ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Тақдири ояндаи ҳукумати Сурия ва раҳбарони вақти Димишқ танҳо дар дасти мардуми ин кишвар аст, иброз дошт вазири умури хориҷаи Чин Ван и аснои мулоқот бо ҳамтои суриягиаш Валид Муаллим.
"Мавқеъи мо дар ин масъала мушаххасу рӯшан аст. Мо бар ин назарем, ки тақдири ояндаи Сурия ва раҳбарияти кишварро танҳо мардуми ин сарзамин метавонанд ҳал намоянд",- қайд кард вазири ҶМЧ пас аз анҷоми суҳбатош бо оқои Абдулло.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар Сурия аз моҳи марти соли 2011 то имрӯз муноқишаи низомӣ идома дошта, тибқи иттилоъи СММ дар пайи ин даргириҳо 220 ҳазор нафар ҳалок шудааст.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия зимни нишасти матбуотӣ аз чигуна сурат гирифтани муносибатҳои минбаъдаи Русия ва Амрико гуфт.
"Ба ҳама мерасад": Амрико дар изҳороти "агрессияи Русия" чиро пинҳон мекунад
Ба боварии Лавров моҳияти сиёсати Амрико нисбати Русия дар замони президенти тозаинтихоб Ҷо Байден низ бетағйир мемонад.
Ҳамзамон, вазири рус изҳори умедворӣ кард, ки рафтори он кишвар дар қиболи Русия боодобтар мешавад.
"Маълум аст, ки пешдастии давлати амрикоӣ шеваи зиндагии амрикоӣ идома хоҳад ёфт. Боздории Русия ва Чин бидуни шак ҷузъи таркибии сиёсати хориҷии ИМА хоҳад буд. Онҳо бар инанд, ки блояд коре кунанд то Русия ва Чин ба ҳадде муттаҳид нашаванд, ки худро тавонотар аз худи Амрико эҳсос кунанд", - тавзеҳ дод роҳбари ВУХ Русия.
Ҳамзамон, Лавров таъкид кард, ки Русия мунтазири пешниҳодҳои мушаххаси маъмурияти нави ИМА оид ба тамдиди Шартнома дар бораи чораҳои минбаъдаи коҳиш ва маҳдуд кардани яроқи стратегии ҳуҷум ва муколама оид ба суботи стратегӣ мебошад.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Лағви манъи вуруд аз бархе кишварҳои мусалмонӣ аз нахустин қадамҳои Ҷо Байден дар мақоми раисиҷумҳури ИМА хоҳад буд, хабар додааст CNN.
Манбаъ афзуд, Байден дар рӯзи нахустини корияш инчунин бархе тағйироти ҷиддии дигарро анҷом доданист. Аз ҷумла зикр шудааст, ки ИМА ба созишномаи Париж дар бораи тағйирёбии иқлим бармегардад. Ин созишнома коҳиши партовҳо ба ҳаворо дар назар дорад.
Байден инчунин ният дорад, ба Конгресс тарҳи бузурги умури муҳоҷиратро пешниҳод кард, ки бар асоси он миллионҳо муҳоҷири беҳуҷҷат дар қаламрави ИМА метавонанд шаҳрвандии ин кишварро ба даст оранд.
Инчунин маълум шуд, ки Байден бархе дастуроти раисиҷумҳурии феълии ИМА-ро бекор карданист. Аз ҷумла баромадани ИМА аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ғайраро.
Маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нави ИМА 20 январ дар назар аст. Ба далели пандемия ин маросим бо бархе тағйирот сурат хоҳад гирифт.
ДУШАНБЕ, 19 январ - Sputnik. Донишгоҳи президентӣ дар Тошканд барои таҳсили 8000 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми мулоқот бо намояндагони минтақаи Юнусободи пойтахт изҳор доштааст, хабар медиҳад, телевизиони "Узбекистон-24".
“Мо як донишгоҳи президентӣ месозем. Мехоҳем бори аввал дар Ӯзбекистон таҳсилоти Оксфордро ҷорӣ кунем. Бахши маорифи Бритониё дар ҷаҳон дар ҷои аввал аст. Мо мактабҳои нави президентӣ кушодем, акнун барои 8000 донишҷӯ донишгоҳи нави президентӣ мекушоем. Ҳама муаллимон аз хориҷ хоҳанд буд », - гуфтааст, президент.
Шавкат Мирзиёев бо таассуф қайд кард, ки нисфи ҷавонон пас аз таҳсил дар хориҷа ба ватан барнамегарданд.
“Фарзандони мо ба хориҷа мераванд - 50%-и онҳо барнамегарданд. "Фирори мағзҳо" вуҷуд дорад. Шароити онҷо ба онҳо писанд аст, маош баланд аст. Аммо ҳоло мо мехоҳем ин шароитро дар ин ҷо фароҳам орем ва онҳоро омӯзонем. Бигзор фарзандони мо нараванд”,- гуфт ӯ.
Мақомоти ин кишвар ҳоло дар бораи санаи ифтитоҳи донишгоҳ гузориш надодаанд.
Шавкат Мирзиёев ҳанӯз 1 марти соли 2019 дар як мулоқот дар шаҳри Намангон ифтитоҳи донишгоҳи президентӣ дар Тошкандро эълон кард.
Ёдовар мешавем, дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ соли 2018 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” ифтитоҳ шуд.
Раҳмон дар Академияи Кембриҷ: ҷавононамонро барои донишгоҳҳои Кембриҷу Оксфорд омода созем
Мактаб барои 500 нафар пешбинӣ шуда, таълим дар он тибқи барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти Британияи Кабир ва мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, забони таълим забони англисӣ мебошад.