳвораии Русияро, ки дар онҳо корвони мошинҳои ҳомили нафт дида мешаванд, баҳс накардааст.

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Департаменти давлатии ИМА иқрор кард, ки нафти таҳти идораи ДИИШ аз марзи Туркия убур мекунад.

"Тақсимоти нафти ДИИШ тавассути марзи Сурияву Туркия ҷой дорад. Аз ин рӯ, мо аз Туркия хоҳиш дорем, марзи худро бибандад", — гуфтааст намояндаи расмии Департаменти давлатии ИМА Марк Тонер.

Ӯ тақаллубӣ будани тасвирҳои моҳвораии Русияро, ки дар онҳо корвони мошинҳои ҳомили нафт дида мешаванд, баҳс накардааст.

Қаблан муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов зимни як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки харидори аслии нафти дӯздии ДИИШ Туркия мебошад.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳам гуфта буд, ки Кремл дар мавриди он ки ҳавопаймои низомии Су-24-и он ба хотири ҳимоят аз интиқоли нафт тавассути ҷангиёни ДИИШ ба Туркия сарнагун карда шудааст, тамоми далелҳоро дорад.

"Мо тамоми далелҳо дар мавриди он ки ҳавопаймои Су-24 ба хотири таъмини амнияти роҳҳои интиқоли нафт ба Туркия сарнагун карда шудааст. Ба хусус, ин ҳодиса дар наздикии бандаргоҳе рух додааст, ки аз он ҷо бояд нафтҳо ба танкерҳои ҳамл шаванд",- изҳор доштааст ӯ.

11
Барчаспҳо:
нафт, Су-24, дӯздӣ, қочоқ, ҷангиён, марз, интиқол, иқрор, Вазорати дифои Русия, ДИИШ, департаменти давлатии ИМА, Марк Тонер, Анатолий Антонов, Владимир Путин, Туркия, Сурия, ИМА, Русия
премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов

Санаи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълум шуд

305
(Таҷдидшуда 21:34 19.09.2020)
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, сафари Абдулло Арипов, сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе ба рӯзҳои 28-30 сентябр рост меояд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik.  Омодагӣ ба сафари Абдулло Арипов дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар доираи ин сафар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзҳои 28-30 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин зимни ин сафар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад

Дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло омодагиҳо ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон давом доранд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин нукта зимни вохӯрии  Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов, муовини Вазири иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ӯзбекистон Акмалхон Ортиқов, ки 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла зиёд намудани нишондиҳандаҳои ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

305
Барчаспҳо:
ҷаласа, ҳамкорӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Здание парламента Республики Таджикистан

Санаи сафари Иноятов дар садри вакилони Ӯзбекистон ба Душанбе маълум шуд

214
(Таҷдидшуда 17:09 19.09.2020)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон санаи сафари ҳайати вакилони Ӯзбекистонро таҳти роҳбарии Улуғбек Иноятов ба Душанбе эълон кард

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ҳадафи сафар иштирок дар нахустин ҷаласаи муштараки гурӯҳҳои парлумонии дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад. Ҳайати намояндагони парлумони Ӯзбекистон 20 сентябр ба Душанбе меояд.

Дар Душанбе мулоқотҳои ҳайати парлумонии Ӯзбакистон ва Тоҷикистон 21 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Муҳаммадатов Султонов, котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба “Ховар” иттилоъ додааст, ки ҳайати Ӯзбекистонро, ки ба ҳайати он намояндагони ҳарду палатаи парлумони ин кишвар шомиланд, муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов сарварӣ мекунад.

“Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ӯзбекистонро муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ сарварӣ мекунад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ илова намуд, ки щайати Ӯзбекистон дар доираи ин сафар ҳамчунин бо раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот намуда, аз шаҳри Турсунзода дидан менамояд.

214
Барчаспҳо:
парлумон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Муроҷиати видеоии Путин ба Маҷмаи умумии Созмони милал

0
(Таҷдидшуда 21:23 20.09.2020)
Ин муроҷиати видеоии Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро тамоми ҷаҳон дар рӯзи ифтитоҳи нишасти ҳафтоду панҷумини Маҷмаи умумии СММ тамошо хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти 75-умини Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид иштирок мекунад.

Тавре телевизиони "Россия 1" гузориш медиҳад, президент аллакай махсус барои Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид муроҷиати видеоӣ сабт кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки Путин дар назди овезае, ки дар он "Ояндаи ҳама бо қувваи ҳама" навишта шудааст, суханронӣ мекунад.

Афзун бар ин дар навор, бастаи ғафсеи коғазҳоро метавон дид, ки бо он сарвари кишвар навор сабт кардааст.

Ҳафтаи дараҷаи олии нишасти 75-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк аз 22 то 29 сентябр баргузор мешавад.

Бо далели пандемия, чорабинӣ дар "формати виртуалӣ" баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар толор аз ҳар як кишвар як намоянда иштирок хоҳад кард.

СММ: муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо ҳавзаҳои террористӣ ташкил доранд

Маҷмаи умумӣ ба роҳбарони кишвар ва вазирон пешниҳод кардааст, ки баромадҳояшонро сабт кунанд ва онро дар толор намоиш хоҳанд дод. Давомнокии видео на бояд бештар аз 15 дақиқа бошад.

Навори муроҷиати Путинро дар рӯзи ифтитоҳи нишаст - 22 сентябр намоиш медиҳанд.

Бино бар иттилои котиботи СММ, созмон аз роҳбарони 26 кишвар чунин навор дарёфт кардааст.

0