Рустами Эмомалӣ

Барканории 3 масъул дар ниҳоди тобеъи Рустами Эмомалӣ

21
(Таҷдидшуда 14:34 25.12.2015)
Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон фармони барканории се мансабдори ниҳоди тобеяшро имзо кардааст.

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Се корманди масъули Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз вазифа сабукдӯш шуданд, хабар медиҳанд расонаҳои дохилӣ.

Тибқи иттилоъ, Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии мазкур фармони барканории се мансабдори ниҳоди тобеяшро имзо кардааст.

Нафарони барканоршуда сардори раёсати бехатарӣ Самандар Мирзоев, сардори раёсати кадрҳо, Миралӣ Расулов ва корманди бахши фаврии Оҷонсии назорати давлатии молияӣ Аъзам Шафоатов буданд.

Гуфта мешавад, барканории се корманди масъули Оҷонсӣ дар пайи як тағйироти кадрӣ дар ин ниҳод сурат гирифтааст.

Масъулони дафтари матбуоти Оҷонсӣ дар сӯҳбат бо расонаҳо ин иттилоъро тасдиқ ё рад накарданд.

Ин тағйирот дар пайи овозаҳо оиди ифшои фасодкорӣ миёни мансабдорони Оҷонсии зидди фасод сурат гирифтааст.

21
Барчаспҳо:
фасодкорӣ, барканорӣ, тағйирот, Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Аъзам Шафоатов, Миралӣ Расулов, Самандар Мирзоев, Рустами Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон