Ҷаласаи ҳукумат: аз бунёди шаҳрак то тағйирот дар Кодеси ҷиноӣ

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеъи Ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе. 21 январи соли 2016
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеъи Ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе. 21 январи соли 2016 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласаи ҳукумат Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи генералии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ карда шуд.

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Қасри миллат маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии президент.

Ҷаласа дар Душанбе ғайриоддӣ шурӯъ шуд

Дар ҷаласа лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз қабили тарҳи қонунҳо "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол гардид.

Ҳамзамон, ду хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  яке ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва дуюмӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" низ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Ба қавли манбаъ, дар идома Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи генералии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ карда шуд.

Қайд гардид, ки айни ҳол масоҳати умумии маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 739,6 гектар, шумораи аҳолӣ 12 ҳазор нафар ва роҳҳои мошингард 30 километрро ташкил медиҳад ва бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ зарурати бунёди шаҳраки муосир пеш омадааст.

 
Лентаи хабарҳо
0