Инаугуратсияи Эмомалӣ Раҳмон. Соли 2013

Бо амри дил: Эмомалӣ Раҳмон “Пешвои миллат” эълон шуд

55
(Таҷдидшуда 14:04 09.12.2015)
Пешнависи қонун масъулияти Пешвои миллатро муайян карда, дахлнопазирии ӯро пас аз рафтан аз мансаби президентӣ нигоҳ медорад, инчунин таъмини вай бо нақлиёт, манзили зист ва имтиёзҳои иҷтимоӣ шарҳ медиҳад.

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тарҳи ниҳоии қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат"-ро, ки аз сӯи бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда буд, қабул кард.

Қабл аз овоздиҳӣ дар парлумон, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ӯ "бо амри дил" ба ҷонибдорӣ аз қабул шудани қонуни мазкур раъй медиҳад.

"Эътирофи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешвои миллат ба маънои аз демократия сарфи назар кардани Тоҷикистон нест. Таҷрибаи эътирофи раҳбарон ва пешвоҳои миллат, аз Амрико сар карда, то Ҳиндустону Покистон ва Қазоқистон низ буда, "аз шинохт ва эътирофи онҳо демократия ва озодиҳо дар кишварашон ҳеч осеб надидааст",- иброз дошт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Зуҳуров афзуд, бовар кунед, мо давлати худро дӯст медорем, демократия ва ҳуқуқҳоро эҳтиром мекунем​, вале мехоҳем сифатҳои баланди фарзандони миллатро қадр намоем.

Вакили парлумон ва раҳбари пешини Кумитаи дин Абдураҳмон Холиқзода, ки яке аз муаллифон ва пешниҳодкунандагони тарҳи қонуни мазкур аст, мегӯяд, тарҳи ин қонун аз сӯи як гурӯҳ аз намояндагони халқ омода шуда, аз 16 модда иборат буда, тартиби арҷгузорӣ ба шахси "Пешвои миллат", инчунин, ҳуқуқу салоҳиятҳо ва имтиёзҳояшро мушаххас кардааст.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 63 сол дошта, тайи 23 соли ахир зимоми қудратро дар Тоҷикистон дар даст дорад. Ӯ 19 ноябри соли 1992 дар синни 40-солагӣ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ — парлумони вақти Тоҷикистон раиси Шӯрои Олӣ ва дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 1994 президенти Тоҷикистон интихоб шуд.

Оқои Раҳмон дар интихоботи президентии соли 1999 бо баргузории райъпурсӣ замони раёсати худро барои 7 соли дигар тамдид кард. Зимнан, дар солҳои 2006 ва 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо аксарияти орои мардум президенти кишвар интихоб шуд.   

55
Барчаспҳо:
ҷонибдорӣ аз пешнависи қонун, тарҳи қонуни "Пешви миллат", Раҳмон "Пешвои миллат" эълом шуд, раисҷумҳури Тоҷикистон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон, Абдураҳим Холиқзода, Шукурҷон Зуҳуров, Эмомалӣ Раҳмон, Ҳиндустон, Данғара, Қазоқистон, Душанбе, Тоҷикистон
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров дар бораи танишҳо дар марзи Тоҷикистону Қиғизистон: Русия омодаи кӯмак аст

436
(Таҷдидшуда 19:58 26.05.2020)
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кардааст, ки дар марз аз истифодаи нерӯ худдорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Ҷониби Русия аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват меорад, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва омода аст, ки ҳамчун миёнрав хизмат кунад. Дар ин боравазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров баъди нишасти вазирони умумири хориҷа дар ҷаласаи СПАД гуфтааст.

 "Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ёдрас мешавем, 24 май бар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад. Марбонони ҳарду кишвар тир кушоданд.

Марзбонии ду давлат ҳодисаро гуногун тавзеҳ доданд.

Фаврӣ: тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи ид

Қирғизистон сокинони Ворухро дар гузаштан ба минтақаи қирғизҳо барои чарронидани чорво муттаҳам кард, аммо ба иттилои КДАМ Тоҷикистон баръакс, чӯпонҳои қирғиз дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо деҳаи қирғизнишини Мойнок ҳамсарҳад мебошад, вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ҶТ даст заданд.

436
Члены движения Талибан, архивное фото

Ғанӣ амр дод, ки то 2 ҳазор маҳбуси Толибонро раҳо шаванд

157
(Таҷдидшуда 11:12 25.05.2020)
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ тасмим гирифт, ки тақрибан ду ҳазор маҳбусони толибонро дар посух ба оташбас ба иди Фитр озод кунад

ДУШАНБЕ, 25  май — Sputnik. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ амр дод, ки то 2000 нафар аъзои ҷунбиши радикалии Толибон раҳо карда шаванд, гуфт сухангӯи ӯ Седик Седикки.

Қаблан Толибон дар Афғонистон аз қатъи тирпаррониҳо давоми се рӯз ба ифтихори Иди Фитр хабар доданд. Президенти Афғонистон инро истиқбол кард ва изҳор дошт, ки раванди озодшавӣ аз маҳбасҳо ҷонибдорони ҷунбиши радикалии Толибон суръат хоҳад ёфт ва аз Толибон даъват карда шуд, ки раҳоии маҳбусонро низ суръат бахшанд.

"Президент Ғанӣ имрӯз (якшанбе) Ҷараёни раҳо кардани 2000 нафар маҳбусони толибонро ҳамчун иқдоми хайрхоҳона дар посух ба эълони оташбаси онҳо дар замони Иди Фитр оғоз кард. Ҳукумати федералии Афғонистон пешниҳоди сулҳро тавсеа медиҳад ва барои таъмини муваффақияти раванди сулҳ қадамҳои минбаъда меандешад "гуфт Сиддиқӣ дар Твиттер.

Ёдовар мешавем охири моҳи феврал, дар як маросим дар Қатар, ИМА ва гурӯҳи радикалии Толибон аввалин созишномаи сулҳро зарфи беш аз 18 соли ҷанг имзо карданд, ки хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар тӯли 14 ва гуфтугӯи сулҳро пешбинӣ мекунад.

Муколама миёни ҳукумати Ғанӣ ва Толибон моҳи март пас аз раҳоии маҳбусон аз ҳарду ҷониб оғоз шуд.

157
Барчаспҳо:
оташбас, раҳоӣ, маҳбусон, Толибон, Ашрафғанӣ Аҳмадзай, Афғонистон
День 28 мая

Ҷашнҳои рӯзи 28 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 03:53 28.05.2020)
Рӯзи бисту ҳаштуми май дар Тоҷикистн аз Рӯзи сарҳадчиён ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Эфиопия Рӯзи суқути низомӣ қайд карда мешавад

Рӯзи 28 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1993 Монако узви 182-юми СММ шуд.

Соли 2009 Президенти вақти Туркия Абдулло Гул бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

Соли 1863  дар Бостон аввалин маротиба дар Америка полк ташкил карда шуд, ки он танҳо аз сарбозони сиёҳпӯст иборат буд.

Рӯзи 28 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро қабул кард.

Соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоидаҳои ташкил ва низоми нигаҳдории ҳудудҳои таърихию фарҳангии махсус ҳифзшаванда»  тасдиқ гардид.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Тоҷикистону Туркия 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

День 27 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» қабул гардид.

Соли 2013 дар шаҳри Бишкек миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин доир ба роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, илму техника, маориф, фарҳанг ва густариши робитаҳо миёни минтақаҳои ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Соли 2014 пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа  7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2012 дар Минск ҷаласаи шӯрои роҳбарони Агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  баргузор гардид.

Соли 2014 дар Баҳрайн Форуми истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Тоҷикистону Баҳрайн баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 28май


 

  • Дар Тоҷикистон — Рӯзи сарҳадчиён.
  • Дар Эфиопия — Рӯзи суқути низоми ҳарбӣ.
  • Дар Озарбойҷон- Рӯзи ҷумҳурӣ.
0