Парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Лоиҳаи қонун дар бораи Пешвои миллат хондани Раҳмон ба парлумон рафт

39
Ин лоиҳаи қонун аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, дар он мафҳуми асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, салоҳиятҳо, орден, ҷоизаи давлатӣ, дахлнопазирӣ ва кафолатҳои амнияту таъминоти иҷтимоии Пешвои миллат ба танзим дароварда шудааст.

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Шӯрои Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон таҳти раҳбарии раиси ин маҷлис Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат"-ро баррасӣ кардааст, дар ин бора аз парлумони кишвар дар суҳбат бо Sputnik хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи қонуни мазкурро ба аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон раиси Кумитаи ин маҷлис дар умури сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода муаррифӣ кардааст.

"Лоиҳаи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дархосту пешниҳоди мардуми кишвар барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ, муттаҳидии халқ дар атрофи ғояҳои созандаю бунёдкорона, таҳкими сохтори конститутсионӣ ва қадршиносии хизматҳои фарзанди содиқу вафодори халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳомии роҳи таърихии рушди мамлакат ба сўи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд таҳия у пешниҳод гардидааст", — иқтибос меорад манбаъ аз суханронии Холиқзода дар ҷаласаи шӯро.

Ин лоиҳаи қонун аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, дар он мафҳуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, салоҳиятҳо, орден, ҷоизаи давлатӣ, дахлнопазирӣ ва кафолатҳои амнияту таъминоти иҷтимоии Пешвои миллат ба танзим дароварда шудааст.

Лоиҳаи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат" ҳоло баъд аз баррасӣ ба иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони кишвар даъвати панҷум, ки қарор аст, рӯзи чоршанбе (9 декабр) баргузор шавад, пешниҳод гардидааст.

Таҳия ва баррасии чунин як қонуне дар ҳолест, ки ки қаблан пешниҳоди расман пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби як гуруҳ олимон баҳсҳои ҷонибдорону мухолифон ба бор оварда буд.

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон бо нашри як матлаб бо номи "Дурнамои идеяи "пешвои миллат" дар Тоҷикистон" ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон мухолифат кардааст.

Ин идеяи расман ба Эмомалӣ Раҳмон додани унвони Пешвои миллат аз ҷониби академик, Носир Салимӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи муносибатҳои байналхалқии ДМТ дар ҳафтаномаи "Тоҷикистон" (2.04.2015) ва баъдан дар сомонаи расмии Ҳизби ҳокими халқи демократии кишвар, ки раҳбарии онро раисҷумҳури Тоҷикистон бар уҳда дорад нашр шуда буд.

39
Барчаспҳо:
салоҳият, давлатдорӣ, Истиқлол, рушд, орден, таҳия, баррасӣ, баррасии лоиҳаи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат", Шӯрои маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, парлумон, Маҷлиси намояндагон, Абдурраҳим Холиқзода, Шукурҷон Зуҳуров, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон