Бинои ВКХ-и ҶТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Душанбею Тошканд машваратҳои сиёсии худро ба таъхир андохтанд

10
(Таҷдидшуда 13:46 18.12.2015)
Равобити ҳар ду кишвари ҳамсоя баъд аз пошхурии Иттиҳоди шӯравӣ чандон хуб ба назар наменамояд.

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Вазоратхонаҳои умури хориҷии Тоҷикистону Узбакистон машваратҳои сиёсии худро, ки қарор буд, рӯзҳои 17-18 декабри соли равон баргузор шавад, ба таъхир гузоштаан, дар ин бора иттилоъ додааст Хадамоти матбуотии ВКХ-и кишвари ҳамсоя.

Қаблан намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Узбакистон гуфта буд, ки то ҳол миёни вазоратхонаҳои умури хориҷии ду кишвар боре машварати сиёсӣ баргузор нашудааст.

Интизор мерафт, дар ин машварати сиёсӣ тавсеаи равобити иқтисодию тиҷорӣ, нақлиёт баррасӣ шуда, инчунин дар мавриди масоили минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон табодули афкор сурат бигирад.

"Машваратҳои сиёсии намояндагони вазоратхонаҳои умури хориҷии Тоҷикистону Узбакистон, ки қарор буд, 17 ва 18 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, бо мувофиқаи ҳар дуҷониб ба вақти номаълум гузошта шуд", — навиштааст манбаъ.

Аммо дар мавриди санаи нави баргузории ин машварат чизе нагуфтааст.

Равобити ҳар ду кишвари ҳамсоя баъд аз пошхурии Иттиҳоди шӯравӣ чандон хуб ба назар наменамояд. Роҳи ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон ҳам аз соли 1992, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандии кишвар ба ин ҷониб маҳдуд аст.

Соли 2001 аввал мақомоти Узбакистон ва баъд Тоҷикистон низоми раводидро миёни ҳам ҷорӣ карданд.

10
Барчаспҳо:
машварат, Шӯравӣ, сиёсӣ, раводид, иттиҳод, равобит, ВКХ Узбакистон, ВКХ Тоҷикистон, Узбакистон, Тоҷикистон